ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. БА БУНЁДИ БИНОҲОИ МАЪМУРӢ САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

СУҒД. БА БУНЁДИ БИНОҲОИ МАЪМУРӢ САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

16 сентябр 2024, Душанбе
8
0
 
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба бунёди бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.
 
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири мамлакат ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, дар вилоят 12000 иншооти гуногун ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад. Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои конфронсу намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир мегарданд.  
 
Мавриди зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати вилоят дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ нақши муҳим дорад. 
Зимни суханронӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонии бинои суди вилояти Суғд аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳамсозӣ шароити арзанда барои кормандони мақомоти судии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ шуда, бунёди бино туҳфаи арзанда ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.
Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. 
Кормандони мақомоти судӣ барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят маълумот дод.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.09.2024 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив