ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҚУҚ. АГАР ИНСОН ОГОҲ БОШАД...

ҲУҚУҚ. АГАР ИНСОН ОГОҲ БОШАД...

20 сентябр 2024, Ҷумъа
1
0


Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардидааст, иқдоми навбатии инсондӯстона ба ҳисоб меравад, зеро дар замони бо суръати баланд пеш рафтани илму техника ва фанновариҳо ҳаёт талаботи нав ба нави худро пеш мегузорад. Ҷои баҳс нест, ки бе доштани донишу маърифат, бахусус надонистани санаду қонунҳои ҷорӣ ва ҳуқуқҳои худ, дар ҳаёти рӯзмарра барои ҳар шахс мушкилиҳои зиёдеро ба бор меорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар марҳалаи тағйири сохти давлатдорӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави истеҳсолӣ, таҳаввулоти зиёд дар ҷаҳони муосир, вобаста ба ин зуҳур намудани омилҳои дигари таъсиррасон боиси он гардиданд, ки мардум то андозае банди ташвишҳои пешомада, аз омӯзишу дастрасӣ ба қонунҳо дур монданд. Ҳоло бошад, фурсати он расидааст, ки рӯ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ биорем, зеро бидуни он беҳбудию пешравиеро умед кардан нашояд. Иқдоми навбатии Сарвари давлат ҳам дар ин маврид хеле муҳим мебошад. Дар сурати ҳамаҷониба дастгирӣ намудан аз ин иқдоми шоиста, татбиқи муваффақонаи он дар кишвар бисёр ташвишҳо ва нофаҳмию қонунвайронкуниҳо ҳалли худро меёбанд. Яъне, ҳар шаҳрванд метавонад озодона ва бо такя ба қонун ҳуқуқу манфиатҳои худро ҳимоя карда, нагузорад, ки касе онҳоро поймол ва бар суди худ суистифода намояд. Бинобар ин, ҷиддӣ гирифтани масъалаи мазкур, ки аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад, дар пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Ҳамчун масъули идораи нотариалӣ ҳамарӯза бо корафтодаҳо рӯ ба рӯ меоям. Мушоҳида мешавад, ки дар мафкураи мардум фаҳмиши нодурусте реша давондааст. Он ҳам бошад, аз беҳавсалагӣ наомӯхтани қонунҳои ҷорист, ки, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳост. Албатта, эътимод, бовар ба қонундонҳо хуб аст, вале огоҳии ҳар нафар аз санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шарт ва ҳатмист. Аҷаб аст: барои рӯзи дароз телефони мобилӣ дар даст тавассути интернет андармон шудан бо рӯйдоду наворҳои даркору нодаркор, баъзан хатарноку дасисаангез, вақт дорему аммо барои соате шинос шудан бо қонунҳои мавҷуда фурсат намеёбем. Баъдан мебинӣ, ки шикояту саргардониҳо аз фиреб хӯрдан, поймол гардидани ҳуқуқҳо, алалхусус баҳсҳои манзилӣ, зиёд гардида, ба ҷойи машғул шудан ба корҳои манфиатнок, одамон ба даву ғеҷ, сарфи вақту маблағҳои беҳуда сарсон мегарданд. Ин ҳама ба ҳолати иқтисодӣ ва равонии мардум бетаъсир намемонад. Дар натиҷаи надонистани қонун, мутаассифона, ҳолатҳои бадтар аз ин – даст задан ба ҷиноят низ ба чашм мерасад. 
Бархе то ба ҳамин дараҷа содаю зудбоваранд, ки, ҳатто, шинос нашуда, омодаанд, ки ба дилхоҳ коғазу ҳуҷҷат имзо монанд ё ҳуҷҷату маълумоти шахсиашонро ба ихтиёри ашхоси ношинос,  қаллобону фиребгарони гузаро, ки бадбахтона сафашон афзудан доранд, вогузоранд. Сарчашмаи ҳамаи ин, бешубҳа, паст будани маърифати ҳуқуқии худи шахс мебошад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки дар ин ҷода саъю кӯшишҳои зиёд кунем, то маърифати ҳуқуқии хешро беш аз пеш баланд бардорему дар ҳимояи ҳуқуқҳои одиамон дар намонем. Беҳуда нафармудаанд, ки: 
Огоҳӣ зи қонун гар имкон бошад,
Бикшодани ҳар уқдае осон бошад.

Карим АНВАРЗОДА, нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, мушовири адлияи дараҷаи ІІ

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив