ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОҲИБКОРӢ. ВАЗЪ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

СОҲИБКОРӢ. ВАЗЪ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

18 май 2023, Панҷшанбе
31
0
  
Дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, муносибатҳое, ки дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ба амал омадаанд, барои рушди иқтисодии мамлакат нақши хеле муҳим гузоштаанд. Ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ зина ба зина рушд меёбад. 
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конференсияи илмию амалӣ, ки дар Маркази тадқиқоти стратегӣ таҳти унвони «Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, зикр намуд. 
Дар ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдор, олимону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд, ки ҳадаф аз баргузории он таҳлилу арзёбии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.
Сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Марказ Амин Одинаев, дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: дастовард ва мушкилот» баромад намуда гуфт:
 – Дар шароите, ки 70 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, қариб 80 дарсади пардохти андозӣ ба буҷети давлатӣ, 67 дарсади ба шуғл фаро гирифтани аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъоли ҷумҳурӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ – соҳибкорӣ таъмин мегардад, аз ин нуқтаи назар ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошта на танҳо аз бисёр ҷиҳат, балки, бешубҳа, ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, вобаста мебошад. Бинобар ин, ҳар қадаре, ки бахши хусусӣ, яъне соҳибкории истеҳсолӣ рушд намояд, ҳамон андоза имконияти рушди мо барои соҳаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин хоҳад гашт. «Дастрасӣ ба захираи қарзи молиявӣ, хусусан қарзҳои имтиёзнок, яке аз омилҳои дигари рушди соҳибкории истеҳсолӣ мебошад. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурӣ КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ва МД «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе» таъсис дода шуда, фаъолияти самаранок доранд», – илова кард номбурда.
Сипас, Суҳайлӣ Абдулваҳ-ҳобов, сардори идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон, дар мавзуи «Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар низоми бонкӣ» баромад намуд. Ба андешаи ӯ, соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди ҷумҳурӣ буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди он пайваста аҳамияти хосса медиҳанд. Пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ барои иқтисодиёти давлат аҳамияти бузург дошта, дастгирии он метавонад ба беҳтар гардидани вазъи молиявии субъектони иқтисодӣ, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли зиёди молу хизматҳо, ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд. 
Чуноне дар конфронс иттилоъ доданд, то охири моҳи марти соли равон дар ҷумҳурӣ 64 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 48 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият карда, хизматрасониҳои худро тавассути 1 870 воҳиди сохторӣ пешниҳод намуда истодаанд. Фаъолияти ин марказу филиалҳо ба васеъ намудани доираи амалиётҳои бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату муосири молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки дар заминаи чораҳои амалигардида ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ, мунтазам афзуда, тибқи маълумот, танҳо дар панҷ соли охир (2018–2022) ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ тақрибан 20 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод гардид. Вале дар баробари ин, ба андешаи маърузачиён ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар бо назардошти талаботи зиёд, ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад. Гузашта аз ин, баланд будани фоизи қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои дастрас тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагии давлатӣ андешида шаванд. 
  
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив