ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАНГЕ, КИ ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАДОШТ

ҶАНГЕ, КИ ДАР ТАЪРИХ ҲАМТО НАДОШТ

10 май 2023, Чоршанбе
41
0

 Барҳақ, яке аз муаллимони фанни таърих чандин сол пеш таъкид намуда буд: "Ҳамин ки Ҷанги Бузурги Ватаниро инсоният фаромӯш бикунад, ҷанги бузурги дигар сар мезанад".
Таҷлили ғалаба бар фашизми олмонӣ ҳамасола дар рӯзи 9 май ба ин хотир аст, ки мо он даҳшати бузургу бесобиқаро ҳеҷ гоҳ аз ёд набарем. 22 июни соли 1941 ин ҷанг ғайриинтизор сар зад ва 1418 рӯз, яъне то рӯзи пирӯзӣ – 9 майи 1945, идома ёфт. Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба хоки сарзамини давлати шуравии онвақта ҳуҷум кард.
Ин ҷанг аз ҳама ҷангҳои дигар тафовут дошт. Воқеан:
Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Бар асари он миллионҳо нафар ҷон бохтанд, шаҳрҳо, деҳаҳо хароб гардиданд, ба коми оташ рафтанд. Беҳтарин ҷавонмардон дар корзорҳо ба ҳалокат расиданд ва занону кӯдаконашонро бе саробон гузоштанд. Бархеи дигар маъюб баргаштанд ва то ба нафаси охирини ҳаёташон аз дарду ранҷҳои ҷанг азоб кашиданд. 
Шахсе дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷангноманависи тоҷик шодравон Раҳмон Сафар пурсид: «Агар дар ин ҷанг Олмони фашистӣ ғалаба мекард, чӣ мешуд?» Ӯ кӯтоҳ посух дод: «Инсоният маҳв мегардид». Чун дарёфт, ки ин посухро дарк накардааст, афзуд: «Филмҳои ҳуҷҷатиро дидаӣ? Бо озод кардани мамолики Аврупо аз асорати фашизм мардуми он кишварҳо шодӣ мекунанд, бо гулдастаҳо аскарони моро истиқбол  мегиранд. Ҳолиё аксар он даҳшатро аз ёд бурдаанд ва ё пеши рӯ овардан намехоҳанд». Ин марди дӯстдори Ватану сарзамини аҷдодӣ тамоми зиндагиву дороияшро барои ҷустани аскарони гумноми тоҷик, ки дар корзорҳо ҷон  бохта буданд, бахшид. Воқеан, кореро анҷом дод, ки як пажӯҳишгоҳ аз уҳдаи он баромада наметавонист.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, дар соле, ки ин ҷанг сар зад, аҳолии Тоҷикистон, кишвари мо як миллион нафар буд. Аз ин шумора 300 ҳазор нафар ихтиёрӣ ба набардгоҳҳо рафтанд. Аз он ҷойҳо 92 ҳазораш дигар барнагаштанд. Ин ҳама неруҳои солимтарини ҷомеаи онрӯзаи ин сарзамин маҳсуб мешуданд. Имрӯз шояд тасаввур кардан мушкил бошад, ки 92 ҳазор аҳли хонадони онҳо: волидон, хоҳарону бародаронашон чӣ гуна мотам доштанд ва ҳамсаронашон аз баргаштану идомаи зиндагӣ ноумед шудаанд. Чашмони пайвандони ин нафарон то чанд сол пештар, ки зинда буданд, ба асари гиря хушк намешуданд. Суратҳои онҳоро бо андуҳ ба дидагон мемолиданд ва мегиристанд. Ҳеҷ сухане, дилбардорие тасаллобахшашон намешуд.
– Бубин, охир бо чашми худат бубин, ки ин бачаи зебои ман, бемислу бемонандам 19 сол дошт, ки ба ҷанг рафт. Гуфт, ки душманро саркӯб мекунем ва бармегардем. Ба аҳдаш вафо накард, барнагашт, модарро дар андуҳу фироқ гузошт. Ту маро ҳеҷ гоҳ фаҳмида наметавонӣ. Бо ин ки наздики 40 сол аст, мегирям, як шуълаи умеде дар дилам медурахшад. Ба худ мегӯям: « Шояд намурда бошад ва як шаб ва ё як рӯз баргардад».
Имрӯз дар бораи ин баргаштагон ва онҳое, ки дар набардгоҳҳо ба ҳалокат расиданд, чӣ медонем? Мутаассифона, посухи мусбат надорем.  Дар бораи чанд тан аз қаҳрамонони набардгоҳҳо китоб навиштем ва бо ҳамин иктифо кардем. Ин маълумот барои дарки даҳшати ҷанг кофӣ нест, ки дар муҳорибаҳои вазнин бо фашистон 56 ҳазор намояндаи кишварамон бо ордену нишонҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд. Ба 54 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, яъне унвони баландтаринро доданд. 15 нафар соҳиби се ордени Шуҷоат шуданд.
Ҳамин ҳолӣ, ки ин матлабро навишта истодаам, пеши назарам бо навбат симоҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз зодгоҳам, деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ меоянд: Хайриддин Сафаров, Аъзамқул Сафаров, Исмонқул Қодиров, Икром Ҳасанов, Давлат Алӣ ва дигарон.
Хайриддин Сафаров бо бародараш ба ин ҷанг рафтанд. Бародараш бе ному нишон шуд. Номаи вафоташ ҳам нарасид. Мегуфт, ки «он рӯзҳои мудҳишро ба хотир наорем, беҳтар аст. Мо худро дар набардгоҳ мебинем ва тасаввур мекунем, ки бо душман дар ҷангем».
Дар ҷанг чиҳо дидӣ? 
– Пурсанд варо гоҳе
Ногуфта ягон ҳарфе,
Аз дил бикашад оҳе.

Ӯ ҳеҷ намехоҳад,
Донанд ғамаш мардум,
То ғам нашавад афзун
Бо ёди замони шум.
Исмонқул Қодиров, Икром Ҳасанов, Аъзамқул Сафаров ва дигарон ҳам танҳо дар арафаи Рӯзи Ғалаба барои ҳикояти лаҳзаҳои ҷангӣ ба мактаб даъват мешуданд. Дар ин рӯзҳо ордену медалҳояшонро бо ифтихор дар пеши бар меовехтанд.
Ҳар деҳаи ин ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин иштирокчиёнро доштанд. Корномаҳои онҳо, мутаассифона, навишта нашуданд. Ҳоло зарур аст, ки дар ин маврид тадбирандешӣ бикунем. Фаромӯш кардани онҳо ва ин ҷанг ба манфиати мо ва миллат нест. Гиромидошту навиштаҳо бояд дар тарбияи ватандӯстии насли нав ва пасиниён мусоидат бикунад. Агар ғафлат биварзем ва ин ҳамаро нодида бигирем, талафот, бохт ба чандин маротиба меафзояд ва дигар онҳоро ҷуброн карда наметавонем.

Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

P.S.: Соли 2022 шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ба 59 нафар мерасид. Ҳоло 37 нафари онҳо дар қайди ҳаётанд. Куҳансолтаринашон 111-сола мебошад.

Санаи нашр: 06.05.2023 №: 95 - 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив