ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ

20 сентябр 2024, Ҷумъа
1
0


Истиқлоли давлатӣ неъмат ва дастоварди бузургтарин мебошад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлатдории навини миллӣ асос гузошт, мардуми шарифи кишварамонро муттаҳиду сарҷамъ сохта, ба барқарор шудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи қавӣ гузошт. 

Аз ин лиҳоз, истиқлоли давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ бояд мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон бошад. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид намудаанд: “Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад”.
Сокинони сарбаланди вилояти Суғд дар қатори тамоми мардуми шарафманди кишвар сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти боз ҳам бештар тақвият бахшидани иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, гиромидошт ва ҳифзу ҳимояи арзишҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва барои рушду шукуфоии Ватани маҳбубамон талош меварзанд. 
Мо ифтихор аз он мекунем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз дар натиҷаи сиёсати муваффақона ва дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуда, Тоҷикистон ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил ёфт,  кор дар иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дорад, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегии миллӣ эълон ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят бо эҳсоси баланд ва дарки моҳияти истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат, ватану ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои волои истиқлоли Ватан саҳми арзишманд гузошта, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани санаҳои фархундаи таърихи миллат – 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош менамоянд.
Раҷаббой АҲМАДЗОДА, 
раиси вилояти Суғд

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив