ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МО ТАШНАГОНИ ДУОИ МОДАРЕМ

МО ТАШНАГОНИ ДУОИ МОДАРЕМ

03 май 2023, Чоршанбе
24
0


Ҳанӯз дар Юнони бостон ҳунари пайкартарошӣ дар роҳи расидан ба худнигарӣ ва худшиносии мардумони Аврупо нақши чашмрас бозидааст. Моҳияти ҳунари тасвирӣ ва намоишӣ (театрӣ) барои тарбияи фарҳангии мардумон бад - он сон бузург буд, ки Аврупо дар замони Эҳёгарӣ - Ренесанс, садсолаҳои XV - XVIII мелодӣ рӯ ба фарҳанги замонаҳои бостон овард. Дар баробари бознигарӣ ба саргузашти миллати худ, таҳлил ва бозёфти сабабҳои вопасмонии ҷомеа, дар фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва муносибатҳои илм бо боварҳои динӣ, инқилоби фарҳангие барпо гардид. Дар ҳамон рӯзгор санъати «рококо» ва «барокко» дар меъморӣ фарогир гашта, биноҳои бошукӯҳ на танҳо дар Аврупо, балки дар Русия бо он шеваҳои таърихӣ бунёд мегардиданд. Аз ҷумла, дар даромадгоҳҳо ва фарози биноҳо, чорбоғҳои сайругашт, кӯчаҳо, пайкараҳои аз мармару санги хоро тарошида насб мегардиданд. Дар пойтахти Русия - Санкт-Петербург ҳанӯз ҳам сутунҳои такягоҳи биноҳои ҷамъиятӣ бо он пайкараҳои бозтобгари қаҳрамонони асотирии Юнони бостон, чун Аполлон, Атлант, Геракл воистодаанд. Ашрофзодагон бо хонумҳои худ ҳар шомро дар тамошои асарҳои саҳнавие, ки дар он офаридаҳои нобиғаҳои Юнони бостон, чун Эсхил, Софокл, Еврипид ва дигарон ба намоиш гузошта мешуданд, сипарӣ мекарданд.
Асарҳои тасвирӣ, аз ҷумла пайкараҳо бештару зудтар ба зеҳнҳои мардум ҷой гирифта, онҳоро ба ҷаҳони хаёлҳои асотирӣ ва саргузашти хуррам ва, ҳамзамон, фоҷиабори одамон бармегардонд.
Ба пиндори мо ривоҷи ҳунарҳои пайкартарошӣ ва тасвирӣ дар кишвари мо реша дар оғозёбии Эҳёгарӣ - Ренесанс дорад. Давлатсозиву миллат-созӣ дар кишвари мо бо биниши жарфу беҳамтои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон ҳаракати эҳёгарии Аврупоро ба ёд меоварад. 
Бояд бидуни дудилагӣ гуфт, ки офариниши пайкараҳои «Дуои модар» хеле замонавӣ буда, дар тарбияи маънавии мардуми мо аз ҷойи баланде бархурдор хоҳад буд. Бавижа дар рӯзгорони ҷаҳонишавии ҷаҳон, ки ҳатто инсонҳо дар пайи модигароӣ, гаҳе модари худро аз ёд берун мекунанд ва бисёр ба чашм мехӯрад, ки як ҷавон ба сӯйи модари худ сухани хормоя гуфта, дили нозуку пурмеҳри ӯро месӯзонад.
Дар ин росто овардани суханеро дар мавриди муносибати бузургон бо модарони хеш ба ҷо медонем; 
Сабзаалӣ Шарифзода яке аз суратгарони бузурги тоҷик, барандаи ҷоизаҳову унвонҳои бешумори худиву байналмилалӣ саргузашти дилгудозе дорад вобаста ба дуои модар ва меҳрубониҳои модару писар.
Модари Сабзаалӣ, ки дар синни 5 - солагӣ аз ваҳшати ҳамлаи қарақчиёни босмачӣ, ки ба ҷони хонадонашон таҳдид мекарданд, якбора аз гуфтану шунуфтан бозмонд. Ҳарчанд кӯшиданд, дармони лолу безабон гаштани ӯро наёфтанд. Дигар умре аз бузургтарин тавоноиҳои инсонҳо, ки бо сухан изҳори эҳсосу андеша мекунанд ва бо сухану ово ҳамнавои ҳамдигар мегарданд баҳра бурда наметавонист. Аммо аз ҳама пурдард он буд, ки ба гуфтани меҳрубониҳои бепоёни шеваи модарӣ ба фарзанд ва низ бенасиб аз шунидани суханони пурмеҳри фарзанд нотавону ноком монда буд. Аммо модари Сабзаалӣ бесухан низ, дастони пурожангашро ба дуо мебардошт ва мекӯшид садое берун бароварад, то аз дили пурмеҳри ӯ писари якаву ягонааш огоҳ шавад. Шояд Сабзаалӣ хубтар аз мо, ки модари сухангӯ ва суханшунав доштему дорем, дили саршори меҳрашро ба нӯги мӯқалам кӯчонда, ҳамосаи модарро сурудааст. Дар осори  ӯ ҳар гоҳ намоди (образи, символи)  модарро ҷой дода бошад, модари худро бознамоёндааст - модари тоҷики рӯймоли малмалӣ бар сар ва пироҳани фарохдомани кӯҳистонӣ ба бар, бо ҳамон чашмони интизору пур аз изтироб. Ман боре тахмини худро дар мавриди ангезаи ба сураткашӣ даст бурдани Сабзаалиро ошкор карда, пурсидамаш, ки ин пиндори ман дуруст аст, ё на? Ӯ посух дод, ки «… ҳамин модар буд, ки маро суратгар - наққош сохт». Ва пурсид, ки ман аз куҷо медонам муносибати ӯро бо модари зори нотавон аз гуфтору шунидорашро. Гуфтам, ки «амаам дар хонаи мо зиндагӣ мекард ва ба сони модари Шумо аз гуфтору шунидор бенасиб буд. Ҳангоме ки меҳри худро баён карданӣ мешуд, чеҳрааш шукуфону равшан мегашт ва садоҳое аз дил берун мебаровард, ки гӯёи меҳрубониҳояш буд». Ва суратгари барҷаста ин сеҳри наққошонро ба ман ошкор кард: «мо - суратгарон бо чашм мешунавем ва бо модарам бо чашм гуфтугӯ мекардам.»
 Ин андешарониҳоро хулоса кардам, ки «дуои аз жарфои дил берун баромада ниёз ба ҷумласозӣ ва оҳанги навозиш надорад». Бад - он гуна ки Боязиди Бастомӣ гуфтааст: 
Равшантар аз хомӯшӣ, чароғе надидаам,
Ва сухане аз бесуханӣ, нашнидаам.
Ҳунарманди бузурги дигарамон устод Ҳошим Гадо намедонад чӣ гуна фарёди ҷигарсӯз аз сина берун кашад, ки ӯ ҳаргиз модари худро бо чашм надидааст ва ноком аз навозишҳову меҳрофариниҳои модар ба воя расидааст. Ҳошим Гадои тануманду қоматбаланд ҳанӯз ҳам ташнаи дуои модар аст. Шояд барои ҳамин ҳам ин ҳунарманди беҳамто нақшҳои фоҷиавии асарҳои нависандагони бузурги ҷаҳонро бо як ҳунари осмонӣ дар саҳна намоён месозад. Ва то ҳол намедонад, ки пайкари модараш дар куҷо ҷойгоҳи охират пайдо кардааст. Боре шунидам, ки гуфт: «Ман мазори модарамро дар тамоми гӯристонҳои шаҳри Кӯлоб  ҷустуҷӯ кардам, вале пайдо накардам. Ҳамеша дар қаъри дил фарёди ҷонкоҳи бемодариро ниҳон дорам».
Аз авлиёҳои дини Ислом достони Султон Увайси Қаранӣ ва модараш хеле ҷолиб аст; модари бемори Увайси Қаранӣ аз лабони хушкидаи худ садои ҳазине бароварда «об» мегӯяд. Писараш давида косаи об меорад  ва мехоҳад ба зону зада, косаи обро ба модар нӯшонад. Аммо пай мебарад, ки чашмони модари чанд шабурӯз хоб надида моили хобанд, дар ҷо шах мешавад ва дар интизории бедор гаштани модар, соате коса ба даст рост меистад. Ҳангоми чашм кушодани модар Султон Увайси Қаранӣ косаи обро ба лабони модар бурданӣ мешавад, вале мебинад, ки оби коса ба ях табдил гаштааст. Ин достон , гарчи баҳсбарангез намояд ҳам, (зеро дар Қаран ҳеҷ вақт ҳарорати ҳаво манфӣ набуд, яъне ҳаргиз дар он замин боду ҳавои сард, ба дараҷаи - 0 пойин нафаромадааст), хеле ширин офарида шуда, гӯёи меҳри зебои фарзанд ба модар мебошад.
Модари Зартушт Дӯғду (Дӯғдуя) ном дошт, яъне ширҷӯш. Ва дар «Авасто»  занони ширдӯш аз ситоиш баҳраманданд. Зартушт ба ҳангоми зода шудан гиря намекунад, бо табассум ба ҷаҳони равшан меояд.
Гузаштагони дури мо бинобар офаранда будани зан, ӯро ҳамбару ҳампояи Замин хондаанд. Ҳамин аст, ки саросари китоби «Авасто» пур аз суханоне дар ситоишу гиромидошти Зан ва Замин аст. (Воқеан, нахустин одамони Заминро «модар» хонда, аз миёни ориёитаборон, тоҷикон ва русҳо мебошанд.) Ончуноне ки дар Фарвардин яшти «Авасто» (бандҳои 153, 154), хонда мешавад:
«Эй Аҳурамаздо! Занонро меситоям. Занонеро, ки аз беҳтарин ошо (офариниши нек), бархурдоранд, меситоям».
Дар сурудаҳои «Авасто» занро барои фарзандоварӣ зиндагибахш донистаанд ва аз ин рӯ, тоҷикон дар бостон фарзандро пушти модарӣ мешуморидаанд, на падарӣ. Ва Заминро бад - он хотир низ, модар хондаанд.
Чун модари ширҷӯшу ширмоҳи Зартуштро ёдовар шудем, модарони деҳоти тоҷик пеши рӯямон омаданд. Модарони деҳот  ба говони ҷӯшо пайвастагии вижае доранд ва ин дархӯри ангезаест. Ангезаи бо шири сина парваридани фарзанд ва дар ҳолати ноҷӯрии худ, парвариши шоистаи кӯдакро бо хӯрокҳои ширӣ идома бахшидан, яъне як рисолати модариро бар дӯши ин чорвои баракатбахш вогузоштан. Ман дар кӯдакӣ пай бурда будам, ки говони ширдеҳ низ, занони покизаву меҳроварро дӯст медоранд. Ҳар гоҳ гови ширдеҳи мо аз пода бармегашт, бо тамоми ҳастӣ сӯйи ҳавлиамон медавид. На танҳо барои он ки он ҷо ӯро гӯсолааш интизор буд, балки ӯро модари ман бо сатили моломоли хӯроки «тарит» ва докаи дар оби гарм тар карда (барои шустани пистони гов) ва суханони пурмеҳр ба сони «эш,эш», «садқаи кокулони дарозат шавам...», интизор буданд. Гови мо ба ҷуз модар каси дигареро барои дӯшидани пистонаш роҳ намедод;  Зани бародарам ҳатто бо пӯшидани либоси модар наметавонист ӯро фиреб диҳад. Гов чашмонашро пурдаҳшат, нафасашро фашшаскунон бароварда, ба сӯйи арӯс лагад мепартофт. 
Мавзуи гиромидошти модар дар ҳунари пайкартарошии тоҷик пешинаи ду - се даҳсола дорад. Аммо модари даст ба дуо бардошта нав аст ва чуноне гуфта шуд, пайкартарошон гумон ба яқин меравад, барои офариниши намоди модар аз навори телевизионии бахшида ба модари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бардошт кардаанд. Пайкартароши нозукхаёл, арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Ғафурҷон Ҷӯраев ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Толибҷон Боқиев дар офаридаҳои худ ҷаҳони саршор аз умеду орзуҳо, бо тамоми ҳастӣ аз Худо хоҳиши тандурусту комёбиҳои  фарзанд ва ҳамеша ташнаи дидори ӯ буданро бо ҳунари баланд бозтоб намудаанд. Барои ин ба ҷузъиёти симову пайкари модар жарфбинона нигоҳ карда дарёфтаанд, ки модари аз навори телевизионӣ дидаашон бо сарулибос, шеваи рӯймолбандии ниҳонгари пичаҳои сафедаш, пироҳани ҳалил бо остинҳои кушода, чашмони болояшон пилкҳои хамида, дорои ҳама вижагиҳои модари тоҷики кӯҳистон мебошад. Шунидам, ки дар шаҳри Кӯлоб ҷуфтҳои ҷавон рӯзи ақди никоҳ ба назди пайкараи модар омада, дар назди намоди (символи) модари даст ба дуо бардошта, сари таъзим фуруд меоваранд. Ва низ шаҳи (домоди) бемодаре ҷилави эҳсоси худро аз даст додаву даст бар пои сангии модар ниҳода, ашк мерезонад.
Ва бояд гуфт шаҳрдорони шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб дарёфти хуби хирадмандона кардаанд; пайкараҳои модар дар ҷойҳое насб шудаанд, ки ҳар рӯз садҳо ҷавон дар паси фармони автомобилҳо ва ё идорасозии ҳавопаймоҳо ба сафар мебароянд ва низ чандин касонро бо худ мебаранд. Ин ки дар оғози роҳпаймоӣ он пайкараҳоро мебинанд дуои модарро ҳатман ба ёд хоҳанд овард: Бачам, сиҳату саломат ба макони сафарат рафта, бо тани сиҳат ва вақти хуш ба хонаат бозгардӣ…….  
Ба гумони мо, ин дуои модар ҷавононро вомедорад, ки дар сари фармони автомобил саросемагӣ накунанд, боэҳтиёт бошанд, зеро дар ҳамаи сафарҳо хатаре ниҳон аст ва аксари онҳоро бо хираду андешамандӣ метавон пешгирӣ кард. Дуои модар ҳамсони зориву таваллост. Балки амрест, боястӣ ҳатман иҷро шавад. Ӯ барои сарсабзии фарзанд Худоро зорӣ мекунад, ки «Ҳазрати Хоҷаи Хизрро» ҳамраҳу раҳнамояш кунад.  
Набояд фаромӯш кард, шоҳону сипаҳбадони мо дар замони бостон пеш аз баромадан ба корзори нигаҳбонии марзу буми Меҳан, ҳатман аз модар дуо мегирифтанд. Ҳамон гуна ки Шоҳ Фаридуни фаррух пеш аз баромадан ба ҷанги Заҳҳоки морбадӯш аз модар дуо мехоҳад:
Фаридун чу гетӣ бар он гуна дид,
Ҷаҳон пеши Заҳҳок вожуна дид.
Сӯи модар омад камар бар миён,
Ба сар барниҳода кулоҳи каён.
Ки: «Ман рафтаниям сӯи корзор,
Туро ҷуз ниёиш мабод эч кор.
Фурӯ рехт об аз мижа модараш,
Ҳаме хонд бо хуни дил довараш.
Ба Яздон ҳаме гуфт: «зинҳор ман,
Супурдам ба ту, эй ҷаҳондор, ман!
Бигардон зи ҷонаш ниҳеби бадон,
Бипардоз зи гетӣ нобихрадон!»

Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи    Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ       

Санаи нашр: 03.05.2023 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив