ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

15 ноябр 2023, Чоршанбе
155
0

 
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншоот ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар давраи мураккаби ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳангоме ки ҷанги шаҳрвандӣ ба бақои давлату миллат таҳдид мекард, дар Қасри маданияти “Арбоб” иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида, бо раъйи якдилонаи вакилон сиёсатмадори оқилу ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб гардиданд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, қарорҳои он ва амалу иқдомҳои ҷасуронаю дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарору таҳкими давлатдории навину истиқлоли воқеии Тоҷикистон, якпорчагии давлати ҷавони тоҷикон, истиқрори сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол асос гузошт.
Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа, аз ҷумла олимону зиёиён ва занону ҷавонон, бо барномаи рангини фарҳангӣ ва дар фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукрона аз давлати соҳибистиқлол таҷассуми садоқат, эҳдои меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Маҳз хираду ҷасорат, сиёсати оқилонаю ояндабинонаи наҷотбахшу сарсупурдаи миллат, меъмори сулҳу ваҳдат, сиёсатмадори хирадманд аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот пойдор ва халқи Тоҷикистон бо иқдому амалҳои созанда баҳри рушду пешрафти минбаъда қадамҳои устувор мегузоранд.

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ 
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – шаҳраки Ғафуров, дар фазои тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Майдон дар масоҳати 1,2 гектар бо лоиҳаи ҷолиб, ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бунёд ёфт. Бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр сохта шуда, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш 7 метр мебошад. Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ  бахшиданд.  Баландии  сутунпояи  Нишони давлатӣ 27 метр ва қутраш 2,4 метрро ташкил медиҳад. Майдони назди пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш додаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтирому қадршиносӣ ба пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ гулчанбарҳо гузоштанд. Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ рамзҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Муқаддасоти миллӣ мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол буда, ин рамзҳои давлатӣ ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлол, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги қадима, корҳои созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистон ҳидоят мекунад.

Расми пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров
14-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд.
Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат меафрозад, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шуд. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари “Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат, бо услуби хоси меъморӣ, истифода гардидааст. Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад ва қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.
Майдони назди пайкара бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар ин ҷо, ҳамчунин, ду фаввораи зебо низ бунёд гардид. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китоб ҷойгир буда, дар яке аз онҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари “Тоҷикон” ҷой мегирад ва рамзи дигар асари мондагори Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон”-ро,  ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, натиҷаи заҳмати чандсолаи академик мебошад, таҷассум намудааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди иншоот бо шинондани гулу буттаҳои ороишӣ корҳои ободониву сабзазоркунӣ анҷом дода шуд, ки ифтитоҳи он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд. 
Бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров
14-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз таъмиру навсозӣ, бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик  Бобоҷон  Ғафуровро  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он ошно гардиданд. 
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки Осорхона маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиқотӣ буда, аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона нигораҳо, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров  аз рӯйи хронология ҷойгиранд. Осорхона дорои гӯшаҳое чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва амсоли инҳо мебошад. Ҳамчунин, як гӯшаи алоҳидаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида мешавад. Дар он, асосан, намунаҳои асбобу олоти гуногуни қадима ва ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд,  ҷой дода шудаанд.
Зикр гардид, ки гӯшаи “Аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон” оид ба қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби Сарвари давлат ва дигар иқдому ташаббусҳои муҳиме, ки барои ҷовид мондани номи академик  анҷом ёфтааст, маълумот медиҳад. Умуман, осорхона аз се бахш: “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.
Дар Осорхона, ҳамчунин, сарулибос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар баробари ин, нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани иншооти мазкур, бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдории  нигораҳои  ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ хоҳад кард. 
Пас аз шиносоӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрии Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров соядаст гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои фаъолияти босамар, ҷалби мардум ба осорхона, хусусан ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин макони фарҳангӣ, ба хотири тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. 

Ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳалаи аввали Лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.
Бо пурра татбиқ шудани лоиҳаи мазкур, ки ду марҳаларо дар бар мегирад, зиёда аз 14 ҳазор сокини деҳоти Зарзамин бо оби ошомиданӣ таъмин мегарданд. Дар марҳалаи аввал, ки дар доираи ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ татбиқ гардид, 7 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Зарзамин бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуд. Обро аз ду чоҳи амудӣ аз умқи 150 метр бо насосҳои махсус бароварда, ба минтақаҳои аҳолинишин тавассути лӯлаҳои махсуси обгузаронӣ ба масофаи беш аз 2 ҳазор метр овардаанд.  
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон ҷиҳати дар марҳалаи дуюм босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Тибқи маълумотҳо, дар марҳалаи дуюми лоиҳа, бо насби 2 насоси иловагии обкаш ва кандани 2 обанбори ғунҷоишашон 500 метри мукааб, боз 7 ҳазор нафар сокини деҳоти Зарзамин бо оби ошомидании босифат таъмин мешавад. Амалишавии марҳалаи аввали Лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаҳои оби нӯшокии деҳоти Зарзамин” дар рӯзҳои таҷлили 31- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ туҳфаи арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон маънидод гардид.  

Ифтитоҳи МТМУ №40 
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассиса соли 1967 барои таҳсили 320 нафар хонанда бунёд гардида буд. Муассиса дорои 16 синфхона, ошхона, толори варзиш, майдончаи варзиш, кабинетҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи иттилоотӣ ва лингофонӣ мебошад.
Солҳои охир дар атрофи Муассиса маҳаллаҳои нав бунёд шуд, ки боиси афзоиши шумораи хонандагон гардид. Бо назардошти ин, сокинони маҳаллаҳои навбунёд бо ёрии гурӯҳи соҳибкорон дастаҷамъона ба сохтмони бинои таълимии иловагӣ оғоз бахшиданд. Бинои иловагии нав дорои 8 синфхона барои таҳсили 480 нафар хонанда дар ду баст мебошад. Дар ошёнаи якум кабинетҳои фанни ҷуғрофия, табиатшиносӣ, забони русӣ, технологияи иттилоотӣ, дар ошёнаи дуюм, кабинетҳои фаннии риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, забони англисӣ мавҷуданд.
Дар Муассиса 824 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо бунёди бинои иловагӣ шароиту имконияти беҳтари таълиму тарбияи фарзандон фароҳам омад. Дар он 56 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул аст. Синфхонаҳо бо мизу курсиҳои наву замонавӣ, таҷҳизоти таълимӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ, проектор ва компютерҳо, муҷаҳҳазанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагони Муассиса ба масъулони соҳаи маориф бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, амиқ омӯхтани забонҳои хориҷиву фанҳои дақиқ маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


МДТ “Литсейи рақами 1” 
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба таҷлили шоистаи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти Хистеварз Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи рақами 1”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи типи нав, ки дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бо фармоиши идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд ёфт, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва фарогирии шумораи зиёди муҳассилин ба таълиму тарбия, дар вилояти Суғд назир надорад. Бунёди бинои муҳташами чорошёнаи Литсейи №1 дар Хистеварз, ки аз калонтарин деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, наздики 60 ҳазор аҳолӣ дорад, аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф маҳсуб меёбад. Дар Муассиса, асосан, омӯзиши  илмҳои табииву риёзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин усули муосири илмомӯзӣ барои сайқал додани тафаккури техникии хонандагон мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо имконияту шароити илмомӯзӣ дар иншооти тозабунёд, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ҷиҳати талоши бештар ба харҷ додан ба сифати таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон ҳидоят намуданд. Дар ин боргоҳи маърифат таълиму тарбияи хонандагон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта,  бо тариқи озмун зиёда аз 80 омӯзгори соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардид.
Бинои асосии Литсейи №1 дорои 48 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳои замонавӣ ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад. Ҳамаи синфхона ва озмоишгоҳҳои Муассиса бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо, муҷаҳҳаз буда, дар баробари ин, ҷиҳати ҷалби густурдаи духтарону писарон ба касбомӯзӣ марказҳои ҳунаромӯзиву маҳфилҳои эҷодӣ ташкил шуд.
Литсей, ҳамчунин, дорои синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, китобхона бо толори хониш, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзиш мебошад. Толори варзиш, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва тайёр намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт. Ҳамзамон, барои гузарондани дарсҳои амалии омодагии дифои ҳарбӣ, дар ҳудуди Муассиса як майдончаи замонавӣ бунёд гардид.
Тамоми биноҳои таълимгоҳ бо маркази гармидиҳии худмухтор, ки дар ҳудуди Муассиса ҷойгир мебошад, пайваст буда, гармии синфхонаҳо ва дигар иншооти муассиса дар айёми сардиҳо пурра таъмин мешавад. Саҳн ва атрофи иншоот сабзакорӣ шуда, бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ зинат ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда, аз хонандагони Муассиса даъват ба амал оварданд, ки дар замони пешрафту дигаргуниҳои куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла  рушди бесобиқаи илму техника, пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.

Кӯдакистони “Ситораҳои дурахшон”
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 бо номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав сеошёна буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса, фарогирии кӯдакони то синни мактабӣ дар ин боргоҳи таълиму тарбия бамаротиб зиёд гардида, дар маҷмуъ, 460 нафарро ташкил медиҳад.
Бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ ва афзоиши талабот ба кӯдакистон, дар деҳоти Дадобой Холматов бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва саҳми аҳолӣ сохтмони бинои иловагии кӯдакистон ба роҳ монда шуда, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳу намои зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қомат афрохт.
Бинои муассисаи томактабӣ барои тарбияи кӯдакон дар шаш гурӯҳ пешбинӣ гардида, аз синфхонаи машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, дастшӯӣ, ошхона, толорҳои мусиқӣ, варзиш ва нуқтаи тиббӣ иборат буда, дорои системаи гармидиҳӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар давраи зимистон низ раванди таълиму тарбия дар сатҳи зарурӣ бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамгардида ба роҳ монда шавад.
Муассиса мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа бунёд ёфта, ҳар гурӯҳ бо навтарин аёниятҳои таълимӣ, мизу курсиҳо, телевизор ва дигар воситаҳои омӯзишию фароғатӣ таъмин аст. Таълиму тарбия дар кӯдакистон бо ҷалби мутахассисони соҳибкасб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар рафти таълим усули фаъоли ҳамгиро васеъ истифода мегардад.
Баробари ба истифода додани бинои нави муассиса, 15 нафар ба кор ҷалб шуда, дар маҷмуъ, шумораи кормандон ба 45 нафар расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ ва суҳбати гарму самимӣ бо кӯдакону мураббиён, иброз доштанд, ки зинаи нахустини таълиму тарбия ва ба камол расондани фарзандон маҳз аз кӯдакистон оғоз меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати сохтмону бунёди чунин муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ дар тамоми деҳот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Боздид аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” 
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” боздид намуданд. 
Боғи миллии “Ваҳдат” ду сардхонаи замонавӣ дорад, ки ғунҷоиши онҳо беш аз 1500 тонна маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маданияти истифодаи имконияти сардхонаҳо шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон, коргарони Боғи миллии “Ваҳдат” корҳои муайянро ба анҷом расондаанд. Боғи миллии “Ваҳдат” соли 2008 таъсис ёфта, 527 гектар замини боғу токзор дорад, ки дар онҳо дарахтони меваҳои содиротӣ парвариш мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” солҳои 2018 ва 2022 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин ба коргарон имкон медиҳад, ки маҳсулотро дар сардхона захира намуда, фаслҳои тирамоҳу зимистон бозорҳои дохилиро бо онҳо таъмин намоянд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бӯстон, Панҷакент, Истаравшан, Гулистон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов 44 сардхона фаъолият дошта, гунҷоиши онҳо аз 40 то 3000 тоннаро ташкил медиҳад. 
Барои истифодаи иқтидорҳои сардхонаҳо, захираи ҳарчи бештари маҳсулот ва мусоидат дар таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулотҳои тару тоза аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои муайян ба сомон расондааст.
Кишоварзони вилояти Суғд бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар самти амалисозии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардондани бозорҳои истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин, ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ташрифи Сарвари давлат ба намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ 
14-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони вилоят дидан карда, бо вазъи соҳа ва дастовардҳои меҳнаткашон шинос шуданд. 
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, 14 шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Дар он аз ҷониби кишоварзони вилоят зиёда аз 10 навъи картошка ва беш аз 30 намуд хӯрокҳои аз картошка омодашуда пешниҳод гардид. Ҳамзамон, зироаткорони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо тарҳи зебо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полизӣ, мевагӣ, хушкмеваҳо, бандубасти хушкмеваҳо ва афшураҳоро муаррифӣ карданд.     
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд баҳри зиёд намудани истеҳсоли картошка, афзун намудани иқтидори содиротӣ ва, ба ин васила, танзим намудани нархи ин зироат дар бозорҳои дохилӣ, дар мавсими имсола нисбат ба васеъсозии масоҳати кишти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Тибқи маълумот, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 25 712 гектар ва дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 16 335 гектар кишти картошка гузаронда шуд, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 1496 гектар ва 1026 гектар зиёд мебошад.
Дар вилоят вобаста ба ҷойгиршавии маҳал бештар навъҳои “Пикассо”, “Кардинал”, “Тоҷикистон” истифода бурда мешаванд, ки ҳосилнокии баланд дошта, ба касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон тобоваранд.
Иттилоъ доданд, ки ба ҳолати 1-уми ноябри соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 534 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол гардид, ки аз он 447 ҳазору 260 тонна ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост омада, нишондоди мазкур нисбати соли пешин мутаносибан 38 ҳазору 649 тонна ва 33 ҳазору 954 тонна зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка нисбат ба соли пешин бештар аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Айнӣ 2 ҳазору 330 тонна, Истаравшан 5 ҳазору 435 тонна, Кӯҳистони Мастчоҳ 7 ҳазору 93 тонна, Панҷакент 1 ҳазору 386 тонна, Шаҳристон 3 ҳазору 442 тонна ва Деваштич 32 ҳазору 17 тоннаро ташкил медиҳад. Баробари ин, ҳосилнокии картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 280-сентнерӣ ба беш аз 300-сентнерӣ расонда шуда, нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят аз 20 сентнер то 50-сентнерӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, 30-юми апрели соли 2021, таҳти рақами 169, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори “Дар бораи Барномаи давлатии рушди содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро ба тасвиб расонд. Зимни баргузории намоишгоҳ ва суҳбати самимӣ бо Сарвари давлат, кишоварзони вилоят изҳор доштанд, ки, бо истифода аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда, фаъолияти худро барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, амалисозии сиёсати аграрии Ҳукмати мамлакат, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат равона менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии сокинони заҳматқарини вилояти Суғд, ба ғайрату ҳиммати онҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои баланд дода, кишоварзонро ба истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои кишт, афзун кардани иқтидори истеҳсолӣ, тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакат ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҳидоят намуданд.

Санаи нашр: 15.11.2023 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив