ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

02 июн 2023, Ҷумъа
44
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

КРИПТОГРАММА (АЗ 1 ТО 54 РАҚАМ)
Агар ба ҷойи рақамҳо ҳарфҳоро гузорем, як ҷумлаеро хоҳем хонд
1. … дуюм, сеюм 1 – 2 – 3 – 4
2. Моҳи баҳор 6 – 7 – 8
3. Шабу …….. 9 – 10 – 11
4. Узви инсон  15 – 16 – 17 
5. Кор, ранҷ  31 – 32 – 33 – 34 – 35 – 36 – 37
6. Мардум, одамон  26 – 27 – 28 – 29
7. Олам – ҳаммаънои он  50 – 51 – 52 – 53 – 54 – 55
8. Пешоянд  46 – 21 – 23
9. Таъм  44 – 45 – 25 – 26
10. Ҷои дастархонӣ  48 – 24 – 14 – 44 – 39 – 20
11. Адиб Садриддин  21 – 22 – 42 – 12
12. Зиёд – муқобилмаънои он  38 – 45 – 48
13. Асбоб барои мӯи сар  40 – 41 – 42 – 45
14. Истилоҳи китоби Қуръон  47 – 13 – 37
15. Як хела ҳарф  5 – 18 – 19 – 30 – 31 – 49

Мураттиб Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ,
сокини шаҳраки Шайдон, ноҳияи Ашт

Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru


ЧӢ? ДАР КУҶО?

ДАРЁИ ПАҲНОБТАРИНИ ҶАҲОН КАДОМ АСТ?

Дарёи Амазонка, ки дар ҳудуди Амрикои Ҷанубӣ ҷорист, дарёи бузургтарини ҷаҳон аст. Ҳавзаи он дар марказ ва дохили Амазония минтақаи сарсабзро ташкил медиҳад, ки масоҳаташ 7 050 000 километрро дар бар мегирад ва барои ҳаёти одамон ниҳоят муҳим аст. 
Дарёи Амазонка ва шохобҳои асосияш аз ҳудуди Бразилия, Венесуэла, Колумбия, Экватор, Перу ва Боливия мегузарад. Дар резишгоҳаш ҳаҷми об дар як сония ба 150 ҳазор метри мукааб мерасад.
Дар поёноб паҳнии Амазонка ба 350 км баробар буда, шохобҳои зиёд дорад.

Таҳияи Кароматулло АТО



ДОДХУДО ШАРИФЗОДА БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ ИДМ
Ҳамасола Кумитаи иҷроияи ИДМ беҳтарин донишҷӯро интихоб менамояд. Имсол ғолиби озмун магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додхудо Шарифзода гашт, ки дар факултаи сиёсат ва идораи давлатӣ таҳсил  менамояд.
Худаш хоҳиши дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кор кардан дорад, вале ректори Академияи мазкур Абдухалил Ғафурзода, ки роҳбари илмиаш мебошад, дар симои ӯ муҳаққиқи муваффақи ояндаро мебинад. 
Додхудо  иштирокчии фаъоли конфронсу семинарҳои илмии ҷумҳуриявӣ буда, дар симпозиумҳои байналмилалӣ низ, баромад кардааст. 

Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


САДИО МАНЕ: “ҚАДРИ ХАЛҚАМРО МЕДОНАМ” 
Ситораи футболи сенегалӣ Садио Мане, бо вуҷуди сармояи зиёд доштан, зиндагии одӣ дорад. Бисёриҳо дар дасти ӯ "iPhone 11"-и экранаш шикастаро дида ба ҳайрат афтодаанд. Вале футболбози номӣ ба ин парвое надошта, чунин гуфтааст: «Ба ман 10 Феррари, 20 соати алмосӣ ва ду ҳавопаймо чӣ лозим? Ман гуруснагӣ мекашидам, дар саҳро кор мекардам. Пойафзол надоштам, бинобар ин, пойи луч бозӣ мекардам ва баъзан ба мактаб намерафтам. Акнун ман метавонам ба одамон ёрӣ расонам. Мактабе сохтан ва ба камбизоатон хӯроку либос доданро афзалтар медонам. Ман мактабу варзишгоҳҳо сохтам ва мардуми камбизоатро бо либос, пойафзол ва ғизо таъмин намудам. Илова бар ин, ба ҳама сокинони як минтақаи хеле камбизоати Сенегал ҳар моҳ 70 евро медиҳам, то ба вазъи иқтисодии оилаашон саҳме гузорам. Ба ман намоиши мошинҳову хонаҳои боҳашамат, сафарҳо ва ҳавопаймоҳо лозим нест. Чизе, ки ҳаёт ба ман додааст, бо халқи худ тақсим карданро афзалтар медонам».
 
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
МАРДИ ОҲАНИН
ЧӢ ТАВР ОРАЗ  БО ДУ ПОЙИ СУНЪӢ  ЗИНДАГИРО СОХТ...?!
Ораз ҳини як садамаи фалокатбор ду пояшро бохт, вале бовар ба зиндагӣ ва майли зистанро аз даст надод. Ӯ аз мову шумо аз замин то осмон  фарқ мекунад. Чархи зиндагӣ ӯро нашикаст. Имрӯз ӯ духтур, варзишгари муваффақ, шавҳари меҳрубон ва аз зиндагӣ розӣ аст.
Ораз Яқутхонов 25-сола буда, дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Падару модараш барои пешрафти рӯзгор ба шаҳри Душанбе мекӯчанд. Он замон қаҳрамони мо хурдакак буд. Дар 12-солагиаш ба садамаи фалокатборе дучор гашта маъюб шуд. Ҳоло бо пойҳои сунъӣ роҳ мегардад ва дар баробари ин, ба тамрини бадан машғул аст. Ӯ дар мусобиқаҳои ватанӣ ва берун аз кишвар аз намуди грэпплинг ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро касб кардааст. Ораз се карат қаҳрамони грэпплинги кишвар ва хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синост. Соле қабл бо Сабрина ном бонуи зебову муваффақ шинос шуда, бо ӯ оила бунёд кард.
Таҳияи Оламбегим  НЕКҚАДАМ


 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҒАМИ ХАЛҚ
Аз суҳбати ду бемор:
– Анна Степановна, чаро депутатҳои мо ҳама дар хориҷа табобат мегиранд, магар ба табибони худӣ бовар надоранд?
– Не, ҷонакам, бовар доранд, вале намехоҳанд, ки навбати мардумро  пушти дари духтур халалдор созанд. 
– Дар ҳамин ҷо ҳам ғами халқро мехӯранд, гӯед.
– Албатта.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


СУХАНОНИ КӮТОҲ
Вақте ғамгин ҳастед, дунё шуморо ба масхара мегирад. Вақте хушҳолед, дунё ба шумо лабханд мезанад. Аммо, вақте дигаронро хушҳол мекунед, дунё ба шумо таъзим мекунад.
* * * 
Дурӯғгӯ он нест, ки касе ҳарфашро дигар бовар намекунад. Он аст, ки худаш наметавонад ҳарфи дигаронро бовар кунад.
* * * 
Афроди шуҷоъ фурсат меофаранд, тарсуҳо ва зуафо (нотавонон) мунтазири фурсат менишинанд.

Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


АЗ ОЛАМИ МӮД
«GIORGIO ARMANI»
Ҷорҷио Армани 11 июли соли 1934 дар шаҳри Пиачензаи Италия таваллуд шудааст. Соли 1949 бо аҳли хонавода ба Милан кӯчид. Соли 1953 мактаби миёнаи ба номи Леонардо да Винчиро хатм карда, ба факултаи тиббии Донишгоҳи Милан дохил мешавад. Баъди ду соли таҳсил касби худро иваз намуда, ҳамчун суратгир кор мекунад. Аз соли 1970 ӯ тарроҳ шуд. Армани шарики меҳмонхонаи “Бурҷ Халифа” буда, соҳиби меҳмонхонаи шахсӣ дар Милан мебошад. Ӯ 8,5 миллиард доллар дороӣ дошта, яке аз сарватмандтарин одамони Италия аст. Тибқи гузориши маҷаллаи “Forbes” дар феҳристи сарватмандтарин афроди ҷаҳон дар ҷойи 131 қарор дорад.

Таҳияи М. ОДИНАЕВА


«ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО»
ПАРТОВҲО
Экологҳо ҳисоб кардаанд, ки ҳар сокини сайёра ба ҳисоби миёна дар як рӯз тақрибан 0,5 кг партов хориҷ мекунад. Агар ин миқдор партовро дар як сол ҳисоб бинамоем, 182,5 кг хоҳад шуд. 8 миллиард сокини сайёра соле 1 триллиону 460 миллиард тонна партов ҳосил мекардааст.
Агар, ҳамин тавр, миқдори партовгоҳҳоро дақиқ карданӣ шавем, яқин масоҳати онҳо аз масоҳати чандин кишвар бештар хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки барои дар ҳолати табиӣ нест шудани коғаз 10 сол, қуттии консерв, тақрибан 90 сол, филтри сигарет то 100 сол, пакетҳои полиэтиленӣ 200 сол, пластмасса то 500 сол, шиша бошад, то 1000 сол лозим аст. 
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Пирях – тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ширини сарзамини Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар марзи кишвари мо наздики 13 ҳазор пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро дар бар мегирад. Пиряхҳо, асосан, дар Помири шимолию ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000 то 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой доранд. Дар таркиби пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


КОРТҲОИ БОНКӢ
Имрӯз касеро бо доштани корти бонкӣ ба ҳайрат намегузоред, вале соли 1888, вақте ки Эдвард Белл дар романи «Нигоҳе ба гузашта» дар соли 2000-ум ба вуҷуд омадани кортҳоро пешгӯӣ кард, ҳама онро фантастика хонда буданд. 
Нахустин маротиба идеяи бо корт пардохт намудани харид ва хизматрасониҳо ба сари Фрэнк Макнамари амрикоӣ омадааст. Ин дар соли 1950 буд. Даҳ сол пас нахустин кортҳои аз картон сохташуда ба муомилот баромаданд. 
Аввалин ва охирин Президенти СССР Михаил Горбачёв нахустин корти бонкии дар Иттиҳоди Шуравӣ сохташударо ба даст овард, аммо ба он зарурат набуд, аз ин рӯ, ба осорхона супурд. Ҳоло кортҳо, асосан, аз пластика сохта мешаванд, лекин намунаҳои тиллоии бо бриллиант ороёфтааш низ, мавҷуданд. Ҳамин гуна кортҳои Dubai First Royale Master Card-ро аъзои хонаводаи салтанатии Амороти Муттаҳидаи Араб истифода мебаранд. 
Номи сокини Калифорния Уолтер Кэвэн бо доштани коллексияи бузургтарини кортҳо ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид шудааст. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ТО АРАҚ НАКУНӢ, РЕКЛАМАРО НАМЕБИНӢ
Ширкати хокаи ҷомашӯйии “Omo”-и Бразилия, ки чанд сол қабл клуби футболи “Коринтианс”-ро сарпарастӣ мекард, тарзи ҷолиби рекламаро пешниҳод намуд: тамғаи “Omo”, ки бо рангҳои махсус дар либоси бозигарон тасвир гашта буд, дар оғози бозӣ наметофт, вале бо арақ кардани футболбозон торафт намоёнтар мешуд.
Пешниҳоди чунин таблиғ як хатар дошт, дар сурати ба қадри кофӣ арақ накардани футболбозон логотипи Ширкат ба чашм намудор намегардид. Аммо чизи махсусан ҷолиб он аст, ки мураббӣ имкон дорад бозигари танбали майдонро муайян намояд. Биноан, ҳазломезона мегуфтанд, ки мураббии “Коринтианс” Фабио Кариле бо Ширкат созишномаи махфӣ бастааст, то футболбозони танбал ва беҳтаринро маълум созад. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН


МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
ТЕЛЕСКОП
Он дар баландии 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар биёбони Аризона қарор дошта, ба осмони шабона менигарад. Оинаҳои азими телескоп қодиранд нури ситораҳои дар масофаи 9 миллиард соли рӯшноӣ ҷойгирбударо нишон диҳанд. Ба шарофати ин астрономҳо метавонанд кайҳонро назар ба пештара амиқтар мушоҳида намоянд. 
Телескопи дурбини калон  бузургтарин телескопи сайёра ва аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаву дорои баландтарин имкониятҳои оптикӣ  буда, авҷи аълои муҳандисии 300-сола мебошад. Ин телескоп дар асоси таҷрибаи шаш телескопи пешин бунёд гаштааст. Дар сохтмони ҳар як телескопи қаблӣ навоварии бузурги технологӣ ба миён омадааст, ки ба астрономҳо имконияти сохтмони телескопҳои боз ҳам калонтарро фароҳам овард. Як ба як, аз хурдтар ба калонтар гузашта, онҳо ҳикояҳои аҷиби бузургҷуссаҳои оптикиро дар худ маҳфуз доштанд, ки дар ниҳоят боиси пайдоиши The Large Binocular Telescope гаштааст.   
Таҳияи Ш. ҚУРБОН



ҶОПОН
ОДАМОНИ ДАРОЗУМР МЕАФЗОЯНД
Дар Ҷопон 50 ҳазор  нафар ҳадди садсолагиро пушти сар кардааст. Пас  аз 15 сол дарозумрони садсола дар Ҷопон аз 1 миллион бештар мешаванд.  Чунин дастоварди дарозумрӣ дигар дар ягон кишвари дунё вуҷуд надорад.  Бархеҳо мегӯянд, ки сирри дарозумрии  ҷопонҳо  ба хӯрдани маҳсулоти моҳигӣ ва мавҷудоти баҳрӣ вобаста аст. Вале, одамоне ҳастанд, дар назди баҳру уқёнусҳо ба сар мебаранд ва  маҳсулоти баҳриро бештар истеъмол мекунанд, аммо нисбат ба ҷопонҳо ду маротиба камтар  умр мебинанд. Оё, дарозумрии ҷопонҳо ягон сирри дигар дорад?  Баъзеҳо сирри дарозумрии ҷопонҳоро дар он  медонанд, ки  онҳо бо ҳамдигар суҳбати самимӣ менамоянду мекӯшанд, то табъи ҳамсуҳбати худро вайрон насозанд ва пайваста муносибати ҳасана дошта бошанд.  
Таҳияи Нигина РАҲМОН


Хурдтарин мактабҳои ҷаҳон
2. МАКТАБИ ХУРДИ НОРВЕГИЯ
Соли 2011 дар Норвегия низ, мактаб барои як хонанда, Андрин, фаъолият мебурд. Андрин дар деҳае, ки 18 нафар аҳолӣ дошт, хонандаи ягона буд. Барои он ки ӯ имкони дар наздикии хона таҳсил карданро дошта бошад, сокинон дар якҷоягӣ барои хонандаи деҳаи худ мактаб сохтанд. Андрин синфи ибтидоиро дар ҳамин муассиса хатм кард ва дар мактаби муқаррарии шаҳраки ҳамсоя таҳсилро идома дод.
Таҳияи Лола РИЗОӢ



КӮЧАЕ, КИ ДАР ОН ТИБҚИ ДАРХОСТ  БОРОНИ СУНЪӢ МЕБОРАД
Дар шаҳри афсонавии Дубай кӯчаеро бунёд мекунанд, ки дар он тибқи дархости муштариён борони сунъӣ меборад. Меҳмонони кӯчаи яккилометраи аз ҷиҳати иқлим назоратшаванда метавонанд бо дархост борон ва барфи сунъиро тамошо кунанд. Ин кӯча дар ҳамкорӣ бо Институти маъруфи Фраунхофер таҳия шуда, ҳанӯз дар марҳилаи сохтмон қарор дорад. Дар ин бора сомонаи Khaleej Times иттилоъ медиҳад.     
Кӯча бо айвони зебои сурху сафеди худ меҳмононро ба сайри Фаронса мебарад. Он ҳарорати тобистонаи ҷануби Фаронсаро инъикос мекунад, ки дорои ҳарорати назоратшавандаи 27 дараҷа, шамол бо суръати 5 км/соат ва намӣ 60 дарсад аст. Кӯчаи истироҳатӣ дар ҳавлии тарабхонаи «La Brasserie French Bistro»  ҷойгир аст. Пас аз лаззат бурдан аз борон, меҳмонон метавонанд рангинкамон ва садҳо парандагонро бинанд, ки дар наздикии баҳр парвоз мекунанд ва ба об ғута мезананд. Онҳое, ки мехоҳанд аз кӯчаи боронӣ «бигзаранд», бояд дар тарабхона хӯрок хӯранд ё дар меҳмонхона ҷойгир шаванд. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


АЛЕКСАНДР СИЗОНЕНКО 
ҚАДБАЛАНДТАРИН БАСКЕТБОЛБОЗИ ҶАҲОН
Дар баскетбол, дар баробари чусту чолокӣ, қади баланд асоси муваффақият аст. Мо дар бораи 5 қадбаландтарин баскетболбози ҷаҳон маълумот медиҳем, ки номи онҳо дар таърих сабт шудааст. 
 Сизоненко Александр Алексеевич маъруфтарин бас-кетболбози дунёст, ки 21 марти соли 1959 дар вилояти Херсони Украина ба дунё омадааст. 
Дарозии қадаш 2м 43см, вазнаш 186 кг, андозаи пойҳояш 58 см мебошанд.
Ӯ қадбаландтарин баскетболбози ҷаҳон дар таърих ба шумор меравад, ки номаш соли 1990 дар Китоби рекордҳои Гиннесс сабт шудааст.  
Барои Александр Сизоненко либосу пойафзоли махсус мехариданд. Баскетболбоз дар синни 50-солагӣ мустақилона ҳаракат карда наметавонист. Ҳамон вақтҳо хостанд, ӯро ҷарроҳӣ кунанд, аммо табибон бо сабаби сар задани хунравии меъда ва шифо наёфтани он ҷарроҳиро рад намуданд. Номбурда соли 2012 дар шаҳри Санкт-Петербург, дар 52-солагӣ, дунёи фониро падруд гуфт.
Таҳияи З. РАҶАБ



ЯК МАСАЛ
Гови пиразан сершир буд. Ҳар рӯз ду бор онро медӯшид. Аз ин, албатта, изҳори сипосу шукр мекард. Як рӯз андешид, ки ин миқдор шир зиёд аст, хосса чун меҳмони бисёр надоранд ва хӯрандагонаш низ каманд. Ба ин қарор омад, ки говро дигар намедӯшад. Агар бидӯшад ҳам, замоне медӯшад, ки меҳмон дошта бошад. 
Як рӯз ғайричашмдошт нафарони зиёде аз дуру наздик ва илова ба ин, хешовандонаш ба хонааш ташриф оварданд. Пиразан гуфт: «Ана акнун фурсати дӯшидани гов фаро расид. Дар ин муддат бояд хеле шир ҷамъ шуда бошад. Ба ҳамаи омадагон мерасад, ҳатто зиёдатӣ мекунад».
Бо нияти дӯшидани гов чанд сатил ҳам бо худ гирифт. Рафт, даст ба пистони гов бурду шуруъ ба дӯшидан кард, аммо як қатра шир ҳам пайдо нанамуд.
Ҳикмати масал: кори имрӯзро ба фардо магзор. Ва низ: таъхир офат аст.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ 


ҲАФТ МУЪҶИЗАИ МОДАР
1. Ним соат дар паҳлуи модар нишастан бо 6 равоншиноси ботаҷриба суҳбат кардан баробар аст.
2. Модар, ҳангоми ба оғӯш гирифтани фарзанд, мавҷҳои маҳрамона мебарорад, ки фарзандро боандешатар, устувортар ва бо атрофиёнаш муттаҳид месозад.
3. Модар ягона мавҷудест, ки рух додани нохуширо эҳсос мекунад, пас ҳайрон нашавед, агар барои сайругашт ва берун баромаданатон монеа шавад.
4. Вақте модар дасташро ба ҷойи дардноки баданат гузорад, дардат шифо меёбад, ин аз нигоҳи равонӣ ҳам воқеият дорад.
5. Модар ягона шахсест, ки метавонад мушкилоти молии фарзандро ҳал намояд, гарчанде ки дар ягон ҷое ҳам кор накунад.
6. Модар метавонад бо дуои худ роҳи сарнавишти ҷигарбандашро дигар созад.
7. Модар инсонест, ки дар назди ӯ эҳсоси худро пинҳон карда наметавонӣ.

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
САРОСЕМА ХУДКУШӢ КАРДАМ 
Баъди чанд рӯзи интизорӣ ниҳоят ҷавоби ташхиси Олег аз комиссарияти ҳарбӣ омад:
– Мутаассифона,  маҷбурем хабар диҳем, ки  шумо мубталои бемории сил ва ВНМО буда, дилатон ҳам аз меъёр суст кор мекунад... 
Огоҳиномаро то охир нахонда, ки номаи дигар рӯи экрани компютер пайдо мешавад:
– Бубахшед, бо ҷурми хатои техникӣ ҷавоби ташхиси нафари дигар ба суроғаатон рафтааст. Шумо, Олег Аҳмадович, аслан ягон дард надоред ва ҳафтаи оянда омодаи сафар ба хизмати ҳарбӣ бошед.
–  Маро ҳам бубахшед, хабари дурӯғини шуморо таҳаммул накарда, саросема 40 дақиқа пеш худкушӣ кардам. 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ



АХТАРШИНОСИ  МАШҲУРИ ТОҶИК
НАСРИДДИНИ ТӮСӢ (1201 – 1274)
Насриддини Тӯсӣ тариқи мушоҳидаҳои астрономӣ назарияи офтобмарказро бо таври мушаххас дақиқ карда, муайян менамояд, ки Офтоб дар маркази олам қарор дорад ва Замин дар гирди Офтоб чарх мезанад. Ҳамин андешаро нобиғаи тоҷик бо ҳисоби худ комил намуд ва ин кор аз муҳимтарин дастовардҳои олимон маҳсуб меёбад, ки баъдтар олимони Ғарб ин андешаро бо номи худ муҳр заданд. Насриддини Тӯсӣ собит кард, ки ба ҷуз Замин дар гирди Офтоб боз сайёраҳои дигар чарх мезананд ва онҳо дар якҷоягӣ низоми Офтоб мебошанд.
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив