ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА СИЁСАТИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА СИЁСАТИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

20 апрел 2023, Панҷшанбе
297
0


Дар даврони муосир масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбанд. 
Кишварҳои Осиёи Марказӣ бошанд, аз ҷумлаи кишварҳои осебпазир дар пешорӯйи тағйирёбии иқлим дар миқёси қитъаи Осиё мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби он ки 93 дарсади ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, яке аз кишварҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии иқлим ба кишвари мо бештар дар шакли обшавии пиряхҳо таҳдид мекунад.  Гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки дар 80 соли охир то 35 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳистони Помир бар асари гармшавии глобалӣ ва болоравии ҳарорат об шудаанд. Хабари ташвишовар ин аст, ки пиряхҳо хеле зуд об шуда истодаанд ва тибқи маълумот, то ҳол тақрибан 1000 пирях аз байн рафтааст. 
Ҷамолиддин Ёқубӣ, журналист – эколог, таъсири манфии тағйирёбии иқлимро чунин шарҳ дод: – «Ҷанг байни Покистону Ҳиндустон барои азхудкунии дарёи Ганг ва низоъҳои дохилии байнидавлатии Ветнаму Камбоҷа, Исроилу Судону Миср, Судону Ҳабашистон ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд. Зарурат ва моҳияти ҳалли ин масъалаҳо характери глобалӣ дошта, дар мадди аввали сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Сарвари он қарор гирифтааст".
 Тоҷикистон чун кишвари аграрӣ вобастагӣ аз вазъи соҳаи кишоварзӣ дорад, аммо, мутаассифона, кишоварзӣ аввалин бахшест, ки аз тағйироти иқлим зарар мебинад. Ин дар ҳолест, ки тақрибан 70 дарсади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар коҳиши камбизоатӣ аз 80 дарсад то ҳудуди 30 дарсад муваффақияти бузурге ба даст овард. Бо вуҷуди ин, тағйирёбии иқлим барои иқтисоди кишвар мушкилӣ эҷод мекунад. Пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар рӯзгори аз се ду ҳиссаи аҳолӣ мушоҳида мешавад. Зимистони қаҳратун, тобистони ниҳоят гарм, камобӣ, хушксолӣ, нобуд шудани ҳосили киштзор ва норасоии маводи ғизоӣ, аз ҷумлаи нишонаҳои тағйироти иқлим аст, ки солҳои охир кишоварзон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз ин рӯ, маълумот дар бораи иқлим, мутобиқшавӣ ва пешгӯии дақиқ барои кишоварзон ва бахши кишоварзии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Соҳаҳои дигаре, ки дар баробари кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарар мебинанд беҳдошт, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим пайваста ёдовар мешаванд ва хостори таъсиси фондҳои кумак ба кишварҳое шудаанд, ки аз офати табиӣ зарар мебинанд. 
Дар нишасти матбуотии имсола раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода эълон дошт, ки барои омӯзиши пиряхҳо парвозҳои визуалӣ татбиқ хоҳанд гашт. 
– Дар асоси татбиқи барнома ва дар давраи омӯзиши равандҳои обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон моҳҳои  апрел – июни соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ парвозҳои визуалӣ дар назар аст. Дар рафти иҷрои барнома ченкунии сатҳи барф амалӣ мешавад, ки ба пешгирии офатҳои табиӣ мусоидат мекунад – изҳор дошт Б. Шерализода.
Маврид ба зикр аст, ки таъсири Тоҷикистон ба гармшавии иқлим дар ҳадди ақал мебошад, зеро дар кишвари мо сатҳи партовҳои глобалӣ ҳамагӣ 0,0003 фоизро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созишномаи Париж уҳдадории ихтиёрӣ гирифтааст, ки ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ аз сатҳи соли 1990 – ҳудуди 80-90 дарсад зиёд нашавад. 
Бо назардошти иқдомҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кам кардани партовҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон ният дорад то соли 2050 иқтидори тавлиди “неруи сабз”-ро ду баробар афзоиш диҳад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқи худро аз неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунад ва дар ҷадвали тавлид ва истифодаи “неруи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 20.04.2023 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив