ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАВҒАНИ РУСТАНӢ. ЧАРО КАМБУДИ АШЁИ ХОМ ҲАНӮЗ ҲАМ НИГАРОНКУНАНДА АСТ?!

РАВҒАНИ РУСТАНӢ. ЧАРО КАМБУДИ АШЁИ ХОМ ҲАНӮЗ ҲАМ НИГАРОНКУНАНДА АСТ?!

24 апрел 2023, Душанбе
101
0

 

Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 дарсад таъмин мегардад. Вобаста ба ин масъалаи муҳим, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) ба вазорату идораҳои масъул ва соҳибкорону сармоягузорон супориш доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳои равғанбарориро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир боло бардоранд. 

Офтобпараст, зағир, рапс чормағзи заминӣ, кунҷид, маъсар – ҳама зироатҳои асосии равғандиҳандаанд. Коршиносони масоили кишоварзӣ иброз медоранд, ки то солҳои 40-уми асри гузашта сокинони ҷумҳурӣ равғани зағир ва чорво (гову гӯсфанд) истеъмол мекарданд. Баъди зиёд гардидани майдони кишти пахта ва фаровон шудани чигит истеҳсоли равғани пахта низ, ба роҳ монда шуд. 
Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ» иттилоъ доданд, ки дар ҷумҳурӣ 72 корхонаи хурду калони истеҳсоли равғани рустанӣ амал мекунад ва онҳо иқтидори истеҳсоли беш аз 150 ҳазор тонна маҳсулотро дар як сол доранд. Аммо соли рафта ҳамагӣ 25346,2 тонна равған ба даст оварданд. 
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли равғани рустанӣ 16,6 килограмм дар як сол мебошад. Дар маҷмуъ, бо назардошти шумораи аҳолӣ (беш аз 10 миллион нафар), талабот ба равғани рустанӣ дар кишвар солона беш аз 168 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 
Махсум Саидов, корманди КВД «Хӯрокворӣ», масъалаи таъмини аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватаниро ҳалталаб арзёбӣ карда, гуфт, ки сатҳи таъминоти бозори дохилӣ бо равғани рустании истеҳсоли ватанӣ беҳбудиро талаб менамояд. Тибқи маълумоти дастрас, айни замон на ҳамаи корхонаҳои соҳа бо технологияи муосири истеҳсолӣ кор мекунанд. Ҳоло дар назди корхонаҳои коркарди пахта коргоҳҳои хурди истеҳсоли равғани рустанӣ фаъоланд, ки бо усули сард (пресс) равған мекашанд, фоизнокии онҳо 10-12 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳол он ки мувофиқи меъёрҳо фоизнокии равған аз ин бояд бештар бошад. Агар истеҳсоли равғани рустаниро дар корхонаҳои дорои технологияи ҳозиразамон ба роҳ монем, баромаднокии равған ба 14-16 дарсад мерасад. 
Аз шумораи корхонаҳои равғанбарорӣ 28-тоаш бо сабаби набудани техникаю технологияи муосир наметавонад маҳсулотро пурра коркард намояд. Аз сабаби чунин коркарди номукаммал равған бо пасмондаҳои ашёи хом омехта мегардад. Ҳамчунин, мутахассисони соҳа сабаби асосии ба миқдори зарурӣ истеҳсол нашудани равғани худиро дар набудани ашёи хом медонанд, ки монеи фаъ-олияти кифояи корхонаҳои равғанбарорӣ гаштааст. Соли гузашта маҳз бо сабаби набудани ашёи хом дар вилояти Суғд 20 корхона, Хатлон 17, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 корхонаи равған фаъолият накард, зеро чигит ҳамагӣ 107,6 ҳазор тонна захира шуд, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 36,6 ҳазор тонна кам мебошад. 
Ҷалил Пиризода, директори Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, дар ин хусус гуфт: “Барои корхонаҳои азими равғанкашӣ ашёи хом намерасад. Бинобар ин, фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаро самаранок намудан лозим аст. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ равғанро, асосан, аз пунбадона истеҳсол менамуданд. Истеҳсоли пахта он замон аз 800 ҳазор то 1 миллион тонна буд, ки зиёда аз 500 ҳазор тоннаи онро чигит ташкил медод. Агар аз ин миқдор 400 ҳазор тоннааш коркард мегашт, 64 ҳазор тонна равған ба даст меомаду худтаъминкунӣ ба 73 дарсад мерасид. Илова бар ин, равған аз зағир ва дигар зироатҳои техникӣ низ, истеҳсол мешуд. 
Дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳо таъмини мунтазами корхонаҳои равған бо ашёи хом аз байн рафт. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ майдони кишти дигар зироатҳо зиёд шуд. Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ корхонаҳои хурд ба хавфи муфлисшавӣ бештар тобоваранд, аз ин рӯ, фаъолияти онҳо назаррас аст ва иқтидори солонаи онҳо ба 80 ҳазор тонна мерасад. Аммо барои самаранок фаъолият кардани онҳо омилҳои зиёд таъсир мерасонанд. Аввалан, рақобат дар бозор. Баъдан, хароҷоти истеҳсолӣ, ки аз он сатҳи даромаднокии корхона вобастагии бевосита дорад, арзиши аслии маҳсулот кам шавад, даромаднокӣ ҳамон андоза меафзояд”.
Парвиз Раҳимов, муовини сардори раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, иброз медорад, ки дар кишвар ба ҳисоби миёна соле 155,4 ҳазор тонна чигит захира мегардад, ки ба 23,3 дарсади иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолии корхонаҳои коркард баробар буда, аз он 18,6 ҳазор тонна равған гирифтан имконпазир аст. Соли гузашта истеҳсоли равғани рустанӣ бо назардошти ашёи хоми воридотӣ 25,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар шароити норасоии ашёи хоми ватанӣ ва вобастагӣ доштан аз ашёи хоми воридотӣ, иқтидори истифоданашуда ба сатҳи 74,7 дарсад расид. 
Моҳи феврали соли равон Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумоти омории гумрук соли сипаришуда ба ҷумҳурӣ 76,2 ҳазор тонна равғани рустанӣ ба маблағи 92,4 ҳазор доллари амрикоӣ бо нархи миёнаи 1 213 доллар барои як тонна ворид шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,4 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида ба Ҷумҳурии Қазоқистон 72,3, Федератсияи Россия 22,7, Ҷумҳурии Озарбойҷон 3,3 ва 1,3 дарсади боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд. 
Ҷалил Пиризода бар ин назар аст, ки барои зиёд кардани истеҳсоли чигит, пеш аз ҳама, ҳосилнокии пахтаро баланд бардоштан лозим. Ҳоло бо ҳосилнокии каме беш аз 20 сентнер аз як гектар мо 250 ҳазор тонна чигит ба даст меорем. Агар ҳосилнокӣ ба 30 сентнер расонда шавад, имкони истеҳсоли қариб 400 ҳазор тонна чигит ба миён меояд ва тавлиди бештари равғани он имконпазир мегардад. 
Майдони кишти пахта оянда 200 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз он 400 – 450 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад, ки имкони ба даст овардани 250 ҳазор тонна чигит ва баъдан 40 ҳазор тонна равғанро медиҳад. Илова ба пахта аз офтобпараст, лӯбиё, кунҷид, зағир ва дигар рустаниҳо равған истеҳсол кардан мумкин. Аммо, ин зироатҳо дар ҷумҳурӣ ба қадри зарурӣ парвариш намешаванд. Аз ин ҷиҳат, оянда дар кишвар васеъ намудани майдони кишти зироатҳои номбурда зарур мебошад. Маъсар дар баробари истеҳсоли равған, дар истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ғизои иловагии қиматнок аст. 
Тавре Фарухиддин Набизода, коршиноси соҳа, иброз дошт, асосан, дар ҷумҳурӣ зироати равғандиҳанда, аз ҷумла офтобпараст, зағир, чормағзи заминӣ, кунҷид ва маъсар, кишт ва парвариш мешаванд, ки дар таркибашон 30-60 дарсад равған доранд. Соли рафта дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар майдони 28 609 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1729 гектар зиёд мебошад. Аммо аз ин майдон 41718,3 тонна хирман бардоштанд, ки назар ба соли пешӣ 8662,8 тонна кам аст. 

Яке аз сабабҳои асосии коҳиш ёфтани ҳосилнокии зироатҳои равғандор дар тағйирёбии иқлим буда, сел, боронҳои пуршиддат, гармселҳо, чангборон ба ҳамаи зироатҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Норасоии тухмиҳои хушсифати навъи элита, баланд гардидани арзиши сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ низ, сабабҳои дигари таназзули ҳосили зироатҳои равғандеҳ мебошанд.

Талаботи майдони кишти зироатҳои техникӣ ба нуриҳои минералӣ 450-500 ҳазор тонна аст, ки ҳамасола аз хориҷи кишвар қариб 100-150 ҳазор тонна ворид менамоем. 
Ҷалил Пиризода омилҳои асосии пешбурди соҳаро дар ворид намудани таҷҳизот ва технологияҳои пешқадами истеҳсоли равған, зиёд намудани ашёи хом, тавсеаи майдони кишти зироатҳои техникӣ, ба монанди пахта, зағир, маъсар, соя ва кунҷид медонад. Ҳамчунин, бояд ба воридоти ашёи хоми лӯбиёӣ, офтобпараст, зағир, маъсар, кунҷид, чигит дар пардохти баъзе намуди боҷи гумрукӣ имтиёзҳо дода, воридоти равғани бесифат манъ гардад.
Корхонаҳои хурде, ки  ба истеҳсоли  равғани рустанӣ ба усули сард (пресс) машғуланд, бояд давра ба давра технологияҳои хурди истеҳсолиро бо технологияҳои нав иваз намоянд. 
Ҳалли ин ва чанд мушкилоти дигар, ки ба истеҳсоли равғани рустанӣ монеа эҷод мекунанд, аз масъулони соҳа: вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Зеро ҳалли масъалаи мавриди матраҳ ба таъмини сокинони ҷумҳурӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ, арзонии нархи он ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат карда, даромади буҷети давлатиро низ, афзунтар мегардонад.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

 

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив