ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГАВҲАРИ НОЁБ

ГАВҲАРИ НОЁБ

11 апрел 2023, Сешанбе
39
0


Қурбони нигоҳи меҳрубонат, модар,
Сад ҷону ҷаҳон фидои ҷонат, модар.
Дигар чи касе чашм ба роҳам бошад,
Гулҳои биҳишт соябонат, модар.

Модар, пайи беҳтарин ва некутарин калимот мегардам, аммо ҳеҷ як калимае ё иборае намеёбам, ки бузургиву меҳрубонӣ, ғамхориву хирадмандӣ ва  хоксории туро дар зиндагиам васф намуда бошад. 
Як хотираеро дар хусуси беҳтарин фарди дунёям, модарам ин ҷо меорам ва бовар дорам, ки бо дигарон низ, чунин воқеа рух додааст.
Замони кӯдакиву наврасӣ одат шуда буд, ки баъди хатми дарсҳо баргашта,  аввал ба ҷустуҷӯи модарам сӯи ошхона медавидам. Медонистам, ки ӯ барои мо хӯрок ё нону ширинӣ  мепазад. Маҳз барои фароғату маишати мо сараш аз ошхона намебаромад.
То ҳол ҳамин гуна аст. Хушбахтона, ман кор мекунаму фарзандҳои маро модар бузург мекунад. Барои гирифтани онҳо ҳар гоҳ хонаи падарӣ рафта, нахуст, модарамро мекобам. Агар модарамро наёбам, ӯ бо коре ҷое рафта бошад ё дар меҳмонист, ногаҳон дилам таҳ мекашад, хонаро бе ҳузури мубораки модар берангу бӯ ва фазояшро тира мебинам.
Солҳои донишҷӯиям мисли лентаи кино аз пеши чашмам мегузарад. Замоне ки ҷавону лоқайду бехабар аз кори дунё будам. 
Чун одат субҳгоҳон хоб ба ман ғалаба мекарду барои дер накардан, як пиёла чой ҳам нанӯшида ба сӯи дарс мешитофтам. 
Ногаҳон дар остонаи дари хона модарҷонам бо гули табассум ва дар даст косаи ордбирён ё шир пайдо мешуд: «Духтарҷон, лоақал каме ордбирён бихӯр, ба танат қувват мешавад, охир, бо шиками гурусна ҳам бемор мешавию ҳам дарсҳоро хуб намефаҳмӣ…».
Ҳоло бошад, саҳар аз хона саросема ба сӯи корхона мешитобаму ғайриихтиёр ба қафо менигарам. Шояд он садои ошнову гӯшнавозро мешунавам, вале зуд ба худ омада, мебинам, ки ин дигар хонаву дари падарӣ нест, хонаи оилаи ман асту кайҳо худам низ, модарам. Акнун навбати ман аст, ки кӯдакони худро бо меҳру навозиш ва суханҳои меҳрбор ба мактабу боғча мегуселонам. Ба ҳар ҳол, барои он рӯзҳо дилам гум мезанад. Ин аст, ки фарзанд барои падару модар ҳамеша кӯдак боқӣ мемондааст. Аҷиб дар он аст, ки духтар пас аз фарзанддор шудан, эҳсос мекунад, ки модар будан, яъне чӣ?! Падар будан низ, ҳамин аст, то нашъати падарӣ начашӣ, ранҷи онро накашӣ, намедонӣ, ки падар чӣ қадру манзалате дорад. Шоир Шамсиддини Шоҳин навишта:
Ман пайкарам, эй писар, ту ҷонӣ,
Лекин чу падарӣ наӣ, надонӣ!

Ёдам ҳаст, боре духтарчаам бемори вазнин шуд. Маҷбур шудем, то дар бемористон бистарӣ кунем. Дар ин ҳол ман бояд аз кор рухсатии бемузд гирифта, пайи парасторӣ мешудам, аммо модарам чун ҳамеша пеш омад ва ин масъулиятро ба дӯши наҳифаш гирифт. Албатта, бештари касони ноогоҳ, махсусан табибон, бовар надоштанд, ки фарзандам бо модаркалонаш мемонад. Вале, онҳо огоҳ набуданд, ки ду фарзанди маро, асосан, модарам бузург кардааст ва онҳо дар оғӯши пурмеҳраш набудани маро қариб, ки эҳсос намекунанд. Ин аст, ки бе ҳеҷ дудилагӣ онҳоро ба модарҷонам месупораму беташвиш пайи корҳои худ мегардам. Дар ниҳоят, тифлаки ман тансиҳат шуд ва табибон бовар ҳосил карданд, ки меҳр дар чашм аст. Агар дар зиндагӣ модар дорем, аз ҳама шахси сарватмандем. Садҳо дороёну бузургонро медонем, ки ҳама чиз доранд, аммо модар надоранд. Мо модар дорем, пас ҳама чиз дорем. 
Аҷиб аст, ки падар ҳам мисли модар дар офариниш ва бузург кардани мо саҳмгузор аст, вале меҳри бештарро ба модар дорем. Фикр мекунам, ки ин ҳисси зотист ва бидуни ихтиёри мо сурат мегирад. «Падар тилло модар кони тилло», - гуфтани мардум бесабаб нест. Шоире хуб фармуда:
Падарро нафс дону меҳр модар,
Маёзор ин ду касро, эй бародар!
 
Имрӯзҳо ба ожангҳои рӯят менигараму дилам реш-реш мешавад. Он ожангҳои рӯят танҳо хатҳои каҷ нестанд, балки хатти тақдири туянд. Сарнавишт туро чунин фидокору дилсӯз парварда. Бе ту ҳамон як қатраи боронам, ки дар биёбони бепоён мефитаду зуд аз назарҳо пинҳон мешавад, бо ту ин қатра ба дарё мерасад ва барои шодобии гулу дарахтон равон мегардад:
Модарам, ман қатраам, дарё туӣ,
Модарам, ман зарраам, дунё туӣ.

Дар ҳақиқат, модарҳо аввалин устоди моянд. Модари ман низ, омӯзгори рӯзгори парешони ман аст. Агар дар зиндагӣ касе шудам, бо мадади модарам шудам. Аз пухтани хӯроку дӯхтани либос сар карда, то озодагиву ободкорӣ, либосшӯӣ, меҳмондорӣ, меҳмонравӣ, забони ширин, муоширату муомила, сабуриву таҳаммулварзӣ ва шарму ҳаё мероси бебаҳои ӯст барои ман. 
Агар танҳо некиҳои модарро зикр кунем, дафтарҳо пур мешаванд. Аҷиб он аст, ки бо ин ҳама бузургиву ғамхориву дилдорӣ боре ҳам миннат намекунад, баръакс бо хоксорӣ изҳор медорад: «Эҳ бачаҳом, кошки имкон медоштаму камбуди рӯзгоратонро мепӯшондам». Бинед, боз ҳам аз худ норизост. Дар ҳоле ки аксари ёру дӯстон ва пайвандони мо кӯчактарин некиву хубиро ба мо раво мебинанд ё не, зуд миннат мекунанд, санги маломат мезананд, ки дар фалон вақт фалон некӣ аз ман туро расида.
Модари ҷонам ҳар гоҳ вақти омин кардану дуо додан, ин ҳарфҳои гарму самимиро вирди забон мекунад: «Ҳар вақте намоз мегузорам, фақат дар ҳаққи фарзандонам дуо мекунам ва аз Худо талаб дорам, то ба шумо сари баланд, ризқи фаровон, дар корҳоятон баракат диҳад». 

Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив