ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗОБОД. ЧАРО ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ТАВАЛЛУДХОНА ШУД?

ФАЙЗОБОД. ЧАРО ШУЪБАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ТАВАЛЛУДХОНА ШУД?

10 май 2023, Чоршанбе
126
0


Ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Коҳиш додани беморӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар тиб, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодҳо, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии маъюбон, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими соҳа боқӣ мемонанд. 
Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Файзобод якҷо бо Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобишо Холзода, раиси ноҳияи Файзобод дар Ҷамоати деҳоти Мискинобод, ки ба Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлол табдили ном кард, чанд иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Мискинобод бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ баъд аз таъмиру навсозӣ ба фаъолият пардохт. 
Шуъбаи мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд гардид. Дар сохтмони он 25 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Тибқи лоиҳа, шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи минтақавии деҳаи Мискинобод дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, баробари ба истифода додани он беш аз 20 кас бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Агар замоне мардуми маҳаллӣ аз ин шуъба бо таърифу тавсиф ёдовар мешуданд, ҳоло вазъият чунин нест. Ҷойи таассуф аст, ки аз фаъолияти он ҳамагӣ 2 сол гузашта, аллакай, фарши роҳравҳояш харобу валангор шудаву дар фасли зимистон системаи гармидиҳӣ чандон фаъолияти хуб надошт. Аз ҷумла, масъалаи доғ бо об пурра таъмин набудан маҳсуб мешуд, ки ҳоло тамоман аз фаъолият бозмондааст. 
Имрӯзҳо масъулон шуъбаи бемориҳои сироятиро, шуъбаҳои таваллудхона, муолиҷавӣ ва бемориҳои кӯдакона кардаанду аз шуъбаи бемориҳои сироятӣ дараке нест. 
Намояндаи ноҳия дар нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти соли 2022 гуфта буд: “Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар шуъбаи мазкур шуъбаҳои дигарро ҷойгир кард. Беморхонае, ки дар он солҳои дароз касалиҳои инфексиониро табобат мекарданд ва дар давоми 2 сол гирифторони коронавирус доруву дармон гирифтанд, ҳоло вуҷуд надорад. Гӯё бемориҳои вирусӣ аз байн рафтанду беморхона ҳам”.
Ҳамчунин, ин масъалаи ҳалталаб дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, доир ба ҷамъбасти соли гузашта мавриди назар қарор гирифт.
Ҷамолиддин Абдуллозода, доир ба шуъбаи бемориҳои сироятӣ посухи мушаххас надода, ҷо кардани шуъбаи таваллудхонаро танҳо ба таъмири беморхонаи марказии ноҳия рабт дод.
Суҳроб Ҷобиров, сартабиби беморхонаи марказии ноҳия, дар посух ба муроҷиати мо ҷавоби норӯшан дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин шуъба танҳо гирифторони коронавирус хоб будаанд ва онҳо хатар ба модару кӯдак надоранд. Ба ҳамин хотир, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дод. 
Барои ошно шудан бо ҳолати кори шуъбаи бемориҳои сироятӣ хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба ноҳияи Файзобод рафт ва хост бо Асадулло Расулов, сардухтури беморхонаи минтақавии деҳаи Мискинободи Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлол, суҳбат кунад. Номбурда аз суҳбат бо мо дурӣ ҷуст. “Ин аз мо вобастагӣ надорад, ҳамааш дар боло ҳал шудааст”. Маълум набуд, ки “боло” гуфта, роҳбарияти ноҳияро дар назар дошт ё вазоратро. Баръакси ҳама иттилоъ, Асадулло Расулов табобати коронавирусро дар ин ҷо инкор кард.  
Дар ҳамин ҳол директори маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия Комилҷон Латипов, изҳор дошт: “Дар бинои бемориҳои сироятии деҳаи Мискинобод ягон маротиба поккорӣ, тамйизгардонӣ ва безараргардонӣ нагузарондаем. Барои кӯчондани шуъбаи таваллудхона ба ин дармонгоҳ иҷозат ҳам надодаем”.
Таҳлили мо нишон дод, ки фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2022, таҳти № 525 ба сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод дар мавриди интиқол додани шуъбаи бемориҳои сироятии назди беморхонаи марказӣ ба шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи минтақавии Мискинобод бо тамоми бастаҳои кории мавҷуда содир шудааст. 
Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ба ҷойи шуъбаи сироятӣ шуъбаҳои таваллудхона, муолиҷавӣ ва бемориҳои кӯдаконаро ҷо карданд?
Суолест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Бояд гуфт, ки дар наздикии беморхонаи минтақавии Мискинобод боз як дармонгоҳи дигар ҳаст, ки пештар таваллудхона буда, имрӯзҳо он фаъол нест. Сабаби бефаъолиятии онро мо аз масъулини соҳа пурсон шудем. Дар посух гуфтанд, ки ҷойи зоишгоҳи пештара таъмир мешавад. Вале зиёда аз се моҳ гузашту аз таъмири таваллудхонаи қаблӣ дараке нест. 
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар фасли баҳор бемориҳо авҷ мегиранд, бахусус бемориҳои сироятӣ. Имрӯзҳо мардуми Ҷамоат гирифторони бемориҳои сироятиро боз ба гӯшаву канори дигари ноҳия, ҳатто берун аз он бурда, пайи доруву дармон шудаанд. Ин дар ҳолест, ки Ҷамоати мазкур дорои  наздик ба 20 ҳазор аҳолӣ буда, калонтарин дар ноҳия мебошад. 
Сироҷиддин Раҳмонзода, сартабиби беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат хабар дод, ки танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ аз ноҳияи Файзобод 24 бемори сироятёфта дар ин беморхона сабт шуд ва ин шумора рӯз ба рӯз бештар мегардад. 
Аз суҳбат бо роҳбарони соҳаи тибби ноҳия маълум шуд, ки  яке баръакси гуфтаҳои дигаре маълумот медиҳад. 
Савол ба миён меояд, ки аҳолии ноҳия сироятёфтагонро то кай ба минтақаҳои дигар мебаранд ва саргардон мешаванд? Ба андешаи мо, санҷиши Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ, дар ин замина муассир хоҳад буд. Ин мавзуъро “Ҷумҳурият” пайгирӣ хоҳад кард.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.05.2023 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив