ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР ОБОДӢ АЗ ВАЙРОНӢ МЕГӮЯМ. ЧАНД СУХАН АЗ ҲОЛИ ТАБОҲИ ГАНҶИНАИ НАҚДИ АДАБИИ СОҲИБ ТАБАРОВ

ДАР ОБОДӢ АЗ ВАЙРОНӢ МЕГӮЯМ. ЧАНД СУХАН АЗ ҲОЛИ ТАБОҲИ ГАНҶИНАИ НАҚДИ АДАБИИ СОҲИБ ТАБАРОВ

16 май 2023, Сешанбе
25
0


Ба ман дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон гуфтанд: «Ҳар чи дар вайронӣ дидед, дар ободӣ нагӯед». Ман ин як хоҳишро бо ҷону дил мепазируфтам, агар сухан дар бораи Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров ва вайронии оромгоҳи ӯву ҳамсари азизаш Ванда Витолдовна Яблонская намебуд. Инчунин, агар соле пеш як гурӯҳи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин макон намеомаданду шоҳиди ҳол намешуданд. Гузашта аз ин, агар соли оянда 100 -  солагии ин устод, машҳур ба Белинскийи тоҷик, намебуд. 
Пеши ҷисмҳои беҷон ва арвоҳи ҳар ду худро то ҷое гунаҳкор ҳис кардам ва ба дил гуфтам: «Устодони бисёр азиз, аслан, айби ҳеҷ кас дар ин кор нест. Аз ҳолатон, оромгоҳатон ва вазъи Ганҷина хабар надоранд. Шахсияти ҳар дуи шумо барои ҷавонмардон ва саховатмандони ноҳияатон хуб муаррифӣ нашудааст. 
Ҳазорон бор узр, устод. Ман нахуст Вандаи Шуморо, ки ҳамеша ба ӯ “Асалакам” гуфта, хитоб мекардед, муаррифӣ менамоям. Ӯ, ки пеш аз Шумо дунёро тарк гуфт. Нахост, то шоҳиди маргатон гардаду дареғогӯятон бошад.
Мо – шогирдонатон хуб медонем, ки ин зан тамоми ҳастияшро ба Шумо бахшид. Аз баҳри номзади илм, доктори илм ва академикӣ гузашт. Ин дар сурате буд, ки тамоми шароиту имкониятҳоро дошт. Ба ҷуз ин ҳама, хоҳари Жорес Иванович Алфёров, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика буд ва ҳатман бо ёриаш ба мақомҳои баланд расида метавонист. Фарзанди ӯ ва Шумо – Темур барандаи Ҷоизаи комсомоли умумииттифоқ дар соҳаи физика буд”.
Ванда Витолдовна донишҷӯи факултети шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Муҳорибаҳои шадид дар ин шаҳр мерафт. Зарур шумурданд, ки дар қатори дигарон ӯро бо устодонашон ба шаҳри Душанбе биёранд. Баъди хатм барои навиштани рисолаи илмӣ пиёдаву харакӣ дар кӯҳистони кишвари мо шева ҷамъ кард. Ба забони тоҷикӣ эҳтироми хосса дошт. Луғати калони русӣ-тоҷикиро омода сохт, аммо ба нашр расонда натавонист. Аз забони русӣ дарс мегузашт. Барои хонандагони синфи 6-и тоҷик китоби дарсии забони русиро таълиф намуд. 
Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро тарк накард, албатта, аз рӯи муҳаббате, ки ба миллати мо ва кишварамон дошт. Он замон мегуфт: “Агар мемирам, бигзор дар Тоҷикистон бимирам.”
Чанд сол пеш аз маргаш аз Президенти Россия В. Путин ба номаш даъватнома омад, ки хонаи Шумо, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хароб шуда буд, пурра таъмир гардида, бо тамоми таҷҳизоташ таъмину дар ихтиёратон қарор мегирад.” Яъне, ӯ метавонист ба Санкт - Петербург, ба зодгоҳаш, ба хонаи падарияш баргардад, аммо ин даъватро напазируфт. Мегуфт, ки “агар домулло (Соҳиб Табаров)-ро бибарам, дар он ҷо танҳоиро эҳсос мекунад. Дар ин ҷо наздиконаш, шогирдонаш аз ҳолаш бохабар мешаванд.” Воқеан, бо шогирдони ин устоди зиндаёд модарона муносибату ғамхорӣ менамуд. Агар устод Ванда Витолдовнаро намедошт, маҳол буд, ки ба ин поя, ба ин мақоми баланд мерасид.
Хизматҳои бесобиқаи узви вобастаи Академияи миллии илми Тоҷикистон Соҳиб Табаров ба ҳамаи мутахассисони соҳа, шогирдон, ҳаводорони каломи бадеъ, пажӯҳишгарон  маълум аст. Тамоми умрашро ба тадрису таълиму тарбияи шогирдон, таълифи мақолаву асарҳои илмӣ ва роҳнамоӣ сарф кард. Асосгузори чандин мактабҳои илмӣ дар кишварамон аст, аз ҷумла назарияи танқиди адабӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ, матншиносӣ. Имрӯз он фанҳоро аз рӯи асарҳои ӯ мегузаранд. Тарғибгари адабиёт, адабиётшиносӣ ва илми академӣ буд. Фаъолияташ ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва, махсусан матбуоти даврӣ, чашмрас буд. Сухани ҳақро бо ҷасорат, бе ҳеҷ тарсу хотирбинӣ иброз медошт, ҳусну қубҳи асарҳоро сари вақт баён мекард, ба шоирону нависандагон барои ислоҳи камбудиҳо, шинохти роҳ ва мавқеъ номаҳо менавишту мефиристод. 
Ӯ адабиёти тамоми кишварҳои дунёро медонист, аз вазъу пешрафти адабиётшиносии он давр огоҳ буд. Таъкид мекард, ки асарҳои хусусияти миллидоштаро биофарем ва адабиётамонро бори дигар ҷаҳонӣ бикунем. 
Ба яқин, ба қадри хидматҳои ин пири кор наслҳои баъдӣ бештар аз мо хоҳанд расид. Дар сурати мазкур ҳатман ба мо эрод хоҳанд гирифт. Охир Ганҷинаи нақди адабӣ ба ҷуз он ки дар ҳолати харобӣ қарор дорад, ба одитарин талабот ҷавобгӯ нест. Бойгонии (архиви) адабиётшинос нағз ва бе хавф нигаҳдорӣ намешавад. Хонаҳо тибқи талаботи бойгонӣ бунёд нашудаанд. Гуфтанд, ки дар ин макон 8, 5 ҳазор китоб ҷой дода шудааст, албатта, илова бо дастхатҳои муаллиф, маҷаллаву рӯзномаҳо ва дафтарҳои “Таассуроти ақлу дил”. Имкони хароб шудану маҳви онҳо бештар аст. Бешак, ҳоли Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, бо дидани ин манзараҳои ҳузнангез аз ҳоли ман бадтар буд. Намедонам дар дафтари қайдҳои Ганҷина чӣ навишту таассуроташро чӣ гуна рӯйи қоғаз овард. Аммо ман навишта натавонистам. Чун зарур шумурдам, ки бояд ҳатман бинависам, танҳо ин қадар навиштам: “Ҷоятон ҷаннат бод, устодони азизу меҳрубон. Ором бихусбед!”
Навиштам ва бо умед ба дил гуфтам: “Устодони азиз! Ҷавонмардон, саховатмандони ин ноҳияи овозадори Муъминобод бисёранд. Онҳо корҳои неку хайр бисёр анҷом додаанд. Ободу диданӣ сохтани ин як гӯшаи диёр барояшон ҳеҷ мушкиле надорад. Ҳатман ба ин иқдоми наҷиб рӯ меоранд. Ин як гӯшаро ба беҳтарин гӯша, зиёратгоҳи шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён табдил хоҳанд дод. Ман инро бо қатъият ва боварии том мегӯям.”

Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият” 

P.S. Ба муносибати 100-солагии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос ва мунаққиди маҳбубу машҳур, устод Соҳиб Шуҳратович Табаров. Ганҷинаи нақди адабии ба номи ӯ бояд аз нав вобаста ба талаботи муқарраргардида бунёд ёбад ва ё таҷдид шавад. Қисме аз қайдҳои ӯ, ки дар дафтари “Таассуроти ақлу дил” навишта шудаанд, зарур аст, ки ба табъ расанд. Нашри китобҳои таълифнамудаашро аз нав бо теъдоди дастрас бояд ба роҳ монд. Яке аз ҳамоишҳои илмӣ дар маркази ноҳияи Муъминобод бо дидани Ганҷина ва зиёрати ин ду шахсияти бузургу азиз баргузор гардад. Кӯчае, ки дар он Ганҷина ҷой дорад, ба номи Соҳиб Табаров гузошта шавад. Бешак, дар ин ҳол руҳи ин ҳар ду аз мо шод хоҳанд шуд.

Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив