ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

29 май 2023, Душанбе
36
0
 
Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 ба Чин ташриф оварда буданд. Дар ҳамон овон роҳбарияти олии ду давлат - Чин ва Тоҷикистон мақсади ташкили Донишкадаи Конфутсий дар Тоҷикистонро доштанд ва номаи нияти онҳо вобаста ба созмон бахшидани он ба имзо расид ва Донишгоҳи омӯзгории Синзян аз тарафи Чин ташкилкунандаи Донишкадаи Конфутсий дар Тоҷикистон интихоб шуд.
Моҳи августи соли 2008 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, маҷлиси Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гашт ва ба ин қарор омаданд, ки аз Тоҷикистон созмондеҳи Донишкадаи Конфутсий Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шавад. Саридораи Конфутсийи Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Созишномаи ҳамкории таъсиси Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон расман имзо гузоштанд ва маросими ифтитоҳи Донишкадаи Конфутсий баргузор шуд. 13 январи соли 2009 миёни Донишгоҳи омӯзгории Синзян ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Созишнома дар бораи таъсиси муштараки Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расид. Моҳи феврали соли 2009 Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.
Бо саъю кӯшишҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзян, имрӯз Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ба таври стандартӣ бо заминаи мустаҳкам фаъолият намуда, аз ҷиҳати миқёс, сатҳ ва низоми барномаи таълимӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Муоширати фарҳангии Чину Тоҷикистон, расондани хизматҳои гуногуни машваратӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва ғайра нақши фаъол доранд.
Дар давоми 15 сол Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ зиёда аз 40 созишномаи ҳамкориҳоро дар доираи забон ва фарҳанг ба имзо расондааст; зиёда аз 38000 омӯзандаи забони чиниро таълим додааст; талаботи бисёрпаҳлуи муассисаҳои гуногунро дар робита бо таълими омӯзгорон, таъмини маводи таълим ва таълифи 16 ҷилд китоб анҷом бахшидааст; 307 нафар омӯзгори забони чиниро аз мардуми маҳал тарбия намуд; беш аз 1200 чорабинии гуногуни таълимӣ ва фарҳангӣ баргузор кард; ба ҳалли зиёда аз 30 масъалаи ҳамкорӣ  миёни Чин ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг мусоидат намуд; ба зиёда аз 16000 нафар дар бахши омодагӣ ба имтиҳони забони чинӣ хизмат расондааст; 2272 нафарро бо бурсҳои гуногун барои таҳсил ба Чин тавсия додааст; дар ташкили беш аз 10 ярмаркаи ҷойҳои кори холии корхонаҳои азим, ба қариб 1000 донишҷӯи тоҷик дар пайдо кардани ҷойи кор ва ғайраҳо ёрӣ расондааст.
Рушд ва дастовардҳои Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ барои Чин ва Тоҷикистон намунаи барҷастаи дӯстии неки ҳамсоягӣ, ҳамкории самимӣ ва амиқтар кардани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ ба ҷомеаи шаҳрвандии Чину Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз қабили омӯзиши забон, фарҳанг ва пеш бурдани тадқиқоти илмӣ хидмат мерасонад, дар рушди соҳибистеъдодҳо, табодули таҷриба шароити хубе фароҳам меорад, барои мустаҳкам гаштани дӯстии халқҳои Чину Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузорад.
 
Лю ҶИАН ВЕЙ, директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ 
 
Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив