ТАБРИКОТИ
роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба муносибати Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму:
"Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндустон ва аз номи худам, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти гарму таманниёти неки инҷонибро ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иброз менамоям.
Ҳиндустон ва Тоҷикистон равобити амиқи фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунӣ доранд. Риштаҳои зичи дӯстӣ ва боварии байни халқҳоямон асоси қавии ҳамкории байни давлатҳои моро ташкил медиҳанд.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, беҳтарин таманниёти некуаҳволӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ ва сулҳу субот таманно дорам".
Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо:
“Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати фарорасии 33-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Индонезия табрикоти самимӣ расонам.
Ин фурсат ба ман имкон медиҳад, ки рост омадани соли равонро ба 30-юмин солгарди барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Индонезия ва Тоҷикистон таъкид намоям. Дар робита ба ин, изҳори итминон менамоям, ки дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи мо минбаъд низ ба нафъи манфиатҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар гардида, идома дода хоҳанд шуд.
Худованди мутаол ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон саломатӣ, баракати фаровон ва шукуфоии бардавом ато намояд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.
Санаи нашр: 11.09.2024 №: 174-175
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10 сентябр 2024, Сешанбе
ТАБРИКОТИ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)