ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «НАСИМИ ДӮСТӢ». МУЖДА АЗ ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ЭҶОДӢ

«НАСИМИ ДӮСТӢ». МУЖДА АЗ ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ЭҶОДӢ

08 июн 2023, Панҷшанбе
31
0
 
Асрҳо боз муносибатҳои ду халқи ҳамҷавору соҳибтамаддун, яъне тоҷику ӯзбек, нек ва такмилдиҳандаи ҳамдигар буданд. Махсусан, ин равобити дӯстона дар даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мустаҳкамтар гардид ва бештар аз пештар густариш ёфт. Бо иқдоми ин ду шахсияти бузурги таърихӣ ва миллатсоз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим пешравиҳои зиёд ба мушоҳида расиданд. Албатта, бо амалӣ гардидани иқдомҳои нав ба нав баъзе аз соҳаҳо, хосса мусиқии касбиро метавон ҷаҳонӣ кард. Ҳамзамон, он мусоидат мекунад, ки соҳибистеъдодҳои нав сайқали маҳорат бинамоянд, аз донишу таҷрибаҳои ҳамдигар баҳравар шаванд.
Яке аз ҳамкориҳое, ки дар сатҳи баланд доир гашта истодааст, ин баргузории фестивалҳои мусиқии касбӣ дар миёни ин ду кишвар ба шумор меравад. Чанде пеш намояндагони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва аҳли эҷоди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Рӯзҳои 24 – 26-уми моҳи майи соли равон бошад, намояндагони Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон дар кишвари мо буданд. Дар якҷоягӣ маҳфили эҷодӣ ва барномаи консертӣ таҳти унвони «Насими дӯстӣ»-ро доир карданд. 
Тавре зикр шуд, фестивали мусиқии касбӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ӯзбек бахшида ба оғози ҳамкориҳои эҷодӣ байни Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони соҳибистиқлолии ҳар ду кишвар дар ин се рӯз дар толори консертии Иттифоқи композиторон, дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардиданд. 
Амирбек Мӯсозода, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Рустам Абдуллоев, раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон, пас аз суханҳои шодбошӣ бо зикри моҳият ва муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос ба ду Сарвари миллатҳои фарҳангдӯсту фарҳангпарвар намуданд.
Дар ҳақиқат, иҷрои асарҳои мусиқӣ ва ҳунарнамоиҳои ду ҷониб шаҳодат аз он медиҳанд, ки мусиқии касбии мо бештар рушд меёбад. Ин ҳамкориҳо имкон фароҳам меоранд, ки на танҳо ба асарҳои нави эҷодшудаи ҳамдигар шинос бишаванд, балки барои иҷрои ҳирфавии онҳо минбаъд бештар саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳанд.
Дар ин фестивал, аз ҷумла асарҳои композиторони ду кишвар Рустам Абдуллоев, Дилором Сайдалиева, Мустафо Бафоев, Акмал Сафаров, Муҳаммад Атажанов, Хуршеда Ҳасанова, Мухтор Ашрафӣ, Амирбек Мӯсозода, Қудратулло Яҳёзода, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Талабхӯҷа Сатторов, Ҷӯрахон Обидпур иҷро гардиданд. Иҷрокунандагон аз «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, ҳунарпешагони Театрии давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Коллеҷи санъати ҷумҳурӣ ба номи А. Бобоқулов, мактабҳои мусиқӣ, асарҳоро дар сатҳи баланди ҳирфӣ навохтанд.
Олимҷон Солизода, директори «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Тиллоев, сардирижёр, Алишер Солиев, дирижёр, ҳунарпешагон Манучеҳр Раҳмонов, Элнура Мирзакамалова, Лола Раҷабова, Нигина Обидова, Шарофат Усмонзода, Гулнора Низомова, Рафиқа Сангинова, Азиза Турсунова, Асрина Баҳромзода, Суман Алишерова ва дигарон дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ намуданд.
Бешак, зикри дӯстӣ ва ҳамкории доимии композитор Мустафо Бафоев аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон зарур аст. Ин ҳунарманд ва композитор барои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чандин асарҳои калонҳаҷми мусиқӣ, ки яке аз онҳо операи «Абуалӣ ибни Сино» мебошад, эҷод кардааст. Дар таҳияи онҳо бевосита ширкат варзида, ба ин васила, дар пешравии соҳа ва Театри давлатии академии мо саҳми арзандаву фаромӯшношуданӣ дорад. Ҳузури ӯ бо асарҳояш Фестивалро шукӯҳи махсус бахшид. Асарҳои ӯ «Поэма барои рубоб ва фортепиано, «Янги Ӯзбекистон» (Ӯзбекистони нав) дар иҷрои Абдураҳмон Матхолов бисёр хуб иҷро гардиданд. Ин эҷодкор аз тарзи иҷрои ҳунарпешаи тоҷик ба ваҷд омад ва сипосгузорӣ намуд.
Асари Рустам Абдуллоевро бо номи «Прелюдия ва токкато» барои фортепиано Элнура Мирзакамалова дар сатҳи баланди ҳирфӣ иҷро кард.
Ҳамин тавр, баргузории чунин фестивалҳо барои рушди мусиқии касбӣ, сайқали маҳорат, донишандӯзӣ ва ҷаҳонӣ намудани он мусоидат мекунад. Тавре мутахассисон ва дигар донандагони соҳа ҳам изҳор доштанд, Фестивали мусиқии касбии «Насими дӯстӣ» хотирмону ҷолиб доир гардид ва барои боло бурдани завқи эстетикии шунавандагон низ таъсири нек гузошт. 
 
Холаҳмади  МАҶИД, 
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив