ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ҲАМКОРИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО

ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ҲАМКОРИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО

18 май 2023, Панҷшанбе
25
0
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон дар ин бора хабар додааст.
Дар он масъалаҳои вазъи иҷтимоию сиёсӣ, рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақа, рушди муваффақонаи шарикӣ дар тамоми соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
 
БАРРАСИИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ СОЗИШНОМАИ ПАРИЖ МАРБУТ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Дар пойтахти кишвар Конфронси 5-уми тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ (CACCC-2023) оғоз ёфт, ки мавзуи он тағйирёбии иқлим ва рушд аст. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни баргузории CACCC-2023 масъалаҳои мубрами тамоми мамолики Осиёи Марказӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, коҳиш ва мутобиқсозии он дар соҳаҳои об, энергетика, ғизо ва муҳити зист баррасӣ мешаванд. 
 
 
НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ
Намояндагони кишварамон бо мақсади вохӯрӣ бо доираҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба минтақаҳои Санкт-Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфаи Федератсияи Россия сафар намуданд. Дар ин хусус ба мо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Сафари мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки роҳбарону намояндагони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, осоишгоҳ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.
 
 
«ДУШАНБЕ – СЯМЭН: 10 СОЛИ РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ»
Таҳти ҳамин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба муносибати 10-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиши аксҳо баргузор гардид. 
Аксҳо таҷассумгари муносибатҳои бародархондагии дуҷониба мебошанд. Дар он, тибқи иттилои хабарнигори «Ҷумҳурият», беш аз 30 расми аксбардорони маъруфи Чин, ки манзараҳои зебои Сямэнро рӯи навор овардаанд, ба маъраз гузошта шудаанд.
 
 
ФЕСТИВАЛИ «АТЛАСУ АДРАС» 
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва тақвияти истеҳсоли матоъҳои миллӣ дар Суғд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронда мешавад.
Дар Фестивал ҳунармандон, намояндагони корхонаҳои саноатӣ,  истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, марказҳои омӯзишӣ ва рассомону тарроҳон бо намунаҳои маҳсулоти худ иштирок менамоянд. Ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» ва «Беҳтарин либоси кӯдакона» муайян карда мешаванд.  
 
 
ЯРМАРКАИ ҶОЙИ КОР ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб барои аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақа ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод баргузор гашт. Дар он чанд нафар соҳиби ҷойи кор гардиду 20 нафар ба касбомӯзӣ равона шуд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии мо, Сулаймон Холзода, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб гуфт: «Дар ярмарка зиёда аз 200 шаҳрванд иштирок намуда, аз тарафи 73 ташкилоту муассиса ва корхона 134 ҷойи кор пешниҳод гардид».
 
 
«ҚАЛАМИ ТИЛЛОӢ»
Хабарнигори «Ҷумҳурият» дар Ӯзбекистон барандаи озмун шуд
Хабарнигори «Ҷумҳурият» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирасрор Аҳроров дар Озмуни байналмилалии «Қалами тиллоӣ»-и Иттиҳодияи журналистони ин давлат барандаи озмун гардид. 
Мавсуф дар номинатсияи «Мақолаи беҳтарин дар бораи Ӯзбекистон» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо рамзи қалами тиллоӣ ва беш аз 52 миллион сӯм мукофотонда шуд. Хабарнигори «Ҷумҳурият» соли 2021 дар ин кишвари ба мо дӯст «Журналисти сол» ҳам эълон гардида буд.
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив