ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИТРУСПАРВАРӢ. РУШДИ СОҲА БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

СИТРУСПАРВАРӢ. РУШДИ СОҲА БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

24 апрел 2023, Душанбе
45
0

 
Имрӯзҳо дар қатори меваҳои маъмули истеъмолӣ  меваҳои субтропикӣ ва ситрусӣ, аз қабили мандарин, афлесун, грейпфрут, лимӯ, хурмо, анҷир, анор, бодом  ва ғайра дар ҳар як иду ҷашнвораҳо зинатбахши  дастархони мардум гардидаанд. Рушди бемайлони соҳаи ситруспарварӣ ҳамчун яке аз манбаъҳои  даромад ва тақвияти иқтисодиёти кишвар, метавонад садди баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардида, ба  таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ, мусоидат намояд.
Бо назардошти аҳамият, даромаднокии зиёд ва дастрасии бештари мардум ба он мебояд ба ин самт таваҷҷуҳи бештар равона гардад. Ин шуғл метавонад захираҳои меҳнатиро бо кор фаро гирад. Ҳамчунин, аз ин навъи меваҳо, хусусан лимӯ, метавон ҳосили барзиёду дилхоҳ ба даст овард. Ба андешаи мутахассисони соҳа, агар даромади як гектар замини кишоварзӣ, аз қабили зироати пахта, ғалла ё боғҳои дигар навъи дарахтонро бо лимӯзор муқоиса намоем, ҳосилнокӣ ва самаранокии лимӯзор мутаносибан чанд маротиба зиёд аст.  Масалан,  лимӯпарвар Ҳабиб Саидвалиев, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар тамоми қитъаи наздиҳавлигиаш  дарахти  лимӯ парвариш менамояд.  Аз лимӯхонаи хандақии паҳноиаш 12 метр ва дарозиаш 50 метр, дар 4 қатор 100 бех дарахти лимӯ шинонда, ҳар сол 7,5 – 8,5 тонна, яъне аз ҳар як дарахт ба ҳисоби миёна 75 – 85 килограмм  ҳосил мегирад. Дар шаҳраки 6-уми ноҳияи Ҷайҳун Хоҷагии ситруспарварии  “Ҳоҷӣ Абдураҳим” аз солҳои 1960 инҷониб дар масоҳати  тақрибан 2 га рустаниҳои ситрусӣ парвариш менамояд ва аз ҳар як дарахт  80 – 85 килограмм  ҳосил мерӯёнад.  Хоҷагии ситруспарварии “Саъдулло” аз ноҳияи Дӯстӣ ба парвариши навъҳои грейпфрут, лимӯ, мандарин ва афлесуни ҷопонӣ машғул буда, аз як дарахт  лимӯ 70 – 75 килограмм ҳосил ба даст меорад. Ба гуфтаи олимони соҳа, ин рақам ҳадди ниҳоӣ нест. Яъне, бо истифода аз тавсия ва таҷрибаи мутахассисони варзида имкони аз ин бештари рӯёндани ҳосил мавҷуд аст.      
Парвариши рустаниҳои ситрусӣ бештар дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шуда, базаи асосии истеҳсоли меваҳои ситрусӣ водии Вахш ба ҳисоб меравад. Дар вилояти Хатлон майдони парвариши рустаниҳои ситрусӣ 372,1 гектар, истеҳсоли солонаи мева  7570 тоннаро ташкил дода, аз 1 гектар ба ҳисоби миёна 24,85 тонна ҳосил ҷамъоварӣ мешавад. 
Тавре Қутбиддин Рукниддинов, номзади илмҳои кишоварзӣ,  ходими калони илмии стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, иброз дошт, ин пойгоҳ, ки дорои масоҳати 95 гектар мебошад, аз соли 1935 маркази асосии омӯзиши рустаниҳои субтропикӣ ва ситрусӣ гардонда шудааст. Дар стансияи таҷрибавии мо, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ аст, қитъаи коллексияи навъҳои рустаниҳои ситрусӣ иборат аз 17 навъ,  аз ҷумла 5 навъи беҳтарини мандарин, 4 навъи грейпфрут, ду шакли стандартии афлесун ва навъҳои лимӯи Мейер, Лунария ва аз лимӯи Мейер навъҳои серҳосили тоҷикӣ  ва балхӣ парвариш карда мешаванд. 
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, айни ҳол  рустаниҳои ситрусиро дар тамоми вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парвариш мекунанд. Яъне, таҷрибаҳо нишон доданд, ки лимӯ дар минтақаҳое парвариш ва истеҳсол мешавад, ки чанд сол қабл он тасаввурнопазир буд. 
Албатта, барои рушди соҳаи боғпарварӣ робитаи зичи илм ва истеҳсолот зарур аст. Дар ин самт олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур корҳои зиёди илмӣ ва истеҳсолиро бо мақсади бунёди боғҳои муосири содиротӣ пешниҳод намудаанд, ки барои рушди ояндаи ин соҳа имконият фароҳам меорад.     
Мушкилоти асосӣ барои рушди соҳа ин аст, ки  парвариши навъҳо нигоҳубин ва таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд. Рустаниҳои ситрусӣ рӯшноидӯст ва гармидӯст буда, ба хунукӣ  тобовар нестанд. Дарахти лимӯ дар ҳарорати 6 дараҷа ва бо системаи решагиашон дар 8-9 дараҷа сардӣ пурра мехушкад. Бинобар ин, олимони стансияи таҷрибавӣ барои парвариши муътадил ва ҳосили баланду хушсифат типҳои гуногуни лимӯхонаҳои хандақӣ ва рӯизаминиро дар шароити  иқлими Тоҷикистон тавсия намудаанд. Мушкилоти соҳа  дар бахши сохтмони лимӯхонаҳо арзёбӣ мегардад, зеро барои ин масолеҳи махсус, аз қабили шишаи пластикӣ, пардаҳои полиэтиленӣ, чорчӯбаҳои шишадор, сутунҳои оҳанин ва ғайра лозиманд. Нархи масолеҳ бисёр гарон буда, сохтмони лимӯхонаҳо маблағи ниҳоят калонро талаб менамояд. Новобаста аз ин, дар 4-5 соли аввали парвариш хароҷот бароварда мешавад ва солҳои зиёд даромади софи баландро таъмин менамояд. 
Тоҷикистон ватани меваҳои субтропикист. Бояд кишоварзон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок  истифода намуда, ҷиҳати боло бурдани ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулот  мусоидат намоянд. Мутаассифона, дар кишвар рушду тараққиёти ин соҳа бо назардошти иқлими мусоид ба таври дилхоҳ пурра ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки дар бозору мағозаҳо нархи ҳамаи навъҳои ин меваҳо хеле гарон аст. 
Саидалӣ Гулов, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки парвариши меваҳои ситрусӣ яке аз манбаъҳои асосии даромад ва рушди иқтисодиёти кишвар шуда метавонанд. Меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати мазаю хушбӯӣ ва сифатнокии худ дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Лимӯи Тоҷикистон яке аз меваҳои содиротии мамлакат буда, онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш нисбати меваҳои воридотӣ хуштаъм буда, бартарӣ дорад. Азбаски онҳо энергияи Офтоб ва ғизои заминро хуб қабул намуда, аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, зуд харидори худро пайдо мекунанд. 
–  Мавриди зикр аст, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ соҳа то андозае дар ин самт комёб шуд. Вале бо вуҷуди ин, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, барои рушди соҳаи мазкур ҳанӯз мушкилиҳо мавҷуданд. Масалан, сохтмони лимӯхонаҳо, ки хароҷоти бисёрро талаб менамояд. Чунки бештари хоҷагидорон мехоҳанд парвариши меваҳои ситрусиро ба роҳ монанд, лекин хароҷоти зиёд дар самти сохтмони лимӯхонаҳо монеъ мешаванд, –  изҳор дошт С. Гулов.
Дарвоқеъ, васеъ намудани майдони парвариши рустаниҳои ситрусӣ бо роҳи интихоби маҳал ва заминҳои мувофиқ, истифодаи дастовардҳои олимон ва таҷрибаи лимӯпарварони асил барои рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди қариб ҳамаи соҳаҳо барномаҳои алоҳида  дар давраи муайян тасдиқ шудааст, ки ба рушди онҳо мусоидат менамоянд. Лекин барои рушди соҳаи ситруспарварӣ чунин барнома пешбинӣ  нашудааст. Ҳамзамон, агар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои давлатҳои хориҷи мамлакат шартнома баста, дар самти содироти маҳсулоти хоҷагидорон  мусоидат намояд,  ҳавасмандии соҳибкорон ба шуғлашон меафзояд. Зеро ҳосили дастранҷи бо заҳмат парваришнамудаи худро бе талафёбӣ ба фурӯш баровардани боғпарварон паҳлуи дигари масъала мебошад. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив