ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. САНОАТ СОҲАИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ!

ВАНҶ. САНОАТ СОҲАИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ!

10 май 2023, Чоршанбе
21
0


Дар ҷаласаи  ҷамъбастӣ натиҷаҳои  рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ванҷ дар семоҳаи аввали соли 2023 маълум гардид, ки ноҳияи Ванҷ дар татбиқи барномаҳои стратегии аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ намудани кишвар, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва, инчунин, саноатикунонии мамлакат ба яқ қатор дастовардҳо ноил шуда, дар роҳи рушди устувор қарор дорад. Нишондодҳо аз он далолат мекунанд, ки нақшаи қисми даромади буҷет 104, 3 фоиз иҷро гардида, ҳоло дар ноҳия 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад. Ҳамзамон, дар асоси барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии  ноҳия  то  соли 2025-ум 116 лоиҳа, ба маблағи 174,4 миллион сомонӣ амалӣ мегардад ва 19 лоиҳа, аллакай, татбиқ шудааст, - иброз дошт Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ.

КИШОВАРЗӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК МЕБОШАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба заҳмати кишоварзони мамлакат  баҳои баланд додаанд, ки боиси хушнудӣ ва сипосмандии аҳли деҳоти Ванҷи пурганҷ низ, гардидааст.
   Чӣ тавре ки аз натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа маълум гардид, аз ҳама муҳимаш, дастовардҳо дар бахши кишоварзӣ сол ба сол зиёд мегарданд. Ҳоло маъракаи киштукори баҳорӣ дар минтақаҳои поёнии ноҳия ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Вотхуд, ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев ва Ҷовидон қариб ба охир расида, дар деҳоти водии Ванҷи Боло ва дар деҳаҳои дурдасту баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Язгулом хуб ҷараён дорад. То охири мавсим дар майдони 556 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 345 гектар картошка, 189 гектар сабзавот ва 280 гектар зироатҳои хӯроки чорво кошта мешаванд. Дастуру супоришҳои Роҳбари кишварро оид ба дастгирии деҳқонон ва дигар сокинони деҳот ба ҷо оварда, аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии ноҳияи Ванҷ ба миқдори 22 тонна тухмии картошка ва 6 тонна тухмии лӯбиёи хушсифати  серҳосил  дастрас гардидааст.
Рушди пешрафти соҳаи чорводорӣ низ, дар ноҳия пешрафти назаррас дорад. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 17 ҳазору 135 сар чорвои калон, 41 ҳазор сар бузу гӯсфанд, 41 ҳазору 350 сар паранда ва 1082 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. 

МУСТАҚИЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ НОҲИЯ БА РУШДИ САНОАТ ТАКОН МЕБАХШАД
Одинашо Мардзода иброз дошт, ки солҳои пеш норасоӣ ва камбуди неруи барқ ба рушди саноат, бунёди корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ монеаи ҷиддӣ эҷод мекард. Бо ҳамин сабаб, корхонаи истеҳсоли тахтасангҳои мармарини мавзеи Пайшанбеобод аз кор ва бунёди корхонаи коркарди меваву сабзавоти маҳаллаи Пуниҷегунии шаҳраки Рохарв нотамом монд. Дар ноҳия танҳо корхонаҳои хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чӯб ва мева, аз ҷумла истеҳсоли равғани ангату чормағз,  фаъолият мекарданду халос.  
Алҳол тамоми деҳоти ноҳия бисту чор соат бо барқи доимӣ таъмин аст. Чунин пешрафт дар соҳаи энергетика ба он мусоидат менамояд, ки дар ин минтақаи Бадахшон, ки аз маъданҳои пурқимат басо бой аст, корхонаҳои калон ва хурди саноатӣ бунёд карда шаванд. Дар домони пиряхҳои Федченко ва Хирсон корхонаҳои коркарди мармари аълосифат  сохта мешаванд. Корхонаҳои истеҳсоли санги мармари сафеди мавзеи Пайшанбеобод ва коркарди меваву сабзавоти маҳаллаи Пуниҷегунӣ ва боз чандин коргоҳҳои хурду бузург, аз ҷумла корхонаи дӯзандагии маркази ноҳия дар маҳаллаи фурудгоҳ аз ҷониби ҷавонмарди ҳимматбаланд Калон Дамдоров бо фарогирии бештар аз 50 нафар бонуи хонашин ба  фаъолият шуруъ мекунад.
Дар семоҳаи аввали  соли 2023 дар ноҳия  ба миқдори зиёда аз 12 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 474 ҳазору 600 сомонӣ зиёдтар мебошад. Корхонаҳо ва коргоҳҳои хурди истеҳсолии соҳибкорон низ, ба маблағи 1 миллиону 517 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар мавзеи Ардобаки  Ҷамоати деҳоти Ҷовидон бо ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба бунёди парки инноватсионӣ ва сохтмони корхонаи “Обҳои ташнашикан” ба маблағи 60 миллион доллари амрикоӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин маросим муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ  ва дигар масъулини соҳа иштирок карданд. Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, ки баҳри рушди соҳа захира ва имкониятҳои фаровоне мавҷуданд, бунёди чанд корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.     

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ  ВА ОБОДОНӢ 
Дар ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2023 дар кӯтоҳтарин фурсат бисёр иморатҳои куҳнаву фарсуда чапа карда мешаванд ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо кумаки Ҳукумати кишвар солҳои охир дар маркази ноҳия ва деҳот зиёда аз 120 иншоот ва биноҳои ҳозиразамони бисёрошёна қомат афрохтанд. Биноҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Язгулом, нозироти андоз, прокуратура, суд, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, маориф, қасри фарҳанг, маҷмаи маркази  хизматрасонии бисёрсоҳа ва маркази тиҷоратии “Ванҷ сити”, кӯдакистони сеошёна, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бунай ва ибтидоии макони нави аҳолинишини Дашти Язгулом аз зумраи ин бунёдгарӣ ва созандагиҳо маҳсуб мегарданд.
Имрӯзҳо дар бунёди бинои раёсати молия, ҳамчунин, чандин марказҳои хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ корҳо хуб ҷараён доранд. Дар маҷмуъ, роҷеъ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 иншооти самти иҷтимоӣ ва саноатӣ  сохта мешавад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки сокинони деҳот низ, дар деҳоти водиҳои Вотхуд, Ванҷи Боло ва Язгулом дар партави дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат  биноҳои бисёрошёна ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҳозиразамони меъмориву шаҳрсозӣ бунёд мекунанд. 
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ, мувофиқи нақша дар семоҳаи якуми соли 2023 барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо бо кумаки Вазорати нақлиёти кишвар бисёр корҳоро ба ҷо овард. Алалхусус, роҳдорон тавонистанд, ки бо шуҷоат ва мардонагии худ оқибатҳои барфбориҳои шадид ва тармафароиҳои бесобиқаи 13-19 феврал ва сармоҳои беқиёси фасли зимистонро  пушти сар  намоянд. Дар семоҳаи якуми соли 2023 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ 27 ҳазору 334 сомонӣ барои таъмиру барқарор намудани роҳҳои маҳаллии байни деҳот маблағгузорӣ  шуд. 
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 адад автобуси замонавӣ, 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ барои хизматрасонии аҳолии ноҳия дастрас шудааст. Акнун сокинони деҳоти водиҳои Вотхуд, Язгулом ва Ванҷи  Боло имконият пайдо карданд, ки  аз чунин нақлиёти мусофиркашонӣ бо нархи арзон истифода намоянд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”,

Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив