ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОКРО ГИРЕД, ЗАР ГАРДАД

ХОКРО ГИРЕД, ЗАР ГАРДАД

01 май 2023, Душанбе
37
0

 
Пиразан ба пиёла чой рехта, аз ҷой хест, қомати камон ба асо такя дода истоду бо ҳавас нигарист ба пирмард ва писараки дар саҳни ҳавлӣ ҷунбуҷӯлдошта. Дар дилаш орзуи мисли онҳо замин гарм кардан, ниҳол шинондан, сабзишу нашъунамои онро дидан ба ҷӯш омад. Кайҳо боз каланд назадааст, кор кардан намемонанд. «Акнун вақти дам гирифтан, бибиҷон», - мегӯянд. Аммо вай мехоҳад, мисли солҳои пеш ҳиммату ғайрат ба кор андозад, меҳнат кунад, хӯрок пазад, ҷонваракон парвариш намояд.
Ин саҳар бо нияти нек берун баромада, ниҳолону дарахтони ғарқи гулро дида, шукр кард, ки боз ба баҳори нав бирасид. Фарзандаш аз субҳи содиқ то нисфи рӯз ҳамроҳи абераи якумхони худ бехи зардолуҳоро нарм кард. Каланд монду назди модар омад. Ҳар ду рӯи кат нишастанд. Писарак аз паҳлуи бобокалон ҷой гирифт. 
– Ин қадар ба фикр фурӯ рафтед, бибиҷон? 
–  Каландзании туро дида, ҳавасам омад, ҳаштодсола бошӣ ҳам, мисли бистсолаҳо каланд мезанӣ, ҷавони ҳузарбу чаққон барин менамоӣ. Эмомалиҷонакам, ту ҳам монда шудагистӣ? – гуфта сари абераро сила кард бибӣ.
– Ман аз бистсолаҳо кам не, очаҷон. Ҳамааш аз тарбияи Шумо, бо баракати дуоҳоятон ба ин дараҷа расидаам. Дуо кунед, то меваи ин ниҳолҳоя ҳар дуямон бо Эмомалиҷон хӯрему коми дигарҳо ҳам ширин шавад.
– Ҳамеша дуои шумоҳо, фарзандонамро мекунам, ҳамаи ҳамсояҳоя дуо мекунам, ки орзуҳои нек парваранду ҷомаи амал пӯшонанд. Дурустакак бишин, хеле кор кардӣ, чой рехта мондаам, нӯши ҷон кун. 
– Ҳа, ман ташнаам, ташнаи дуоҳои Шумо, – гуфт бо меҳрубонӣ писар ва ба модар наздиктар нишаст.
– Гапи нағз гуфтӣ, ҷонаки оча. Медонам, ташнаӣ, ташнаи дуои модарӣ. Аз рӯзе, ки туро Худо дод, дуоят мекунам, фарзандон, набераю абераҳо ва чабераҳота дуо мекунам. Ана ин Эмомалиҷона дуо мекунам, ки мисли Эмомалӣ Раҳмонамон ба халқу Ватан садоқатмандона хизмат кунад. Решаи дуо сабз. «Тилло нагир, дуо гир»,-гуфтаанд. Дуои модарон аст, ки гардунаи рӯзгор мувофиқи мақсадҳоямон пеш меравад. Зиндагониамон нағз, асал барин ширин. Шукр, дар ин давру замони аҷоиб умр ба сар бурда, лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёти мани саду яксола дар ин сӣ соли охир сипарӣ шуда истодааст. Кошкӣ, оянда ҳам зинда бошаму аз ин беҳтарашро бинам. 
– Очаҷон, ман саду яксола нагӯед, Шумо духтари ҳаждаҳсола барин. Беайнак китоб мехонед. Ҳай-ҳай накунам, каланд гирифта, ниҳол мешинонед. Тайёрӣ бинед. Ду нафар олим омада, таҷрибаи ҳаётии одамони синнашон аз сад гузаштаро омӯхта, доруи умрдарозӣ ихтироъ мекардаанд. Бо Шумо суҳбат меоростаанд. «Чӣ сирре доред, чӣ тавр ба ин синну сол расидед?», – гуфта, мепурсидаанд.
– Умри дарози ман аз меҳнати ҳалол, аз пиндору гуфтору кирдори нек аст, мегӯям ба онҳо. Боз ана ин хоку обу Офтобу ҳавои биҳиштии Тоҷикистонакам. Дигар сирре нест. Худат медонӣ, ки дар умрам ба касе кина напарваридаам, писарам. Бахилон, бадхоҳонамро ҳам дуо мекунам, ба онҳо инсоф металабам. Як умр хизмати падару модар, хизмати шумоякон, хизмати халқа карда, дуо гирифтаам. 
– Шумо, модарҷон, одами ба Худо наздик.
– Ин қадар таъриф накун. Ҳамаи модарон ба Худо наздиканд, дуояшон иҷобат мешавад. Чунки бахил нестанд, фақат фарзандони худро дуо намекунанд, ҳамаро дуо мекунанд, мехоҳанд, ки Ватанамон ҳамеша дар амон, сабзу хурраму шукуфон ва обод, мардумаш саломату хотирҷамъ, комёбу сарбаланд, саодатманд бошад ва аз ин ҳам бештар, беҳтар тараққӣ кунад. Пиряхҳо ғафсу васеъ шуда, баракаи оби равон зиёда гардад. Номи шуми ҷанг аз рӯи Замин гум бошад. Ба назарам, писарам, ҳамаи талабҳои маро Худованди карим дода истодааст. Ман ҳар шабу ҳар рӯз дар қатори фарзандони худ, писари дигарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дуо мекунам, медонӣ, ки Президентамона эҳтиром менамоям, аз нағзбинима ба ана ин шербача номашонро мондаам-ку. Дуои ман холисона, решааш сабз.
– Ба ягон бандаи Худо бадӣ махоҳ, дурӯғ нагӯ, нони ҳалол бихӯр, Ватаната дӯст дор, хурду калона ҳурмат кун, бо ихлосу бовар аз Холиқи бахшандаву бахшоянда талаб намо, ба муродат мерасонад. Аксарияти модарон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуо мекунанд. Дар ҳақиқат, ин шоҳписари тоҷик хок гиранд, зар мешавад. Хоки хунолуди Тоҷикистона аз қадами нопоки бадхоҳон пок карда, ба зар табдил дода истодаанд. Ҳа, модарат пир бошад ҳам, аз ҳамааш бохабар аст. Аз хона намебаром, аммо аз гапу кори дунё бохабарам. Президентамон давоми сӣ сол кори садсолая ба иҷро расонда, бо мардуми Тоҷикистон ҳеҷро ба ҳар чи табдил доданд. Таъриха медонӣ-а? Ба ана инҳо бифаҳмон, – гуфта ба тарафи писарак ишора намуд, – то ки ба қадри Ватану ҳамватан бирасанд.
– Медонам, медонам.
– Донӣ ҳам як бори дигар мегӯям. Сахтакак ба ёдат нигаҳ дор. Ман барин саду яксола шавӣ, ба фарзандони ҳафтодсолаю ҳаштодсолаат нақл карда мегардӣ. Ман соли 1922 ба дунё омадаам. Даврони духтаракиам дар торикиҳо гузашт. Мо, ҳафт-ҳаштсолаҳоро ҳам падару модарамон аз босмачиҳо руст мекарданд. Тарсу ҳарос буд, қиматӣ буд, қаҳтӣ буд. Либосамон аз карбос. Пойи луч мегаштем. Бойдухтарҳо калӯшу маҳсӣ мепӯшиданд, мо куҳнаи онҳоро. Ҳукумати коргару деҳқон ғалаба карда, мактаби нав кушоду хондам, омӯзгор шудам. Бо падарат боумед ба як болин сар мондем. Ту ба дунё омадию раҳматӣ ба ҷанг рафтанд. Танҳо мондам. Мегуфтам, ки акнун тифлакам аз гуруснагӣ нобуд мешавад. Бо баракати меҳнати ҳалоли муаллимӣ ризқурӯзӣ меёфтам. Рӯзи нек, рӯзи зафар фаро расид, аммо аз падарат дараке набуд. Баъди интизорию ноумедиҳо, ниҳоят, соли 1946 бе як пой баргаштанду зиндагӣ маҷрои нав гирифт, одамон аз шаҳди сулҳу амонии фарорасида шоду мамнун буданд…
Пиразан лаҳзае хомӯш монд. Сипас гуфт:
–  Худат медонӣ-ку, оқибат ба Истиқ-лол расидем, аммо бегонаҳо ва бегонапарастон ба сарамон бало оварданд. Барои мо – тоҷикон қиёмат фаро расид, қиёмат. 
– Медонам, медонам. Ҳамон солҳо хавфу хатари парокандагии Ватан ба миён омада буд.
– Ҳа, бар падарат раҳмат, кӣ оташи ҷанга хомӯш кард? Эмомалӣ Раҳмон. –  Оре.
– Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонбозӣ сулҳ оварда, гурезаҳоро баргардонданд. Нон фаровон шуд. Тоҷикистонамон ба давлати ободу сабзу хуррам табдил ёфт. Кадом амалҳои бузурги Пешворо ба ту гӯям. Ба беморон, муҳтоҷон, маҷруҳону ғарибону бекасон доим ғамхорӣ мекунанд. Мо барин пирона рӯи даст бардошта, дуо мегиранд. Ё гапам хатост?
– Гапатон сад фоиз ҳақ асту рост, очаҷонакам.
– Гӯш андоз, ҳарфе хонда будам, аз Муҳаммад Ғаззолӣ. Гуфтааст: «Агарам дуо мустаҷоб гаштӣ, ҷуз бар султони одил дуо накардаме, зеро ки салоҳи ӯ салоҳи ҷаҳон асту оромиши бандагон аст». Бинобар ин, ман ҳамаи шумоён, ҳамаи некгуфтору накукирдор ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуо мекунам. Дуо мекунам, ки доимо саломат, комёб, сарбаланд ва саодатманд бошанду бошетон, минбаъд ҳам хока гиретон зар шавад. 

Субҳон ЁДГОРӢ,
омӯзгори МТМУ №18-и шаҳри Исфара

Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив