ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗОТПАРВАРӢ. КАДОМ МУШКИЛ РОҲИ ПЕШРАВИРО ГИРИФТААСТ? 

ЗОТПАРВАРӢ. КАДОМ МУШКИЛ РОҲИ ПЕШРАВИРО ГИРИФТААСТ? 

04 май 2023, Панҷшанбе
70
0

 

Бо мақсади пешрафти соҳаи зотпарварӣ ва зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз моҳи августи соли 2019 воридоти чорвои зотӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуд. Бо истифода аз имтиёзҳо сол ба сол воридоти чорвои зотӣ бештар мегардад. 
Мувофиқи тадқиқи коршиносон, соли рафта 1473 сар чорвои калон ва 207 сар моли хурди зотӣ ворид гашт, ки назар ба панҷ соли охир яку ним-ду маротиба зиёд аст. Аз ҳисоби воридот якчанд фермаи нави чорвои зотӣ таъсис ёфт. Натиҷаи дастгириҳо буд, ки дар ҷумҳурӣ нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво аз 80 ба 297 адад расид, ки аз ин шумора дар бахши ҷамъиятӣ 75 ва дар бахши аҳолӣ 222-то фаъолият доранд.

ВАҚТЕ АЗОТИ МОЕЪ НАМЕРАСАД…
Аз таҳлили мутахассисони соҳа бармеояд, ки роҳи асосии зиёд гардидани саршумори чорвои зотӣ бордоркунии сунъӣ аст. Бо ин тарз, зимни истифодаи як буққа, така ва қӯчқори наслии дорои иқтидори баланди маҳсулнокӣ ҳазорон сар насли хушзот гирифтан мумкин. Аммо таҳлили вазъи имрӯзаи соҳаи чорводорӣ нишон медиҳад, ки ҳарчанд давоми панҷ соли охир саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёд бошад ҳам, сифати парвариши чорвои зотӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Чунончи, аз маълумоти масъулони соҳа бармеояд, ҳоло беш аз 93 дарсади саршумори чорвои калон ва 81,8 дарсади саршумори бузу гӯсфанд ба бахши аҳолӣ рост омада, аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартии зот пурра ҷавобгӯ нестанд. Сабаб дар чӣ бошад? 
Вақте бо доктори илмҳои кишоварзӣ, мудири озмоишгоҳи биотехнологияи инноватсионии чорвои Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Шарофҷон Раҳимов, ҳамсуҳбат шудем, гуфт, ки дар мадди аввал пурра таъмин набудани чорвои мавҷуда бо хӯрока, дараҷаи пасти ҳосилнокии чарогоҳҳо ва таназзули онҳо, набудани корхонаҳои махсусгардондашудаи истеҳсоли хӯроки серғизо, дараҷаи пасти занҷираи иловагардидаи истеҳсоли маҳсулоти чорво, набудани инфрасохтори зарурӣ барои парвариши чорво дар хонаводаҳо ва, алалхусус, пешбурди корҳои зотпарварӣ ва бордоркунии сунъӣ проблемаҳое ҳастанд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа таъсири манфӣ мерасонанд. Ба гуфтаи ӯ, соли 1990 дар ҷумҳурӣ 413 нуқтаи бордоркунии сунъии чорвои калон мавҷуд буд, ки то 50 дарсади талаботи фермаҳоро таъмин мекард. 
Коршиносон сабаби ба вуҷуд омадани мушкилиро аз натиҷаи манфии таҷдиди хоҷагиҳои чорводорӣ ва аз байн рафтани фермаҳои махсуси ширӣ медонанд. Дар хоҷагиҳои хурд ташкил кардани бунгоҳи бордоркунии сунъӣ мушкил ва гарон мебошад. Ҳарчанд нуқтаҳои мавҷудаи бордоркунии сунъӣ дорои таҷҳизоти ҳозиразамон бошанд ҳам, таъмини онҳо бо азоти моеъ пурра қаноатбахш нест. Мутахассисон низ, намерасанд. 

МУШКИЛИ № 1
Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва харидуфурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзӣ Ҳофиз Муқимзода, изҳор дошт, ки воқеан, баробари рушди ҳар соҳа душвориҳо низ, ба миён меоянд. Мушкилии рақами 1, ки ба фаъолияти пурсамари нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ таъсири манфӣ мерасонад, кам будани корхонаҳои истеҳсолкунандаи азоти моеъ мебошад. Ҳар сол аз нарасидани ин маҳсулот ҳазорҳо воя нутфаҳои истеҳсоли ватанию хориҷӣ корношоям шуда, зарурати харид намудани дастгоҳи азотистеҳсолкуниро ба миён меорад. Истеҳсолкунандаи азоти моеъ Институти физикаи Академияи миллии илмҳо буда, филиалҳои он дар асоси шартнома бунгоҳҳои бордоркунии сунъиро бо азоти моеъ таъмин месозанд. 
Дастгоҳи истеҳсолкунандаи азоти Институт аз солҳои 60-уми асри гузашта фаъолият дошта, ҳоло бо сабаби фарсуда шудан, зуд-зуд аз кор мемонад ва таъмири он моҳҳо кашол меёбад. Аз ин сабаб, азоти моеъ истеҳсол намешавад ва зарфҳои “Дюар”-и нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ бе азоти моеъ монда, нутфаҳои дохили он корношоям мегарданд. Коршиносони масоили чорводорӣ иброз медоранд, ки нутфаҳо бояд дар зарфи махсуси азоти моеъдори “Дюар” дар ҳарорати 196 дараҷа хунук нигоҳ дошта шаванд. Дар ҳар ду моҳ зарфи “Дюар”-ро (ғунҷоишаш 20 – 50 литр) бо азоти моеъ пур кардан лозим меояд, чунки азоти моеъ бухор шуда кам мегардад. Сифати нутфаи буққаҳои зотӣ аз омилҳои хӯрондан ва шароити нигоҳубин низ, вобастагии калон дорад. Бинобар ин, ратсиони шабонарӯзии буққаҳои наслӣ аз рӯи намуди хӯрока, сифати он ва ғизонокӣ бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад. Мунтазам ба чорво тухми хом, сабзӣ ва лаблабуи қанд додан зарур аст. Аксар вақт, бо сабаби имкониятҳои маҳдуди молиявӣ, ин талабот риоя намешавад ва сифати нутфаҳо паст ва қобилияти бордоркунии онҳо суст мегардад. 
– Яке аз сабабҳои ҷиддии рӯ ба таназзул овардани соҳа, набурдани корҳои зотпарварӣ, аз ҷумла селексия аст, ки аз тарафи мутахассисони соҳа (зоотехникҳо) ба роҳ монда мешавад, – гуфт зоотехник Абдулмуъмин Маҷидов. – Дар фермаҳо чорвои барои бордоркунии табиӣ пешбинигардида дар пода ё рамаҳо солҳо нигоҳ дошта мешаваду бордоршавии хешутаборӣ падид меояд, ки хилофи талаботи зоотехникӣ аст. Дар натиҷа маҳсулнокии чорво ва вазни зиндаи он паст шуда, насли нав ба бемориҳои ирсӣ дучор мегардад. 
Мутахассис, ҳамзамон, тавзеҳ дод, ки бо тағйир ёфтани шакли моликият дар хоҷагиҳои чорводорӣ штати зоотехник аз байн рафт. Ҳол он ки корҳои зотпарварӣ, яъне бордоркунии сунъӣ, селексия, баҳодиҳии чорво аз рӯи сифат, гузарондани ширҷӯшии назоратӣ, муайян кардани сифати шир аз вазифаи касбии зоотехникҳо ба ҳисоб мераванд. 
Гузашта аз ин, хоҷагиҳои чорвопарварӣ барои фурӯши чорво аз рӯи класснокӣ ҳавасманд нестанд. Барои ин, бояд чорвои фурӯшӣ варақаи зотӣ (племенная карта) дошта бошад ва барои муайян кардани таркиби ирсӣ ва мавҷудияти бемориҳои сироятӣ ташхиси озмоишии хун гузаронда шавад. Ин амал маблағи муайянро талаб менамояд ва роҳбарон ба он ҳавасманд нестанд. Ин проблемаи дигари таназзули соҳа мебошад. 
Шарофҷон Раҳимов таъкид кард, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ олимон ва мутахассисони соҳа ба чанд дастовардҳои селексионӣ: офаридани аспи зоти тоҷикӣ, зоти алои говҳои ширдеҳи тоҷикӣ, бузҳои серпашми тоҷикӣ, гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ, қутосҳои помирии типи “Зарафшонӣ”, говҳои типи тоҷикии сергӯшт, гӯсфанди ҳисории типи “Шаҳринавӣ”, типи тоҷикии занбӯри асал муваффақ гаштанд. Ҳамаи ин дастовардҳои селексия аз тарафи комиссияи махсуси давлатӣ баҳогузорӣ шуда, Вазорати кишоварзӣ тасдиқ кардааст. Аз ин хотир, мушкилиҳои ҷойдошта набояд ба дастовардҳои ноилгашта таъсири манфӣ расонанд.

 
АЗ ОШКОРИ КАМБУДИҲО ТО  БЕФАЪОЛИЯТИИ 15 ХОҶАГӢ
Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият”, гуфт, ки зотпарварӣ муносибати илмии инсон бо ҳайвоноти зинда мебошад, ки онро зооинженерон, олимон, мутахассисони соҳавӣ амалӣ менамоянд ва дар натиҷаи корҳои селексионию таҷрибаҳои чандинсола (на кам аз 10 сол) зотҳои навро ба вуҷуд меоваранд. Надонистани маҷмуи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зотпарварӣ, ба он оварда мерасонад, ки чорвои сермаҳсули зотӣ барои хароҷоти хоҷагӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки ба нестшавии чорвои зотӣ ё ба камшавии саршумори он боис мегардад. Хоҷагиҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликият) барои пардохти ҳама намуди хароҷот аз ҳисоби фурӯши чорвои зотӣ истифода мебаранд, ки чунин ҳол дар соҳаи зотпарварӣ ташвишовар аст. Аз рӯи қонун ва қоидаҳои зоомуҳандисӣ, фурӯхтан ё куштани (ба истиснои ҳолатҳои физиологӣ) чорвои модинаи зотӣ мумкин нест. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд ба хоҷагиҳои зотпарвар бисёртар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва барои хусусигардонии хоҷагиҳои зотпарварӣ роҳ надиҳанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки хоҷагиҳои зотпарварӣ баъди хусусигардонӣ барҳам мехӯранд ё аз фаъолият бозмемонанд. 
Мувофиқи таҳлили Кумита, аз 80 хоҷагии зотпарварӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2021, №570 “Дар бораи шабакаи муассисаву корхона, ҷамъият, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ” тасдиқ гардидаанд. 15 хоҷагӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои зотпарварии ҶСК ба номи «Э.Бойматова»-и шаҳри Конибодом, “Раҳмон Набиев”-и ноҳияи Б.Ғафуров, “Парандапарвар” ва “И.Меликмуродов”-и ноҳияи Шаҳринав, ҶДММ “Чорводор”-и ноҳияи Кӯшониён, “Тебалай”-и ноҳияи Муъминобод, “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз, бо сабаби надоштани саршумори чорвои зотӣ фаъолият надошта, ба ном ҳамчун хоҷагии зотпарварӣ ҳисобида мешаванд. 
Пас, гуфтан мумкин аст, ки барои рушди минбаъдаи соҳа бисёр монеаҳо садди роҳанду ҳалли саривақтии худро тақозо доранд. Ин ҷо чанд пешниҳоди мутахассисон, аз ҷумла Шарофҷон Раҳимов, ба манфиати кор хоҳанд буд. Якум, пеш аз ҳама, захираҳои ирсии чорвои мавҷуда бомақсад аз рӯи маҳсулнокии онҳо истифода шаванд. Дуюм, аз рӯи меъёр таъмин намудани чорво бо хӯроки серғизо. Дар аксари хоҷагиҳо норасоии замини кишти зироатҳои хӯроки чорво дида мешавад ва ин ҳолат бисёртар ба аҳолӣ, яъне хоҷагиҳои шахсӣ, тааллуқ дорад. Аз сабаби он ки 93 дарсад чорвои калон ва 81,8 дарсад бузу гӯсфандон дар хоҷагиҳои шахсӣ парвариш мешаванд, ҷорӣ ва истифода намудани технологияҳои пешқадами парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти чорво, ҳамчунон, истифодаи технологияҳои каммасрафи истеҳсолӣ имконнопазир мебошад. Инчунин, барои рушди минбаъдаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ба таври кофӣ набудани корхонаҳои коркарди пашму пӯст низ, таъсири манфӣ мерасонад.  
Метавон хулоса кард, ки барои беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, зиёд кардани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, васеъсозии майдони кишти хӯрокҳои ширадори чорво, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво метавонанд ба рушди соҳа таҳрик бахшанд. 

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив