ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?

ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?

30 май 2023, Сешанбе
94
0
 
Дар ҷумҳурӣ дарахтон, рустаниҳои гарддиҳанда ва шаҳдҷудокунанда 173 намудро ташкил медиҳанд ва дар майдони қариб 4 миллион гектар доман густурдаанд. Ин имкон медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 600 – 800 ҳазор адад ва истеҳсоли асал ба даҳ-дувоздаҳ ҳазор тонна расонда шавад, ҳамчунин, ба миқдори зиёд мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр, ширеш истеҳсол намоем. 
Ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то моҳи майи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 263 ҳазор оилаи занбӯри асал нигоҳубин мешавад, ки назар ба соли пеш 7585 оила зиёд мебошад. Инчунин, соли рафта истеҳсоли асали хушсифат дар муқоиса ба соли пор 175 тонна зиёд шуда, ба 4565 тонна расид. 
Чуноне аз маълумоти таҳлилии оморӣ бармеояд, мушкилиҳо ҳам дар соҳа ҷой доранд, махсусан баланд бардоштани маҳсулнокии ҳар оилаи занбӯри асал, ба беҳбудӣ ниёз дорад, ки асали истеҳсолшуда ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 0,5 килограммро ташкил медиҳад. Сабаби камшавии маҳсулнокӣ дар чист? 
Вобаста ба ин масъалаҳо, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Абдурашид Шарипов андешаҳояшро ба хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин баён дошт: 
– Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа яке аз масъалаҳои муҳим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро аз ҳадафҳои калидии стратегӣ донистааст. Дар ин радиф, барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои мусоид фароҳам омадаанд ва дар доираи татбиқи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2022 шумораи оилаҳои занбӯри асал сол ба сол зиёд гардиданд, аммо ҳоло ҳам маҳсулнокӣ кам аст. Чунки аксари занбӯриасалпарварони мо ҳаваскор буда, технологияи нигоҳубин, афзоишдиҳӣ, зимистонгузаронии занбӯру модарзанбӯр, мубориза ба селашавии табиӣ, касалиҳо ва ҳатто вобаста ба қувватнокии оила гузоштани шонро кам мефаҳманд. Дар баъзе боғчаҳои занбӯр шонҳое дида мешаванд, ки муҳлати истифодааш то даҳ сол гузаштааст. 
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷумҳурӣ хоҷагии зотпарварӣ барои бунёди модарзанбӯрони бордоршудаи зоти карпатӣ нест. Истифодаи бисёрзотӣ бошад, ба камшавии маҳсулнокӣ оварда мерасонад. Аз дигар тараф, маҳсулнокии оилаи занбӯр 70-80 дарсад аз табиат вобаста мебошад. Омадани хокбориши зиёд, афзудани чорво, шахсӣ намудани чарогоҳ ва хоҷагиҳои боғпарварӣ, нест намудани ҷангалҳо ва дарахтони шаҳддиҳандаи хуб, ба монанди ақоқиё (акатсия), шоҳбулутҳо ва ғайраҳо мебошанд, ки сабаби кам гаштани маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал мегарданд. 
Тараққиёти оилаи занбӯри асал аз мавсими сол вобастагии зиёд дорад. Баҳор давраи асосии рушди занбӯр ва ҷудо намудан ба оилаҳои хурд мебошад. Агар дар ин фасл занбӯр ғизои кам хӯрад, аз гармӣ баҳравар нагардад, ба занбӯрқуттӣ обу шамол дарояд, пеши роҳи бемориҳо гирифта нашавад, ба даст овардани асали тозаи фаровон дар гумон аст. 
Ба таъкиди олимони соҳа, пеш аз ҳама, бояд дар ҷумҳурӣ хоҷагии зотпарварӣ оид ба офаридани модарзанбӯри зоти карпатӣ фаъол бошад. Агар хоҷагӣ соле ба як вилоят модарзанбӯри зотӣ диҳад, дар чор сол тамоми ҷумҳурӣ соҳиби зоти карпатӣ мегардад. Аз ҳисоби зиёд истеҳсол намудани асал занбӯриасалпарварон ва хоҷагиҳои давлатию фермерӣ самараи иқтисодии худро боло бардошта метавонанд. Дуюм мушкилӣ он аст, ки занбӯриасалпарвар вақти зиёдатии дар бозор нишаста асал савдо кардан надорад. Аз ин хотир, асал бояд ба ягон марказ супурда шавад, то ки ба хориҷа ба фурӯш бароранд. Мушкилии дигар он аст, ки озмоишгоҳи махсуси санҷиши сифати асал қариб, ки нест. Ин масъаларо бояд Вазорати кишоварзӣ ва КВД «Асали Тоҷикистон» ҳал намоянд. Инчунин, ҳоло дар Тоҷикистон истеҳсоли асали сунъӣ зиёд шудааст, пеши роҳи инро бояд гирифт.
Боиси таассуф аст, ки нафарони зиёде асали худсоз ё шакари зиёдро ба занбӯр хӯронда ҳамчун асали тоза мефурӯшанд, ки истеъмоли чунин асал ба саломатии мизоҷон зиёновар аст. Ба назари коршиносон, сифатнокии асал бо ду усул тадқиқ мешавад. Якум, ба воситаи озмоишгоҳи махсус, ки миқдори глюкоза, фруктоза, крахмал, малтоза, сахароза, шумораи диостаз ва ғайраҳоро воқеӣ муайян менамояд. Дуюм, ба тарзи ҳис. Бӯй, тозагӣ, намнокиро асалшинос худ муайян месозад. Асали тоза, пас аз каме хӯрдан, гулуро каме хориш медиҳад.
Асалгирӣ, пас аз пухта расидани он, оғоз мегардад. Асали нопухта турш мешавад. Аз ин хотир, мавсими ҳосилғундорӣ дар моҳҳои июл ва август идома меёбад ва ба қудратнокии оилаи занбӯр, рустаниҳои шаҳддиҳандаи макони зисти занбӯрон вобаста мебошад. Абдурашид Шарипов ин нуктаро муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфт: «Тадқиқоти бисёрсолаи мо нишон доданд, ки дар моҳҳои июн ва июл вобаста ба шароити боду ҳаво шаҳдбиёрӣ аз 300 грамм то 1,8 килограмм ва баъзан то ду кг мерасад. Дар солҳои 1980-1990 хоҷагиҳои давлатӣ мувофиқи нақша аз як оилаи занбӯр ба ҳисоби миёна чордаҳ килограмм, пешқадамони истеҳсолот то 20-25 килограмм асал мегирифтанд. Ҳоло чунин нест, зеро занбӯрҳо чарогоҳи хосса надоранд. Аз пасмондаҳои чорво шаҳд меҷӯянд. Дар шароити ҳозира 15-20 килограмм гирифтани асал даромади хоҷагиро дучанд менамояд. Бисёр нафароне ҳастанд, ки то панҷ кг асал ба даст меоранд, ки ҳаҷми хароҷотро пурра пӯшонда наметавонад”.
 
Олим, ҳамзамон, шарҳ дод, ки занбӯриасалпарвар ҳатман ҷойи гузоштаи занбӯрони худро нағз донад, дар масофаи радиуси то ду километр занбӯрони дигар шахс бояд набошанд. Агар масофа аз ду километр зиёд бошад, занбӯрон шаҳди овардаи худро дар роҳ ба миқдори 50-60 дарсад ҳамчун хӯрока истифода мебаранд. Аз дигар тараф, наздик гузоштани боғчаи занбӯрон ба паҳн гардидани касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, ба монанди канаҳо мегардад, ки маҳсулнокии оилаҳои занбӯрро то 50 дарсад кам менамояд. Занбӯриасалпарвар бояд ҳаёти биологии занбӯри асал, технологияи нигоҳубин, тарзи зимистонгузаронӣ ва тараққиёти оилаҳои занбӯри асалро хуб донад. Занбӯриасалпарвари донову пуртаҷриба метавонад модарзанбӯрро худ сунъӣ офарад, ки пешрафти соҳа аз модарзанбӯр вобаста мебошад. Як мисол: дар шони сунъии модарзанбӯрро бароваранда 33 дона модархона мегузоранд, агар пас аз понздаҳ рӯз онҳоро гирифта дар оилаи хурд шинонӣ хуб аст, дар ҳолати ин корро накардан, модари якум баромадаро занбӯрон қабул мекунанду 32 модари боқиро нобуд месозанд. Дар ҳолати технологияи нигоҳубин, вобаста ба зиёд гардидани шумораи занбӯр шон гузошта мешавад, агар шони зиёдатӣ гузоред, занбӯрон микроиқлими лонаро ба танзим дароварда наметавонанд, ки дар натиҷа тараққиёт суст мегузарад. Дар мавсими зимистонгузаронӣ се ҳолатро сахт риоя бояд кард. Якум, занбӯрони ҷавон дар зимистон камол меёбанд, ба онҳо ғизои нерубахш бояд дод. Дуюм, миқдори хӯрока аз рӯи меъёр босифат ва на кам бошаду на зиёд. Сеюм, муборизаи саривақтӣ бо бемориҳо, инчунин, миқдори занбӯри зимистона аз чор-панҷ лонача кам набошад. Дар ҳолати эътибор додан ба ин тавсияҳо занбӯрпарвар метавонад самараи иқтисодии хуб гирад.
Асал маҳсулоти асосии занбӯр мебошад. Аз ин хотир, занбӯриасалпарвар бояд маҳсулоти дигари соҳа, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ширеш (прополис) ҷамъ биёрад, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ назар ба асали молӣ талабгори зиёд дошта, аз 6 то 660 маротиба зиёд арзиш доранд. 
Абдурашид Шарипов, олими шинохтаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ, дар хотимаи суҳбат таъкид дошт, ки барои беҳтарсозии сифати асал ва зиёд кардани маҳсулнокии занбӯрҳо дар водиҳо, доманакӯҳҳо коштани қатраборон (эспарсет), юнучқа, маъсар (рапс), шинондани дарахтони мева ва шаҳддиҳандаи ақоқиё, шоҳбулутҳо  мувофиқи мақсад мебуд.
Бино ба тавсияи коршиносони соҳа, ҳар як занбӯриасалпарварро зарур аст, ки аз усулҳои парвариши занбӯри асал оқилона истифода барад. Бо донистани технологияи нигоҳдории оилаи занбӯри асал, занбӯриасалпарвар метавонад сол ба сол оилаҳои занбӯр ва маҳсулнокии онҳоро зиёд намуда, самараи иқтисодии калон ба даст биёрад. Истифода аз тавсияҳои мутахассисон, қоидаҳои нигаҳдории занбӯр ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта метавонанд ба пешрафти ин соҳаи аҳамиятноку сердаромад мусоидат намоянд. 
 
Кароматулло АТО, 
 “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив