ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮШАИ КИШОВАРЗ

ГӮШАИ КИШОВАРЗ

20 апрел 2023, Панҷшанбе
56
0


Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ  ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Тибқи маълумоти раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ дар майдони 176909 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронда шудааст. 
Ба ҳолати 7 апрел дар майдони 256152 гектар кишти зироат, аз қабили ғалладонагиҳо 82010 гектар (гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон), зироатҳои техникӣ 112183, пахта 96175, зироатҳои равғандеҳ 15799, полизӣ 8372, картошка 12852, сабзавот 27741, пиёз 16228, сабзӣ 3786 ва зироатҳои хӯроки чорво 12994 гектар кишт карда шуд. 


Бунёди боғу токзори нав 
Дар асоси маълумоти фаврии раёсати рустанипарварӣ, ба ҳолати 7 апрел ҳамагӣ дар майдони 667,3 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, ҳамзамон, корҳои коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашароти зараррасону касалиҳои боғу токзор гузаронда шуд. 
Майдони боғ 604 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 га, токзор 64 га буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1412 гектарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар масоҳати 123720,5 гектар корҳои ба шаклдарории боғу токзор ба анҷом расонда шудаанд. 


Фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда
Айни ҳол кишоварзон баҳри таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тоза фаъолияти худро дар гармхонаҳои доимоамалкунанда самаранок ба роҳ мондаанд. 
Бино ба маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 7 апрел майдони умумии кишт дар гармхонаҳо 168 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он помидор 62,5, бодиринг 23,7, дигар сабзавотҳо 34,2 ва майдони парвариши кӯчат 2,04 гектар мебошад.
То имрӯз ба миқдори 1007 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол шудааст, ки аз он помидор 494,2 тонна, бодиринг 102,6 ва дигар сабзавотҳо 410,3 тоннаро ташкил медиҳанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 20.04.2023 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив