ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАШ ДУОИ САБЗ

ШАШ ДУОИ САБЗ

24 апрел 2023, Душанбе
62
0

Тамоми инсонҳо – бузургону паямбарон ва қаҳрамонони олам дар домани поки модар зода, бо дуоҳои сабзи ӯ шукуфтаву бар симати номвариву шуҳрат расидаанд. Пас, ба фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, хоссатан қаҳрамонони Тоҷикистон – Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур модарони арҷманду гаронқадрашон чӣ гуна дуо медоданд? Мақолаи зер перомуни ҳамин суоли матраҳ аст. 


БОНУ ЗЕВАРОЙ: «БА ҲАЗОР ДАРОӢ, ПИСАРАМ…» 
Корҳоеро, ки модари Садриддин – Зеварой саришта мекард, каси дигар то ба ин  ҳад нозук ва зебову дилфаро анҷом намедод. Барои модар соати бекорӣ вуҷуд надошт. Дар деҳаи Соктаре, баробари корҳои дигари рӯзгор, ба бофандагӣ машғул мегашт; карбос мебофт, қаламӣ монда, ба фарзандонаш ва худаш либос медӯзонд. Фарзандон аз матои хона мепӯшиданд. Модар бештарини умрашонро ба чархресӣ – ресмонресӣ, калова, зағӯта ва ночатайёркунӣ сипарӣ менамуд.
Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ (моҳҳои июни соли 1889) дар шаҳри Бухоро бемории вабо доман густард ва қариб тамоми хонаводаҳоро фаро гирифт. Садриддин модарашро бар сари майити тағояш – ба Маҳаллаи Боло бурд. Дар он ҷо бар андоми модар вабо расид ё ба марги бародараш бисёр сӯхт, ки беморӣ сахт ёраш шуд. Садриддин модарро аз нав ба маркаб савор кард ва ба илоҷе назди падар овард. Дар хона падар ва бародарони хурдсол, ки яке нуҳ ва дигаре чор сол дошт, ба бистари беморӣ афтода буданд. Хона беморхонаеро мемонд, ки дар он пизишк, бародари шафқат ва ҳам ягона дастёр танҳо Садриддин маҳсуб мешуд. Дар хонаи ҳафтболоре, ки панҷ бемор қатор мехобид, вай бо навбат ба ҳар кадом оби сард, оби ҷӯш ё ин ки шир медод, магасҳоро меронд. 
Гоҳе ки падар аз вабо вафот кард, модари Айнӣ ҳам хеле лоғару бемадор гашт ва тағояш ӯро аз деҳаи Соктаре аз нав ба Маҳаллаи Боло – ба хонаи модарӣ бурд. Дар он ҷо Садриддини 11-сола хидмати фарзандиашро адо кард. 
Пас аз солҳо ин лаҳзаро нависандаи бузурги тоҷик Садриддин Айнӣ ба ёд оварда, дар асари безаволаш «Ёддоштҳо» навиштааст: “Вақте модарам дар бистари беморӣ лоғару бемадор буд, ман аз вай чашмонамро мегурезондам, то ашкамро набинад”. 
Хидматҳои камназири Садриддини навболиғ дар ҳаққи аҳли оила буд, ки модар, гоҳи назъи ҷон, ризоманду қонеъ аз фарзанд дуояш дод: «Ба ҳазор дароӣ, писарам…» 
Дуои модар мустаҷоб шуд; номи устод Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик бо асарҳои безавол ва хидматҳои  шоистааш ҳазорсолаҳо зинда хоҳад монд.

РОЗИЯ ОЗОД: «ХУДОВАНД ДАР ПАНОҲИ ИСМАТАШ НИГАҲДОР БОШАД…»
Волидайн зеҳни бурро, ақли расо ва меҳру муҳаббати Розияи хурдсолро ба китоб эҳсос намуда, сарфи назар аз зиндагии тоқатфарсо, ӯро ба мактаби куҳнаи духтарона супурданд. Розия дар андак фурсат бо зеҳни тозаю фаҳмиши жарф аз дугонаҳояш пеш гузашт, бо завқ ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, бахусус ба қироати осори рангину пурғинои шоирони классик Камоли Хуҷандӣ, Аттор, Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Бедил ва Мавлонои Балхӣ пардохт.
Ин ҳама абёти шӯридаву осмониву офтобӣ ба руҳу равони Розия  бетаъсир намонд; дар пайравии шоирони классик ба навиштани  шеърҳои аввалини худ оғоз кард. Ҳарчанд ки ибтидо шеъргунаҳояш аз гилаву дардҳо мегуфтанд, пасонтар оҳанги гуфтаҳояш ба руҳи замони нав омехт. 
Боре, дар як мулоқот бо намояндагони ВАО, хабарнигоре аз аллома Бобоҷон Ғафуров суол кард:
– Оё модари Шумо шоир Розия Озод дар эҷоди шоҳасари «Тоҷикон»  саҳме дорад? 
Бобоҷон Ғафуров ба тафаккур фурӯ рафт ва пас сар боло карду  посух дод:
– Меҳрубониҳои модари азизамро наметавонам, ки дар як суҳбати кӯтоҳ пурра баён кунам. Ҳамаи онҳо дар дилам чун дар бойгонӣ қабат-қабат ҷо гирифта, маро зинда нигоҳ медоранд. Фақат ин қадар мегӯям, ки агар меҳрубонӣ, ғамхорӣ, дуоҳои нек ва дилбардориҳои модари арҷмандам чун нурҳои нарми Хуршед доиман бар сарам намерехтанд, асари «Тоҷикон»-ро рӯи нашр оварданам басо душвор буд. Ӯ ҳамеша аз тақдири китоби “Тоҷикон” мепурсид ва гоҳи хайрухуш дуоям медод: «Худованд дар паноҳи исматаш нигаҳдор бошад ва ҳамеша барори коратро ато кунад!»
Акнун барои модар ҷонам омодаи таъзим ва дилам саршори тавозуъ аст. Чунки ӯ оқилтар аз мардон буд, ҳама чизро зуд эҳсос мекард. Гумонам, ки андомаш ҳам лаҳми дил буд. Пас, бо забони Шайх Саъдӣ таъкид месозам: 

Зи модар меҳрубонтар нест дар қонуни инсонӣ, 
Ба модар меҳрубонӣ кун, агар марди мусулмонӣ! 
  
БИБӢ МАРЯМ: “ХУДОВАНДО, ФАРЗАНДАМРО АЗ ХАЛҚ ҶУДО НАКУН!” 
Бибӣ Марям Шарифова, модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳа мисли дарахти пурборе буд, ки дар шохааш мурғҳои марҷон роҳат ғунуда ва ҳама дар паноҳи сояи ин ҳумоюндарахт оромишу саодат доштанд, маслиҳат гирифта, рӯишу сабзиш медиданд. 

Агар бо садҳо занону бонуҳое, ки Бибӣ Марямро аз наздик мешинохтанд,  ҳамсуҳбат шавед, бо як мазмун ва самимона дар васфу ситоишаш мегӯянд: «Бибӣ Марями муқаддас пирони хастаро ба ханда водор менамуд, ятимонро хурсанд мекард, ниёзи бенавоёнро бароварда месохт, дармондагонро бекасу танҳо намегузошт, дасти уфтодаҳоро мегирифт, бар сари болини беморон мегузашт, модарони серфарзандро парасторӣ мекард. Ин модари ғамхору дилсӯз дар дилу дидаи ҳамагон он гуна азизу мукаррам ҷо гирифтааст, ки ҷаннати дарбастаро дар зиндагӣ барои худ боз сохтаанд.». 
Ин ҳама сифатҳову хиради азалии модари муқаддас - Бибӣ Марям ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерос монданд. Зеро ба ҳар иқдоме, ки фарзанди фарзонаи миллат камар мебанданд, дасти дуо бардоштани модари арҷманд ҳатман пеши назарашон меояд ва тамоми ташаббусу эҳтимоми созандаашон ҳатман ҷомаи амал мепӯшад. Чаро ки модари покниҳод дар зиндагӣ ҳамеша аз рӯйи лабонаш ин гуна дуо мерехт: “Парвардигоро, фарзандам аз миёни халқ баромадааст, ҳеҷ вақт аз халқ ҷудояш накун!”
Ин аст, ки муҷассамаи боҳашмати «Дасти дуои модар» дар Хуҷандшаҳри бостон қомат афрохту дар дилу дидаҳои ҳазорон ҳазор ваҷду шаафи саршор барангехт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гоҳи пазироии иншооти ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойи ин шоҳкории нотакрор, ҳарчанд ки ҳаво сард буду шамол мевазид ва майдаборон ба сару рӯ рехта, дар ду чашмаш ашки гарм ҳалқа зада буд, амиқан ба дунёи андеша фурӯ рафтанд; ҷаҳони фарогиру чеҳраи модарашонро бо муҳаббат пеши назар оварда,  бунёди муҷассамаро аз бузургтарин арҷгузорӣ, эҳтироми хосу волои фарзандон ба тамоми модарони шарафманди тоҷик донистанд. 

БОНУ ХОЛБИБӢ: «ДУО МЕКУНАМ,  КИ ФАРЗАНДАМ ШОИР ШАВАД...»
Модари устод Мирзо Турсунзода Холбибӣ ном дошт ва соли 1920 аз сабаби хуруҷи бемории вабо аз олам даргузашт. Он рӯзгор синни Мирзо ҳамагӣ ба нуҳ мерасид.  Ва мӯйсафедони аъзам мегуфтандаш:  “Модари раҳматиат ҳамеша дуо мекард, ки ту шеър нависӣ, шоири номдор бишавӣ”.
Гоҳе ки Мирзои ҷавон чун шоир ном баровард, баъзан-баъзан ба зодгоҳаш Қаратоғ омада, бо аҳли деҳа суҳбат меорост: аз мӯйсафедону занони аъзам ҳолу зиндагии модарро мепурсид; дар тасаввур чеҳраи азизашро сохта, сурати дигаронро ба дарозо тамошо мекард, то бидонад кадоме аз онҳо шабеҳ ба модари ӯст, вале нигоҳаш аз давидан ба ҳар сӯ хаста мегашту чеҳраи комилашро дарнамеёфт. Он гоҳ ҳама модарони калонсоли деҳаро “оча” нидо ва фарзандвор ҳолпурсӣ менамуд. 
Воқеан, Мирзо Турсунзода огаҳ гашта буд, ки модараш  қобилияти бо хатти ниёгон хондану навиштан дошта, бо маҳбубияти зиёд касб намуда будааст. Шоир ҳам то охири умр бо ин хатти ниёгон шеър менавишт.
Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба ҳар зане, ки шеър бахшидаву тимсоли мондагор сохтааст, аз он бӯйи ҳастӣ, пазмонӣ ва меҳру муҳаббати бекарони модар ба димоғ мерасад. Аслан, асрори офариниши чеҳраи зан дар ашъори шоир асосан ба муҳаббати модар рабт дорад ва маҳз ҳамин муҳаббати густардаву жарф Турсунзодаро шоири ҷаҳонӣ кард.

БОНУ ШАРИФМО: «ХУДОВАНД САРАТРО ҲАМЕША САБЗ НИГОҲ ДОРАД...»   
Бону Шарифмо - модари Нусратулло Махсум дар баробари зани покдоману нексиришт будан аз хатту савод низ бархурдор буд. Ӯ бонуи басо меҳрубону хушбин буд.  На танҳо дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ, балки дар хатту саводомӯзии занони дигари сокини собиқ Ҷамоати деҳоти Қазноқи ноҳияи Рашт низ нақши арзишманд дошт,  онҳоро аз умури рӯзгордорӣ ва барпо намудани базму маъракаҳо мадад мекарду машварат медод. 
Шарифмо, ба гуфти солдидаҳо, зани аз лиҳози динӣ босавод, шеърдӯст ва ҳатто бедилшинос низ будааст. Ин хислатҳои бонуи кӯҳистонӣ барои саводи ибтидоӣ гирифтани Нусратулло ва ҳамчун ҷавони шуҷоу боғайрату босавод ба камол расидани ӯ дар ҳаёт пойгоҳи устувор рехтаанд.  Аз ҷумла, яке аз муҷиботи «Махсум» мулаққаб шудани Нусратулло низ бо ҳамин далел ривоят мешавад.
Тавре шоҳидон ҳадс мезананд, гоҳе ки Нусратулло (соли 1897) барои мардикориву таҳсил ба Фарғона озими сафар мегардад, 16 сол дошт ва роҳтӯшааш дуои руҳбахши модар буд, ки даст ба осмон бардошту бар забон овард: «Худованд саратро ҳамеша сабз нигоҳ дорад, пиёлаи умратро аз ҷӯйи худат пур кунад, даруни сина дили бедорат диҳад, ҷавлонгаҳу ҳиммати баланд дар ҳар диёр атоят кунад, қадамгоҳатро ба нури Офтоб рӯшан намояд, доимо Мавлавиву Бедилу Ҳофизу Хӯҷаи Хизрро сарварат созад!...» 
Дуои модар як умр дар зеҳну ёди Нусратулло Махсум барҷой буд.
  
БОНУ МАЙСАРА: «ХОНААТ АЗ ИЛМУ  МАЪРИФАТ АРШИ ХУДО ГАРДАД!» 
Рӯзу рӯзгори номарду дилгазон барои бону Майсара – модари Шириншоҳ Шоҳтемур чун чӯби дарахти тӯс сахту ношикан ғалтида буд. Аз фарти ташвишҳои бесарунӯк ва нодорӣ лоғару абгор гашта, ба сураташ ҷо-ҷо доғҳо уфтода буданд. Гоҳҳо сукути андуҳзое дар чашмонаш хона меандохт, аммо шиква барояш бегона буд, ҳеҷ гила бар забон намеовард, бо сабурӣ, тамоми ранҷу  мушкиларо ба худ пазируфта, ҳеҷ гоҳ «оҳ» намегуфт. Модари  сахтҷоне буд, ки аз дунболаш на танҳо Шириншоҳ, балки 10 нафари дигар бо умед гом мекашид. Ӯ ба хотири фарзандон якбора аз по афтодан, шикастан ва ҳатто сари мӯ калавидан намехост. Руҳ ва иродаи тавонои модариву парасторӣ тору пудашро гунае фаро гирифта буд, ки аз ёфтаҳо чағзро худ хӯрда, мағзро барои фарзандон медод. 
Бо вуҷуди ин ҳама, модари хушназар Шириншоҳро  назди муаллими деҳа – охон Шоҳзодаэрон бурд ва хоҳиш кард, то ӯро аз таълиму тадрис баҳравар гардонад. Муаллими бофаросату дилогоҳи деҳистон шогирдони зиёд дошт, аммо дар сурати хушгили Шириншоҳ магар Офтоб дид, ки ҳамон меҳрубонӣ карду гарм пазируфташ.   
Шириншоҳ аз рӯзҳои аввал дар байни шарикдарсон пештоз буд, зеро он чи муаллим ба шогирдони худ ёд медод, ӯ аллакай аз модараш омӯхта ва ҳусни хатташ низ хеле зебо гашта буд. Ба ин тариқ, ҷаҳду ҷадали модар роҳи Шириншоҳ Шоҳтемурро ба сӯи илму дониш  ва ҷаҳони маърифат мунаввар сохт. Вале афсӯс, ки умр барои модар вафо накард, ҳосили ранҷашро надид. Гоҳе ки дар назъи ҷон қарор дошт, рӯ ба Шириншоҳ овард ва васият кард: «Ҷони оча, бихон, боилму дониш бишав! Бигзор, банди ҷонам сӯзад, лекин ту дар амон бош! Бигзор, ки аз дунё рахти сафар бандам, аммо ту ба раҳи донишу хирад қадам бимон! Илоҳо, хонаат аз илму маърифат арши Худо гардад!...» 
Ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар васияти модар устувор монд ва ба Ватану миллат он гуна хидмат кард, ки ҳам номи худ ва ҳам номи мубораки модараш – бону Майсараро ҷовидон гардонд.   

Сайдаҳмади ЗАРДОН, адиб

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив