ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРМОЯГУЗОРӢ: МУШКИЛОТ, ИМКОНОТ ВА ДУРНАМО

САРМОЯГУЗОРӢ: МУШКИЛОТ, ИМКОНОТ ВА ДУРНАМО

19 май 2023, Ҷумъа
136
0
 
Дар замони муосир сармоягузориҳо ба бахшу соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар пешрафту тараққиёти давлат нақши муҳимро иҷро мекунанд. Афзоиши таносуби миқдори маблағгузориҳо ба ҳаҷми истеҳсолот, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, пешравии соҳаҳои саноат ва хоҷагии халқ таъсири мусбат мерасонад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир дар ин самт як қатор тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуд. Вале коршиносон бар он назаранд, ки сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар ба ҳаҷми кофӣ ворид намешавад. Сабаб дар чист? 
Зикр бояд кард, ки тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим, ҷалб карда шудааст. Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст. Дар натиҷа, соҳаи саноати Тоҷикистон рӯ ба рушд ниҳода, сол ба сол корхонаҳои гуногуни хурду миёнаи истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд, ки боиси пешрафти иқтисоди давлат хоҳад буд. Инчунин, дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест. Чаро?
– Рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, ноил шудан ба тараққиёти муътадили иқтисодиёт, афзудани даромади аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зиндагонӣ дар аксари мавридҳо аз ҳаҷми маблағҳои сармоягузорие, ки ба самтҳо ва соҳаҳои гуногуни афзалиятнок ҷалб шудаанд, вобаста аст, – иброз медорад Шуҳрат Юсуфзод, сардори раёсати сармоягузории мустақими Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Дар ин замина самти афзалиятноки стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як кишвар ба муҳайё намудани фазои мусоиди ҷалби сармояи мустақим нигаронда шудааст. Бо ин мақсад, солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллӣ дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ гузаронда шуд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст, –  мегӯяд Ш. Юсуфзод. – Аз ҷумла, ислоҳоти қонунгузорӣ дар бахши сармоягузориву соҳибкорӣ гузаронда шуда, пойгоҳи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардид. 
Бино ба гуфтаи Шуҳрат Юсуфзод, қонунгузории кишвар дар самти сармоягузорӣ бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки дар ин самт монеаи ҷиддӣ ба чашм намерасад. Ягона мушкилот дар он аст, ки аз ҷониби баъзе соҳибкорони ватанӣ то ҳол тибқи талаботи сармоягузор лоиҳаҳои афзалиятноки худро таҳия ва пешниҳод карда наметавонанд. 
Файзулло Имомёрбеков, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки имрӯз барои рушди сармоягузориву соҳибкорӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат як қатор имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд, ки ба пешрафти соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, барои супурдани андозу вориди техникаву технологияҳо сабукиҳо пешбинӣ шудаанд. Вазъи сиёсии давлат ҳам барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоид мебошад, дар ин ҷо танҳо мутахассисони соҳавӣ намерасанд, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои сармоягузории ҷолибу мувофиқ ба талаботи сармоягузорон таҳия ва пешниҳод созанд. 
Бино ба гуфтаи коршиносони соҳавӣ, барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба кишвар боз як қатор омилҳо монеъ мешаванд, аз ҷумла мавқеи номусоиди ҷуғрофӣ – дур будан аз бозорҳои анъанавӣ, мавқеи сарбастаи ҷуғрофии кишвар, бозори дохилии маҳдуд, фоизҳои баланди қарздиҳӣ ва ғайраҳо. Иқтисодшиносон бар он назаранд, ки барои афзоиш додани сармояи хориҷӣ дар иқтисоди миллӣ бояд такмили минбаъдаи қонунҳо ва механизмҳои татбиқи онҳо амалӣ шаванд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар Паём ба ниҳоди дахлдор пешниҳод доштанд, ки қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад. Итминон ҳаст, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, махсусан сармоягузории мустақим ва рушди инфрасохтори сармоягузорӣ, тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ менамояд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки соҳаи кишоварзӣ то ҳол барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб нест. Барои беҳбудии истифодаи захираҳои обӣ ва баланд бардоштани самаранокии кишоварзиву коркарди маҳсулот ҷалби сармояи хориҷӣ лозим аст. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои хурд метавон ҳосили ҷамъоваришударо пурра коркард кард ва ҳаҷми маҳсулоти воридшавандаро ба мамлакат коҳиш дод. Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Дар баробари фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҳамзамон, ташаккули симои Тоҷикистон тавассути афзоиши огоҳии доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ дар хусуси имкониятҳои сармоягузории кишвар зарур дониста мешавад. Вобаста ба ин,  метавон аз ҳамаи имконоти мавҷуда, аз қабили воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода бурд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив