ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ. ЗАН ВА ҶОМЕА

ИСТИҚЛОЛ. ЗАН ВА ҶОМЕА

10 сентябр 2024, Сешанбе
14
0
Ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибихтиёрӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти таҳкими нақши занону духтарон дар иқтисоди миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонд.
Дар шароити барои ҷумҳурӣ бағоят печидаву вазнин, ки он ба давраи оғози барқароркунии иқтисодиёти мамлакат рост омад, ҳанӯз соли 1998 ба муқобили ақидаҳои ифротиёне, ки мехостанд занонро аз одитарин ҳуқуқҳояшон маҳрум созанд, дар вохӯрӣ бо фаъолзанони кишвар Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки Тоҷикистон 27-уми декабри соли 1993 миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро имзо намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон муроҷиат намуда, иброз доштанд: “Метавонед боварии комил дошта бошед, ки Ҳукумати мамлакат, бо назардошти афзалияти қонун ва эътирофи арзишҳои умумибашарӣ, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад”.
Дар идомаи ин иқдом, аз ҷониби Президенти кишвар бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардондани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат фармон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” аз 3-юми декабри соли 1999 ба имзо расид. Инчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ супориш дода шуд, ки бо дарназардошти салоҳиятнокиву сифатҳои касбию кордонӣ то 1-уми марти соли 2000-ум ба вазифаи яке аз муовинони роҳбари вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва саридораю агентиҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо, таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурустӣ занони фаъол таъин карда шаванд. Ҳамин буд, ки  имрӯзҳо занон ба ҳайси муовини Сарвазири мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода, роҳбарони аввали мақомоти марказӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва муовинони роҳбарони аввали мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд.  Дар баробари ин, 48 нафар зан ба ҳайси раиси ҷамоат ва 99 нафар зан ба сифати муовини раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сарбаландона адои вазифа доранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳиссаи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 19,2 ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 25,1 фоизро ташкил медиҳад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июли соли 2006 аввалин маротиба грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои солҳои 2006-2010 таъсис дода шуда, теъдоди грантҳо аз 20 ба 40 ва аз 40 ба 80-то (ба андозаи ҳар яке аз 20 то 40 ҳазор сомонӣ) расида, то соли 2023 маблағи умумӣ 29 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар панҷ соли охир, яъне аз соли 2019 то соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ба 400 нафар занону духтарони кишвар маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 11 миллион сомонӣ ҷиҳати таъмин намудани 1 ҳазору 761 нафар бону бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардид.  Илова бар ин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 номгӯи 160 намуди фаъолияти хонагӣ аз андоз комилан озод гардид, ки барои ба таври васеъ ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат менамояд. Таҳлили фаъолияти соҳибкории занон нишон дод, ки занону бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ дар ташкили ҷойҳои нави кор ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб мегузоранд.
Дар пайравӣ ба ташаббуси Президенти кишвар аз ҷониби раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ барои дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ва оғози фаъолияти соҳибкории занон грантҳо ҷудо карда мешаванд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун сиёсатмадор, вакил, олим, омӯзгору табиб, муҳандису бинокор ва шоиру нависанда шинохта шуда, дар ҷомеа мавқеи фаъол дорад.
Зиёд гаштани сафи бонувони олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор, табибу омӯзгор самараву шаҳодати интихоби дуруст, натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
 
Бунафша ФАЙЗИДДИНЗОДА, 
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив