ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТИ САЙЁҲӢ. ДИДИ НАВ ДАР СОҲА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

САНОАТИ САЙЁҲӢ. ДИДИ НАВ ДАР СОҲА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

18 май 2023, Панҷшанбе
29
0
Дар шароити ҳозираи тараққиёти иқтисодиёт, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва бахши босуръат рушдёбандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад. Чунки сайёҳӣ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки маданию иҷтимоӣ дорад, зеро он ба инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ ва мубодилаи фарҳангии байни мамлакатҳо мусоидат намуда, сатҳи маърифатнокии аҳолиро баланд мебардорад. Тиҷорати сайёҳӣ аксар вақт вазифаи фишангеро мебозад, ки ба кишвар имкони рушди босифат ва бехатари иқтисодӣ медиҳад. 
Сайёҳӣ дар шароити ноустувори вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ дар муқоиса ба дигар соҳаҳои иктисодиёт суботи қавӣ нишон медиҳад ва бар замми ин, боиси камшавии захираҳои табиӣ намегардад. Сайёҳӣ аз рӯи даромаднокӣ дар ҷаҳон баъд аз саноати нафт ва автомобилсозӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, ба тараққиёти 32 соҳаи иқтисодиёт бевосита ё бавосита таъсир мерасонад.
Сайёҳӣ  ба кишвар имкон медиҳад, ки бисёр мушкилиҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва зиёд намудани шумораи кормандон, инчунин, баланд шудани сатҳи моддии аҳолӣ ҳал шаванд, ки ин ба рушди инфрасохтори бозорӣ оварда мерасонад.
Коршиносони Шурои ҷаҳонии сафар ва сайёҳӣ (World Travel & Tourism Council (WTTC)) бозгашти соҳаи сайёҳиро бо дигар бахшҳои асосии иқтисодиёт, ки ҳузури глобалии шабеҳ доранд, муқоиса намуда, саҳми онҳоро дар ММД-и 27 кишвар ва шаш минтақаи ҷаҳон омӯхтанд.
Тибқи таҳқиқот, дар соли 2016 соҳаи сайёҳӣ  мустақиман аҳолии тамоми дунёро бо 108 миллион ҷойи корӣ таъмин кардааст.  Тибқи иттилои WTTC, дар соҳа сайёҳӣ нисбат ба саноати коркард ва истихроҷи маъдан, бонкдорӣ, автомобилсозию кимиё ва хидматрасонии молиявӣ шумораи бештари одамон кор мекунанд.
Дар иқтисоди бозоргонӣ нақши баҳисобгирии маълумоти боэътимод ва объективона оид ба фаъолияти иқтисодии корхонаҳо хеле афзудааст. Самаранокии фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ бидуни ташкили возеҳи баҳисобгирӣ ғайриимкон аст, чунки он воситаи муҳимтарин дар идоракунии хароҷот, даромад, сармоя ва маблағҳо ба ҳисоб меравад. 
Фаъолиятҳои гуногуне, ки ширкатҳои сайёҳӣ ба он машғуланд, истифодаи намудҳо ва усулҳои гуногуни ҳисоби муҳосибиро талаб мекунанд. Ин ба муқаррар ва пешбурди системаи возеҳи баҳисобгирӣ, ки воситаи муҳимтарини идоракунӣ мебошад, оварда мерасонад.
Дар  раванди баҳисобгирӣ, иттилоот дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявии кори ширкатҳои сайёҳӣ ташаккул меёбад. Ин маълумот пас аз коркард ва таҳлил ба шурои директорон, аъзои роҳбарият ва шахсони ба идоракунӣ алоқамандбуда имкон медиҳад, ки қарорҳои самаранокро дар соҳаи идоракунӣ ва самти пешрафти ташкилот қабул кунанд ва мувозинати молиявиро нигоҳ доранд. Ҳамзамон, ҳангоми таҳия ва татбиқи усулҳои баҳисобгирӣ, инчунин, баҳисобгирии бахшҳои алоҳидаи тиҷоратии сайёҳӣ муҳим аст.
Тиҷорати сайёҳӣ бидуни шабакаи таҳияшудаи меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои хизматрасонии он вуҷуд дошта наметавонад. Рушди ин тиҷорат бо зиёд шудани хароҷоти дахлдор алоқаманд аст, ки гуногунии хидматҳои пешниҳодшударо афзун мекунад ва ба баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ оварда мерасонад. 
 
М.С. РАСУЛЗОДА,
донишҷӯи курси 2-юми факултети баҳисобгирии иқтисодии ДМТ
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив