ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛАХШ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛАХШ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

18 апрел 2023, Сешанбе
31
0

 
Тавре иттилоъ дорем, 4 апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Файзобод суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи кишти зироатҳои баҳорӣ шуниданд.

Тавре хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар дод, Роҳбари давлат раисони ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки маъракаи кишти зироатҳои баҳориро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонда, махсусан ба васеъ кардани зироати асосии кишоварзии минтақаҳои мазкур – картошка ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ баланд бардоштани ҳосилнокии он, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2023 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия дар майдони 6270 гектар гузарондани кишти зироатҳои кишоварзӣ пешбинӣ намудаанд, ки 3200 гектари он картошка мебошад. Инчунин, дар бахши аҳолӣ 2166 гектар кишти картошка дар назар аст, ки, дар мачмуъ, 5366 гектарро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳия бо фаро расидани мавсими корҳои саҳроӣ шудгори заминҳо, кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус ғалладона, картошка ва бунёди боғҳои навро, ба роҳ мондаанд. Ба ҳолати 13 апрели соли ҷорӣ, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳия дар майдони 411 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладона, 7 гектар картошка ва 5 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронданд. Интизор меравад, ки имсол хоҷагидорону заҳматкашони ноҳия аз майдони умумии 5366 гектар картошка ҳосили хуб ҷамъоварӣ карда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозор бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

ИҶРОИ БАРЗИЁДИ НАҚШАИ  АНДОЗҲО
Зимнан, Каромиддин Холзода иттилоъ дод, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд ва қарорҳои Ҳукумати кишвар корҳои муайянро ба анҷом расонд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,9 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 4,4 миллион сомонӣ ворид гашт, ки аз нақша 289,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия тибқи нақшаи семоҳа 14,1 миллион сомонӣ муқаррар шуд, ки нақшаи хароҷоти буҷет 12,1 миллион сомонӣ ё 85,5 фоизро ташкил намуда, 91,2 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, пардохти музди меҳнат ва ҷубронпулиҳо пурра таъмин шуд.
Бо мақсади амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин давра 95 корҷӯ соҳиби касбҳои гуногун гардид. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинони ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 53 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 14,7 миллион сомонӣ баробар гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 297,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 102,1 дарсадро ташкил медиҳад.

АЗ БУНЁДИ 124 ИНШООТИ ҶАШНӢ  ТО ЁРӢ БА НИЁЗМАНДОН
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар доираи нақша – чорабиниҳо бунёд ва таъмиру таҷдиди 124 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Аз миқдори умумии онҳо айни ҳол 24 иншоот ба истифода дода шуда, 4 иншоот дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад. Дар 96 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ идома доранд.
Ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 майи соли 2020, №271 “Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 376 нафар, ба маблағи 79 ҳазору 152 сомонӣ ёрии молиявӣ расонда шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба 273 оилаи эҳтиёҷманд маълумотномаҳои лозима дода шудааст, ки тибқи он аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ барои табобат ва ё донишгоҳҳо ҷиҳати пардохти маблағи шартномаи таҳсил тариқи ройгон кумак расонда шудааст. 
Инчунин, дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба 100 оилаи камбизоат, маъюбон, бепарасторон, ятимони кул ва нимятимон ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддӣ дастрас гардид. Чунин иқдом дар арафаи Иди Рамазон низ, амалӣ хоҳад шуд. 
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш якҷо бо ташкилоту идораҳои дахлдор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус картошка, истифодаи тухмиҳои хушсифат, таъмини ғизодиҳӣ дар ҳама намуди кишти зироатҳо, нигоҳубини ниҳолҳои шинондашуда, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва дар мавсим бо оби полизӣ таъмин намудани хоҷагиҳо чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда истодааст, – гуфт раиси ноҳия дар охири суҳбат.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, коромӯз

Санаи нашр: 18.04.2023 №: 80
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив