ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОКПАРВАРӢ.  ҲИСОР МАКТАБИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

ТОКПАРВАРӢ.  ҲИСОР МАКТАБИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

04 май 2023, Панҷшанбе
35
0


Тули солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд намудани майдони боғу токзор, афзун гардондани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқи содиротӣ, тадбирҳои зиёди муассир  роҳандозӣ гардиданд. 
Бо назардошти самаранокӣ ва манфиати соҳаи мазкур имрӯз дар мамлакат бунёди боғу токзор сол ба сол меафзояд. Хусусан, водии Ҳисор дар ин самт ба комёбиҳои чашмрас ноил гашта, ба боғистон табдил ёфтааст.  Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода – «Ватан-2008», «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Боғи Сомон», ки аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарвариро доранд, аз ҷумлаи хоҷагиҳои машҳур дар дохилу хориҷи кишвар маҳсуб меёбанд. 
Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2011 ташкил шуда, масоҳати замини он 105 гектарро ташкил медиҳад. Роҳбарии онро Расулҷон Усмонов ба зимма дорад. Дар хоҷагӣ 165 нафар саҳмдор кор мекунад, ки ҳар кадоми онҳо бо аъзоёни оилаи худ фаъолият доранд. Дар 100 гектар ангури навъҳои «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» «Президент», «Аватар» ва ғайра парвариш мешавад. Ҷиҳати захира кардани ҳосили токзор  дар назди хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот буда, иқтидори ғунҷоиши 500 тонна маҳсулотро дорад. 
Деҳқони пуртаҷриба Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, роҳбари хоҷагӣ чунин иброз дошт:
– Кори пуршараф ва заҳматталаби  боғу токпарварӣ ба мо аз бобоҳоямон  мерос мондааст. Аҳли оилаи мо аз файзу баракати боғпарварӣ рӯзгори худро пеш мебаранд. Пеш аз ҳама, ин ҳама дастоварду пешравии корамонро аз  ғамхории доимӣ ва қадамҳои файзбори Сарвари давлат медонам. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба хоҷагии деҳқонии мо ташриф оварданд ва ба мо ҷиҳати рушди соҳа тавсияҳои судманд доданд. Таваҷҷуҳи ғамхоронаи он кас дар ин самт аст, ки имрӯз сафи боғпарварон меафзояд. Бо ифтихор мегӯям, ки имрӯз сокинони деҳаи мо – Янгибоғ ҳама ангурпарвар мебошанд, онҳо, аллакай, мутахассиси соҳа буда, аз нозукиҳои ин пеша пурра бархурдоранд. 
Мардум аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар ноҳияҳои мамлакат  омада, аз мо маслиҳат мепурсанд. Мо ба онҳо ба таври ройгон усулҳои парвариш, тарзи истифодабарӣ аз нуриҳои минералӣ ва интихоби ниҳолҳоро меомӯзонем. Онҳое, ки боғ бунёд намуданд, имрӯз аз ангурбоғи хоҷагиашон бо усули чайлов ҳосили фаровон мегиранд. Талошҳои пайвастаи мо ба он равона гардидааст, ки мамлакатамон дар қатори кишварҳои пешрафта қарор гирад. Ҳамзамон, сатҳи зиндагии мардум беҳтар ва дастархони сокинон пурнозу неъмат гардад.  
Токпарварӣ соҳаи сердаромад буда, аз ангур бисёр маҳсулот, аз қабили мавиз, навъҳои гуногуни шириниҳо, аз тухмаш равған  омода кардан мумкин аст. 2 сол боз мо истеҳсоли мавизро ба роҳ мондаем. Ангурро ба таври табиӣ, ба воситаи Офтоб хушк мекунем. Бинобар ин, ҳозир кӯшиш дорем, ки  парвариши ангури мавизбобро афзун созем. Соҳибкорон қаблан аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон мавиз ворид мекарданд, имрӯз бошад, деҳқонони мо худашон бозорҳои дохилиро бо мавизи хушсифати истеҳсоли ватанӣ таъмин менамоянд.
Хоҷагиҳои болозикр айни ҳол бо олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва АИКТ ҳамкории қавӣ ба роҳ монда, аз рӯи  илм  амал мекунанд. Аз хориҷи кишвар навъҳои гуногуни токро оварда, онро дар қитъаи навсанҷӣ таҷриба намуда, парвариши навъҳои минтақабоби ба иқлими мамлакат мусоидро ба роҳ монда, ба деҳқонон тавсия медиҳанд. 
Дар ин радиф месазад, ки аз фаъолияти пурсамари Кооперативи тиҷоратии “Ангурбоғ”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Алишер Навоии  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёдрас шавем. Хоҷагии мазкур   дорои 21 гектар замин аст, ки 16 гектари он ангурбоғ мебошад. Айни ҳол 35 нафар дар ин хоҷагӣ бо шуғл фаро гирифта шудааст.
Чунонки сарвари хоҷагӣ Ҳоҷӣ Акрам Иззатов изҳор дошт, дар хоҷагӣ 10 навъи ангур, аз қабили «Ҳусайнӣ», “Чиликии арӯсии сафеду сиёҳ”, «Ғалаба», «Шоҳона», “Кардинал”, «Пешпазак», «Кишмиши сафеду сиёҳ» ва “Президент” парвариш мешавад.  Боиси ифтихори мо – боғпарварон аст, ки Сарвари давлат соли 2015 аз фаъолияти хоҷагии мо дидан намуда, ба меҳнати аҳли кормандони хоҷагӣ баҳои хуб доданд. Ҳамзамон, ба мо тавсияҳои судбахш доданд, ки ин боиси руҳбаландӣ ва рушду пешрафти кори деҳқонони хоҷагӣ гардид.  
Чунонки иттилоъ ёфтем, Ҳоҷӣ Акрам Иззатов сокини деҳаи Янгибоғ, Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода буда, дар деҳаи мазкур сарварии Хоҷагии деҳқонии “Хадичаона”-ро низ, ба уҳда дорад. 
Мусаллам аст, ки бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна ва афзудани истеҳсоли маҳсулот омили муҳими расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Аз ин хотир, рушди соҳа беш аз пеш ба равнақу пешрафти давлат мусоидат менамояд. Бошад, ки кишоварзон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, то ҳадди имкон дар ин самт ҳиссагузор бошанд. Бо ин роҳ, меваҳои лазизи ватанӣ, хосса ангури шаҳдбори  Тоҷикистонро, ки дар ҷаҳон камназир аст, ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив