ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ШУД

“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ШУД

25 май 2023, Панҷшанбе
27
0
 
Даври ниҳоии Озмуни байналмилалии 16-уми “Пули забони чинӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Абуалӣ Синозод ғолиби ин Озмуни байналмилалӣ гардид ва мутаносибан, Камолиддин Икромов, Ёсуман Мирзо мақоми дувуму сеюмро дарёфтанд. Мафтуна Тағоймуродова соҳиби мукофот барои маъруфият гашт.
Ин Озмун аз ҷониби Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол аст, ки ташкил мешавад.  
Пас аз чор даври рақобат Замираи Турсунзода соҳиби ҷоизаи беҳтарин ифода, Фарангис Абдувоҳидова беҳтарин қобилият, Абубакр Холиқзода беҳтарин суханвар, Мавлюда Алимардонова соҳиби мукофот барои намоиши беҳтарин гардиданд.
Илёс Ғаффорзода, проректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Чен Дайвен, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ван Фей, котиби якуми Сафорат ва  Зен Сиенфа, Ҷян Венрао, масъулони ин Сафорат, Муҳибулло Зубайдуллозода, директори мактаби байналмилалии президентӣ, Манзура Кӯлобиева, директори мактаби “Империяи дониш”, Мавлон Сафаров,  мураббии  Ассотсиатсияи ушуи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Тан Ҷин, раиси Палатаи савдои Чин дар Тоҷикистон, намояндаҳои корхонаҳои Тоҷикистон, ки аз ҷониби Чин сармоягузорӣ мешаванд, омӯзгорон ва  шунавандагони Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ иштирок ва суханронӣ карданд. 
Илёс Ғаффорзода изҳори хушнудӣ намуд, ки Озмуни “Пули забони чинӣ” ба бинандагон одобу рафтори толибилмони ҷавони Тоҷикистонро намоиш дод ва ҷомеаи моро бо тамаддуни Чини таърихӣ ошно месозад.
Чен Дайвен баён дошт, ки забон пулест барои пешравии муносибатҳои муфиди дуҷонибаи байни кишварҳои Чин ва Тоҷикистон. 
Дар солҳои охир бо шарикии стратегии Чин ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун зиёд ва мустаҳкам мегардад, ки ҷои хушҳолист. Аз ин сабаб, эҳтиёҷ ба истеъдодҳое, ки донандаи забони чинӣ буда, қобилияти истифодабарии самараноки онро доранд ва ба омӯзиши забони чинӣ бо шавқу рағбати зиёд муносибат менамоянд, рӯз ба рӯз меафзояд. Ин вазъ ба мақсадҳои ҳар ду кишвар мувофиқ буда, талаботи объективии инкишофи муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад.
Мо ҳарчи бештар ҷавонони Тоҷикистонро барои омӯзиши забони чинӣ, дарки тамаддуни Чин ва фарҳанги он, ҳамчунин, ба иштироки фаъол дар ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарии байни миллатҳои ду кишвар даъват менамоем.
Директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз тарафи Чин Лю Ҷианвей гуфт: «Ҳашт иштирокдор метавонад дар сатҳи баланд донишу маҳорати худро ба намоиш гузорад ва барандаи Озмун гардад. Донишҷӯёни машғули омӯзиши забони чинӣ метавонанд, ба ин васила, орзуҳои худро амалӣ созанд ва дар муносибатҳои фарҳангии кишварҳои Чину Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд, ба Чин сафар анҷом диҳанд.
Дар марҳилаҳои аввал ҳашт иштирокдор ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Онҳо қабл аз оғози сабқат ҳунари худро дар омӯзиши санъати ҷангии тан ба тан намоиш дода, ҳамин тариқ, ба мусобиқа тобиши нав бахшиданд. 
Қиссаҳо дар бораи ошноии худ бо забони чинӣ ва орзуҳои хешро бо забони шевои чинӣ баён намуданд. Иҷрои суруди хушнаво ва зебо бо истифода аз дастгоҳҳои мусиқии чинӣ, санъати ҷангии тан ба тан, шеърхониҳо ба ҳозирин таассуроти фаромӯшнашаванда бахшиданд.    
Пас аз итмоми ин марҳила шаш иштирокдор ба даври дуюм баромад. Дар ин давр саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар рафти он сатҳи дониши хонандагон дар забони чинӣ, фарҳанги чинӣ ва шароити миллии кишвари Чин мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла, саволҳо барои санҷиши талаффузи забони чинӣ, саволҳо оид ба иероглифҳои чинӣ ва саволҳои дигар барои ҳаматарафа санҷидани сатҳи дониши забони чинии иштирокдорон.
Баъди рақобати шадиду шавқовар, дар ниҳоят чор иштирокдор боқӣ монд. Дар марҳилаи сеюм хонандагонро зарур буд, ки тасвири дилхоҳро аз байни мусаввараҳо интихоб ва баъди як дақиқа фикру андешаҳои худро оид ба мазмун ва мундариҷаи ин расм изҳор намоянд. Дар ниҳоят ду иштирокдор ба даври чорум роҳ ёфт.
Доварон бо навбат ба иштирокдорони фаъол низ, баҳогузорӣ карданд. Дар поёни Озмун аз рӯи натиҷаи онлайн-овоздиҳӣ барои 14 иштирокчии беҳтарини давраҳои гуногун туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
 
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив