ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАФАРОБОД.  МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ НОҲИЯ

ЗАФАРОБОД.  МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ НОҲИЯ

08 июн 2023, Панҷшанбе
30
0
 
Чандин сол пеш барои дидорбинии ҳамдиёрон аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳраки Орзуи ноҳияи Зафаробод сафар намуда, аз кору пайкори сокинони нав ба ин диёр омада огаҳӣ пайдо карда будам. Дар он солҳо аз деҳаҳои Вешаб, Дарғ, Шамтуч, Каздон, Ревад, Рарз, Урметан, Зеробод ва ғайра одамони касбу кори гуногун ба Зафаробод кӯч баста буданд ва онҳо то мутобиқ шудан ба обу ҳавои ин диёр басе азиятҳо кашиданд, зеро обу ҳавои ноҳияи Айнӣ аз иқлими Зафаробод фарқияти куллӣ дошт.
Инак, аз рӯзҳои ташкилшавии ноҳияи Зафаробод зиёда аз 60 сол сипарӣ шуд ва насли наве ба арсаи ҳастӣ омад, ки зода ва парвардаи Зафаробод мебошад. Бо ҳукми тақдир баъд аз чандин солҳо ин дафъа ҳамчун рӯзноманигор озими Зафаробод шуда, бо ҳаёт ва фаъолияти бошандагони ин диёри офтобӣ ошноӣ пайдо намудам ва дар ин сафар Зафарободро дигаргуна дарёфтам. Махсусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳия рушд карда, макони пахтаи маҳиннах, боғзору токзор гардид ва ногуфта намонад, ки соли 2022 аввалин маротиба нақшаи пахтаро ба 32 ҳазор тонна расонданд, ки ин бесобиқа аст. 
Бо супоришу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Зафаробод корхонаю коргоҳ ва  дигар иншоотҳои гуногуни зарурӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ноҳия ба пешрафту муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, ба яке аз минтақаҳои ободу зебои кишвар табдил ёфтааст.  Дар ин давра биноҳои нави муассисаҳои таълимии рақамҳои 9, 14, 16, 20, 22, 23, 3, иншоотҳои дигари иловагии муассисаҳои таълимӣ, ба кор даровардани беморхонаи шаҳраки Меҳнатобод имкони рушди соҳаҳои фарҳангу маориф ва тибро афзудаанд. Маркази маъмурии Зафаробод – шаҳраки Бахт хеле тараққӣ  кардааст  ва як гӯшаи пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо ба ёд меорад. Биноҳои нави ду бозори марказӣ, марказҳои тиҷорат, ақди никоҳ, терминалҳои мусофиркашонӣ, мағозаҳои нави фурӯши маҳсулоти гуногун, кошонаҳои ҳусн, дорухонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ҳусни маркази Зафарободро афзудаанд. 
Дар ноҳия ба равиши таълиму тарбия, роҳҳои ҳаллу фасли барномаҳои таълимӣ ва, махсусан ба барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм”, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳаёти моро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан душвор аст. Кашфиёту дастовардҳои илмиву техникӣ ба ҳаёти рӯзмарраи мо ва тамаддуни ҷаҳон таъсири амиқи худро мегузоранд... Ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакатро самаранок истифода бурда, баҳри рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ саъю талош намоем ва мутахассисони соҳибкасбро ба камол расонем. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Зафаробод ба равиши таълиму тарбия, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, аз ҷумла занон, ба тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии хонандагон, худогоҳию хештаншиносии миллӣ, дӯстию рафоқати анъанавии сокинони гуногунмиллати ноҳия, эътибори махсус дода мешавад. Ин аст, ки дар баробари тоҷикон дар вазифаҳои масъули роҳбарии сохторҳои давлативу ҳукуматӣ ва самтҳои фаъолияти хизматӣ дигар халқияту миллатҳо низ, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ кор  мекунанд. Дар натиҷаи роҳбарии хирадмандона ва тадбирҷӯёнаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шаҳракҳои наве бо номҳои Навбаҳор, Ҷавонӣ, Гулистон арзи ҳастӣ карданд. 
Дар ин сафар дар саҳроҳои сабзу зархези Зафаробод бо чанде аз сокинони ноҳия   вохӯрда, суҳбатҳои самимӣ оростам ва ҳар яки онҳо аз сулҳу ваҳдат, созандагӣ ва тараққиёти ноҳияи худ ҳарф зада, ба роҳбарияти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ арзи сипос намуданд. Омӯзгори 70-сола Солеҳ Сайфиев, ки бисёр гармиву сардиҳои зиндагиро дидааст, зикр кард, ки барои ман ноҳияи Зафаробод биҳиштеро мемонад, ки ҳар рӯз чун гул мешукуфад. "Ман - гуфт ӯ, - дар мавсими ғунучини пахта бо аҳли оилаам зиёда аз 4 тонна пахта чида, музди хубе ба даст овардам ва, агар бори дигар аз модар таваллуд мешудам, зиндагиро боз ҳам аз ноҳияи Зафаробод оғоз менамудам".
Дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки Зафаробод оростаю пероста шуда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ин диёр ташриф оварда, чандин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ, инфрасохторҳои гуногуни тиббию фарҳангиро мавриди истифода қарор доданд. 
Хулоса, умед дорем, ки ноҳияи Зафаробод таҳти роҳбарии раиси ноҳия   Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ, ки деҳқонзода, ҳалиму хоксору фурӯтан  мебошад,  аз ин ҳам дида шукуфону зеботар гашта, ба ғалабаҳои шоёни меҳнатӣ дастёб мегардад. Ободию зебоиҳои ноҳияро  дида, шодии ман ҳам ҳадду канор надорад.  
 
Бобоҷони НУРЗОД, Айнӣ – Зафаробод – Айнӣ
Санаи нашр: 08.06.2023 №: 120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив