ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲОҶИРАТ. ИН РАВАНД АЗ ҶАҲОНИШАВИИ ИҚТИСОДИЁТ ДАРАК МЕДИҲАД

МУҲОҶИРАТ. ИН РАВАНД АЗ ҶАҲОНИШАВИИ ИҚТИСОДИЁТ ДАРАК МЕДИҲАД

24 апрел 2023, Душанбе
97
0


Афзоиши суръати муҳоҷират дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон яке аз тамоюлҳои асосии системаи муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар баробари ин, агар дар Аврупо аз Шарқи Наздик ва Осиё омадани гурезаҳои ҳозира ба вазъияти иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо таҳдид намояд, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раванди муҳоҷират аз мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ ва афзоиши шиддати иҷтимоӣ солҳост аз масъалаи ҳалношуда боқӣ мемонад. Аз ҷониби дигар, вуруди муҳоҷирон ба рушди бозори меҳнат ва пешрафти иқтисодиёт мусоидат менамояд. Пас, аниқан  муҳоҷират дар ҷаҳони имрӯза чиро ифода менамояд?
 Мардумон аз замонҳои қадим аз ҷое ба ҷойи дигар мекӯчанд. Дар ҳоле ки баъзеҳо дар ҷустуҷӯи ҷойи кори беҳтар, таҳсилот, манфиатҳои иқтисодӣ ва ё барқарор кардани оила ҳаракат мекунанд. Бар замми ин, шумораи дигари одамон дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва дигар омилҳои муҳити зист макони худро иваз месозанд. Аз ин ҷост, ки дар соли 2019 шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон ба 272 миллион нафар расид.  Соли 2000 теъдоди муҳоҷирон тақрибан 173 миллион нафарро ташкил медод. Бо вуҷуди ин, ҳиссаи муҳоҷирони байналмилалӣ дар шумораи умумии сокинони сайёра дар даҳсолаҳои охир қариб тағйир наёфтааст: 3,4 дарсад дар соли 2017, 2,8 дарсад соли 2000 ва 2,3 дарсад дар соли 1980 мебошад. 
Раванди муҳоҷират барои рушди иқтисодиёт созгор буда, он бисёр нақшаҳо, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Устуворро, фаро мегирад. Дар рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 саҳми мусбати муҳоҷират назаррас аст. Аз 17 Ҳадафи Рушди Устувор 11-тоаш ҳадаф ва нишондиҳандаҳоеро дар бар мегиранд, ки ба муҳоҷират ва ҳаракати одамон равона шудаанд. Ҳадафи 7,10-и рӯзнома “пешбурди муҳоҷирати муташаккил, бехатар, қонунӣ ва масъулиятнокии ҳаракати одамон, аз ҷумла тавассути татбиқи сиёсати банақшагирифта ва хуб тарҳрезишудаи муҳоҷират”-ро, талаб мекунад. Ҳадафҳои дигар, инчунин, вазифаҳои мубориза бо қочоқи инсон, кам кардани хароҷоти интиқоли пул ва амсоли инҳоро дар бар мегиранд.
Кишвари мо ҳамчун узви Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ва татбиқсози нақшаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар пешбурди муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати дастгирии соҳаи муҳоҷират тадбирҳо меандешад. Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар фаъолияти худ принсиперо риоя мекунад, ки муҳоҷирати инсондӯстона ва ботартиб бояд ҳам  ба муҳоҷирон ва ҳам ҷомеае, ки онҳоро қабул менамояд, нафъ расонад. Ташкилоти мазкур, ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо шарикони худ фаъолиятҳоеро амалӣ месозанд, ки ба ҳалли мушкилоти дар соҳаи муҳоҷират нигаронда шудаанд: равшан кардани мушкилоти марбут ба муҳоҷират, дастгирии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавассути муҳоҷират, эҳтиром ба шаъну шарафи инсонии муҳоҷирон ва ғамхорӣ дар бораи некуаҳволии онҳо бо ҳар роҳ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ бе шарикии иҷтимоӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо ғайриимкон буда, ҷиҳати тақвияти кор дар ин самт аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ ва Ташкилоти байналмилалии меҳнат як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ гардиданд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорат иттилоъ дода шуд. Ба иттилои манбаъ, дар доираи дастгирии шарикони рушд татбиқи чандин лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳо вобаста ба муҳоҷират дар вилояти Хатлон”, роҳандозӣ мешаванд. Илова бар ин, дар доираи дастгирии лоиҳаҳои амалкунандаи Бонки осиёии рушд таъсиси се маркази хизматрасонӣ барои муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияи Восеъ дар назар дошта шудааст. Татбиқи лоиҳаҳо ва анҷом додани чунин тадбирҳо дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар раванди муҳоҷират аз ҷаҳонишавии иқтисодиёт дарак медиҳад.

Шодӣ ГУЛБЕРДИЕВ, 
магистри курси 1-и Институти омӯзиши масъалаҳои Аврупо ва Осиёи АИМТ

Санаи нашр: 24.04.2023 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив