ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНГИШТ ДАР ТАБИАТ ФАРОВОНУ ДАР БОЗОР ГАРОН, ЧАРО?

АНГИШТ ДАР ТАБИАТ ФАРОВОНУ ДАР БОЗОР ГАРОН, ЧАРО?

01 феврал 2023, Чоршанбе
211
0

 

Баъди бориши барфи 10 январи соли 2023 то ҳафтаҳои дигар ҳаво ниҳоят сард омад, ки мутахассисони обуҳавошиносӣ дар 15 соли охир ин ҳолатро бесобиқа донистанд. Таътили хонандагони мактабҳо то паси сар гаштани сардӣ дароз карда шуд. Ҳарчанд дар ин ҳолат талабот ба неруи барқ дучанд афзуд, аз ҷониби Ҳукумат ҷиҳати таъмини бемамониати он тадбирҳои иловагӣ андешида шуданд. Аммо ба таври сунъӣ баланд кардани нархи ангишт аз тарафи баъзе тоҷирон дар шароити тоқатфарсои зимистони қаҳратун чун масъалаи доғи рӯз ба назар мерасад. Бо вуҷуди он ки кишвари мо тақрибан 4 миллиард тонна захираи ангиштсанг дорад, арзиши он дар бозорҳои дохилӣ гарон аст. Гӯиё аз хориҷ ворид мешавад. Масалан, як тонна ангишти босифат, агар ба гуфтаи масъулон дар назди конҳо 350 сомонӣ арзиш дошта бошад, дар аксари маҳалҳои аҳолинишин он ба ҳисоби миёна 2 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад, ки ин қариб ҳамарзиши як тонна гандуми воридотӣ аз Қазоқистон аст. 


Ба иттилои Исломиддин Аҳмадов, сариқтисодчии Корхонаи воҳиди давлатии “Ангишти тоҷик”, дар корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи 1 тонна ангишт бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) вобаста ба навъҳо дар ҶДММ “Қудрат-2010” 143,75 сомонӣ, КФ КА “Зиддӣ” 184, ҶСП “КМТ” 300, ҶСК “Ангишти Камароб” 357 – 618 сомониро ташкил медиҳад. 
– Ин нархҳо аз рӯи харҷи барои истихроҷ, истифодаи барқ, хариди техникаю равғанҳои молиданӣ, музди коргарон ва ғайра сари ҳар тонна гузошта шудаанд, – гуфт Исломиддин Аҳмадов. 
Аз рӯи таҳлили коршиносон, харҷи асосӣ бештар дар корҳои зеризаминӣ ё шахтаҳо мебошад, ки чунин корҳо дар истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17,4 дарсадро ташкил медиҳад. Боқимонда корҳо дар фазои кушод сурат мегиранд. Пас, чӣ хароҷоти дигаре дар истихроҷу интиқоли ангишт мавҷуд аст, ки арзиши санги сияҳро гарон намудааст? Дар КФ “Шахтаи Фон - Яғноб”, ки дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ангишт истихроҷ мекунад, тибқи иттилои роҳбарияти корхона як тонна ангишт ба ҳисоби миёна 330-340 сомонӣ арзиш дорад. Ин нарх дар асоси кадом хароҷоти истеҳсолӣ гузошта шудааст? 
– Дар КФ “Шахтаи Фон – Яғноб” нархи миёнаи ангишт бо назардошти харҷи сӯзишворӣ, хариди техникаю қисмҳои эҳтиётии онҳо, равғанҳои молиданӣ ва ғайра дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ гузошта мешавад. Як қисми корҳои истихроҷӣ ба таври зеризаминӣ сурат гирифта, хароҷоти иловагиро талаб менамоянд. Арзиши як тонна ангишти тариқи шахтаҳо истихроҷшуда 340 сомонӣ муқаррар шудааст, – гуфт Музаффар Остонов, муовини директори корхона оид ба иқтисод ва молия. 
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи ангишт дар маҳалҳо дучанд афзунтар аст. Шояд ба воситаи шахта истихроҷ кардани ангишт хароҷоти онро зиёд намояд, вале ба иттилои КВД “Ангишти тоҷик” 82,6 дарсади истихроҷи ангишт дар мамлакат дар фазои кушод сурат мегирад. Дар ин ҳолат хароҷоти истихроҷи ангишт тариқи шахтаҳо наметавонад баҳонаи асосӣ барои боло рафтани нархи он бошад. Ҳарчанд мо аз Музаффар Остонов хостем хароҷоти истихроҷ дар кони ангишти “Фон Яғноб”-ро аниқтар шарҳу тавзеҳ диҳад, аммо номбурда аз додани маълумоти бештар дар ин хусус канорагирӣ намуд. 
Агар истихроҷкунандагон қиматшавии ангиштро ба музди меҳнати кормандону хариди техника рабт диҳанд, тоҷирон дар нархи гузоштаи худ харҷи роҳро баҳона пеш меоранд. Вале интиқоли ангишт аз назди кон то маҳалҳо хароҷоте надорад, ки соҳибкор сари ҳар тоннааш 500-1000 сомонӣ зам кунад. Аз рӯи маълумот, як мошини борбардори тамғаи КамАЗ-6520, ки 20 тонна ангиштро бемалол интиқол медиҳад, дар масофаи 100 километр бо суръати 90 километр-соат ҳамагӣ 45-50 литр сӯзишвории дизелӣ сарф мекунад. Яъне, харҷи роҳ ҳангоми интиқоли ангишт аз назди кон то маҳалҳои аҳолинишин бо чунин мошини борбардори калон дар масофаи ҳатто 300 километр 3 ҳазор сомониро ҳам ташкил намедиҳад. 
Аммо мебинем, ки имрӯзҳо ин санги сияҳ ҳангоми аз назди кон то ба дасти шаҳрвандон расидан, баҳои тиллоӣ пайдо мекунад. Масалан, аз кони Камароби ноҳияи Рашт то Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш тақрибан 300 километр масофа аст. Вале аз сӯи тоҷирон як тонна ангишти кони номбурда дар Ҷамоати мазкур 1700-2000 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин ҳолат дар ноҳияҳои дигар ҳам ба мушоҳида мерасад. Тибқи пурсиши мо аз сокинон, ба ҳисоби миёна як тонна ангишт дар шаҳрҳои Хуҷанд 2000 сомонӣ, Кӯлоб 2500 сомонӣ ва Хоруғ 2200 сомонӣ арзиш дорад. Ангишти босифат дар ин минтақаҳо нархи гаронтар дорад. Шояд барои то ба дасти харидор расидани ангишт баробари сӯзишворию таъмири техникаҳо хароҷоти дигаре ҳаст? 
Ба гуфтаи соҳибкор Ҷаҳонгир Халилов, нархи як тонна ангишт аз кони “Фон – Яғноб” 340 сомонӣ набуда, 850 сомонӣ мебошад. 
– Рафтуомад ба кон бо мошинҳои боркаши калон чандон мушкил нест, аммо на ҳама аз ин ҷо маҳсулотро бевосита дастрас карда метавонанд. Баъди сардиҳои моҳи январи соли равон дигар моро нагузоштанд, ки аз кони мазкур ангишт бихарем, – гуфт номбурда. 
Манучеҳр Ғафуров, фурӯшандаи дигари ангишт, дастрас кардани маҳсулотро аз кони Камароби ноҳияи Рашт чунин шарҳ дод: 
– Дар Камароб хокаи ангишт 500 сомонӣ, омехтаи он 600 ва тозакардашуда 850 сомонӣ арзиш дорад. Масофаи роҳ то шаҳри Душанбе қариб 300 километр-ро ташкил медиҳад. Роҳи ҳудуди кон хеле ноҳамвор ва нишеб аст. Мо бештар бо мошини боркаши тамғаи “Дулан” то 25 тонна ангиштро ба марказ мерасонем, ки аз рӯи харҷи анҷомёфта ҳар тонна беш аз ҳазор сомонӣ арзиш пайдо мекунад, – изҳор дошт Манучеҳр. 
Дар ин радиф яке аз фурӯшандаҳои ангишти воридотии қирғиз бо номи Фаридун гуфт, ки ҳар тоннаи онро то ба шаҳри Душанбе бо арзиши 2500 сомонӣ дастрас мекунем. Ҳол он ки, агар 1 килограмм ангишти маҳаллӣ дар бозорҳои дохилии мо 2 сомонӣ ё зиёд фурӯхта мешавад, ин маҳсулот дар кишвари ҳамсоя то ба дасти харидор ҳамагӣ бо арзиши 60-70 дирами мо дастрас мегардад.
Конҳои ангиштсанг ҳам сарвати зеризаминии мамлакат ва ба ибораи дигар, моликияти истисноии халқ мебошанд. То кай гурӯҳе нархи ин маъдани сарзамини моро худсарона баланд мебардоранд, ки, ба ин васила дастрасии аҳолӣ ба онро, хеле маҳдуд сохтаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё, дар ҳақиқат, омори пешниҳоднамудаи корхонаҳо шаффоф аст? Аз рӯи маълумоти КВД “Ангишти тоҷик”, омори истихроҷи ангишт ва фурӯши онро худи корхонаҳо ба қайд мегиранд. Оё мантиқан бовари кас меояд, ки корхонаҳо дар бораи кори даромадноки худ ба дигарон маълумоти воқеиро пешниҳод мекунанд?
Ба гуфтаи Исломиддин Аҳмадов, аз ҳаҷми ангишти истихроҷшуда 27,1 дарсад (650,1 ҳазор тонна ) ба КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, 23,9 дарсад (573,1 ҳазор тонна) ҶДММ “Талко-Ресурс”, 17,8 дарсад (426,7 ҳазор тонна) ҶСП “Комбинати металлургии Тоҷик”, 12,6 дарсад (300,6 ҳазор тонна) КФ КА “Зиддӣ”, 5,2 дарсад (125,2 ҳазор тонна) ҶСК “Ангишт”, 3,9 дарсад (93,6 ҳазор тонна) ҶДММ “Қудрат-2010” ва 9,5 дарсад (224,3 ҳазор тонна) ба дигар корхонаҳо рост меояд. Аз миқдори ангишти истихроҷгардида 1137,6 ҳазор тонна ё 47,5 дарсад аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 1256,0 ҳазор тонна (52,5 дарсад) аз тарафи корхонаҳои ғайридавлатӣ истихроҷ карда шудааст.
Аз маълумоти дарёфтшуда бармеояд, ки 82,6 дарсади истихроҷи ангишт дар фазои кушод сурат мегирад. Ин рақам самаранок истифода шудани сарвати зеризаминиро зери шубҳа қарор медиҳад. Баробари ин, нархгузории он имрӯзҳо беинсофона ба назар мерасад. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки истихроҷ ва интиқолу дастраскунии ангишт пурра дар дасти сохтори давлатӣ бошад. Чаро имрӯз захирагоҳҳои давлатии ангишт дар шаҳру ноҳияҳо амал намекунанд, то мардум аз онҳо бо нархи арзон ангишт харида, маблағ ба буҷети давлат ворид шавад? Дар акси ҳол, баъзе тоҷирону корхонаҳо ба ҳар баҳона сол ба сол арзиши ангиштро ба хости дили худ боло бурда, гароние дар кӯлбори зимистонгузаронии сокинон ба бор оварда истодаанд. 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 2023-02-01 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив