ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ.  МАОРИФ АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК БОҚӢ МЕМОНАД

ПАЁМ.  МАОРИФ АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОК БОҚӢ МЕМОНАД

11 май 2023, Панҷшанбе
508
0


Соҳаи маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлати мустақилро ташкил медиҳад, зеро ҳамаи афроди ҷомеа танҳо баъди гузаштан аз зинаҳои гуногуни таҳсилот вориди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тиҷорату бозаргонӣ ва низомӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, соҳаи маорифро метавон модари ҳамаи соҳаҳои дигар номид. Бо назардошти аҳамияти фавқулода муҳими соҳаи маориф дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Танҳо як руҷуи мухтасар ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир баръало нишон медиҳад, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷойгоҳи баланде бархурдор аст.  
Яке аз роҳҳои рушду тавсеа бахшидани ҳар соҳа ин, пеш аз ҳама, дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони он мебошад. Тавре мебинем, тамоюли боло бардоштани андозаи маоши кормандони соҳаи маориф дар панҷ соли охир ба як раванди устувор табдил ёфтааст. Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илму маориф ва стипендия то 15 фоиз баланд бардошта шуд. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои илму маориф 14 фоиз зиёд маблағ равона гардид.
Президенти мамлакат зимни ироаи Паём 26 декабри соли 2018 таъкид карданд, ки  ҳадафи роҳбарияти олии кишвар аз амалисозии ин тадбир, пеш аз ҳама, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеътари истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ дар соҳаҳои илму маориф мебошад.
Мақсади эътибори аввалиндараҷа ба соҳаи илму маориф дар Паёми Сарвари давлат роҳандозии ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва рафъи давра бадавраи мушкилоти мавҷуда арзёбӣ гардид.
Масъалаи дигаре, ки дар Паёми мазкур садо дод, фароҳам сохтани шароити мусоид ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ ва бамаротиб зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон буд ва зикр гардид, ки дар кишвар дар доираи барномаҳои давлатӣ бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад.
Соли 2018 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ду мушкилоти асосии ҳалталабро хотирнишон карданд: якум, нарасидани кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ. Бинобар ин, пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи дониши худ пайваста кӯшиш намоянд, зеро, агар омӯзгор дониши амиқ ва сатҳи баланди касбият надошта бошад, беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, аслан ғайриимкон мегардад. Аз ин лиҳоз, ба  Вазорати маориф ва илм дастур дода шуд, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад.
Аз Паём то Паём соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш тараққӣ ёфта, заминаҳои воқеӣ барои рушди минбаъдаи соҳа гузошта мешаванд. Тавре 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат иттилоъ доданд, соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпеша бо маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Пешвои миллат зикр карданд, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таълимӣ бунёд гардида, дар маҷмуъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва тарбиявӣ тармиму таҷдид мешавад.
Як нуктаи бисёр муҳим дар Паёми соли 2019 ин аст, ки соҳибкорони ватаниву бурунмарзӣ дар амалӣ шудани амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф саҳми ватандӯстона гузошта, дар рушду тараққии маорифи ватанӣ иштироки фаъолона доранд. Зимни изҳори сипос ба соҳибкорони саховатпеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки дар посух ба чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Ҳамасола аҳли маорифи кишвар аз ҳар Паёми Сарвари давлат интизори иқдом ва пешниҳоди тозае нисбат ба ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шаванд. Ин иқдоми Пешвои муаззами миллатро метавон инқилобе дар соҳаи маорифи мамлакат унвон кард, зеро дар ҷаҳони муосир бе рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъмини рақобатпазирии иқтисоди кишвар дар бозори ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ғайриимкон аст. Инчунин, дар ин Паём пешниҳод гардид, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадр ва ҳавасманд карда шаванд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки Сарвари давлат зимни баррасии масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф пайваста ба он дахл мекунанд, масъалаи забономӯзист. “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”, - таъкид мекунанд Пешвои муаззами миллат, зеро, ба андешаи Пешвои миллат, забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Аз ин нуктаи назар, Сарвари давлат дастур доданд, ки ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд, зеро  дар асри рушди технологияҳои инноватсионӣ дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯёну омӯзгорон мебошад. Роҳи ҳалли проблемаи мазкурро низ, Пешвои миллат нишон доданд, яъне ҳамасола баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҷалби ҳарчи васеътари аҳли ҷомеа ба он.
Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа васеъ ба роҳ монанд. Вобаста ба ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Масъалаи тақвияти худшиносии миллӣ дар байни ҷавонону наврасон, ки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти онҳо хоҳад буд, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷойгоҳи махсус дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала Сарвари давлат таъкид доштанд: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”. 
Иттилои бисёр ҷолиби дигар дар Паёми соли 2019 ин буд, ки дар мамлакат дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 166 ихтисос ва дар марказҳои таълими калонсолон аз рӯи 57 ихтисос дар маҷмуъ, аз рӯи 320 ихтисос кадрҳои коргарӣ омода мешаванд. Ба ҳамаи вазорату идораҳо ва зинаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш шуд, ки  дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18 болоро, ки касб надоранд, ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ созанд.
Соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супурда шудааст ва таъкид карданд, ки мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, дигар аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.
Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардад. Дар доираи ин тадбир ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯйи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бе имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Роҳбари давлат ҳадаф аз амалисозии ин ташаббусро баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар унвон карданд.
Ғамхории дигаре, ки Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф зоҳир карданд, ин буд, ки барои 15 нафари беҳтарин олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи ҳарсолаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд. Ғайр аз ин, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо бо пешниҳоди Пешвои миллат ҳаҷми стипендияи онҳо аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд шуд.
Соли 2021-ро ҳамчун соли таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон махсус бояд таъкид кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 гуфтанд, ки дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар даврони истиқлол дар мамлакат 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196, муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардидааст. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонанда таҳсил кардааст. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимӣ ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гашта, шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 адад расонда шудааст. Дар соли таҳсили 2020 - 2021 шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сею ним баробар зиёд мебошад. Ба ғайр аз ин, шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ин нишондод ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ин рақамҳо далолат бар он мекунанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Зимни ироаи Паём масъалаи дастгирии молиявӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф боз ҳам дар маркази диққати Сарвари давлат қарор дошт. Бо пешниҳоди Пешвои миллат аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шуд.
Ин нукта низ, қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва воридсозии он ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Дар ҳақиқат, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид карданд: “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, натиҷаҳои рушди соҳаи маорифи мамлакат дар панҷ соли охир инъикос шуд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм, 190 муассисаи таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло ва саросар соҳибкасб гардондани аҳолӣ чораҷӯйӣ намояд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва некуаҳволии кормандони соҳа аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо боз 20 фоиз зиёд мешавад.
Ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки ояндаи дурахшони миллату давлат ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим вобаста мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Умеда ВОҲИДЗОДА, номзади илмҳои иқтисод


 

Санаи нашр: 11.05.2023 №: 98
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив