ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
64
0

 
Идомаи сафари корӣ
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ 
15-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ супурда, онҳоро ба ин муносибат табрику таҳният намуданд. Иншооти мазкур тибқи дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати кӯтоҳ бунёд гардид. Бино дорои хонаҳои 1 ва 2-ҳуҷрагӣ буда, корҳои сохтмонӣ дар он бо ҷалби 20 сохтмончии маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расид. Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мебошад. Дар бинои нав шаш нафар аз соҳаи маориф, чор табиб, ду хизматчии давлатӣ, як корманди соҳаи фарҳанг ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи истиқоматӣ ниёз доштанд, бо манзили зист таъмин шуданд. Ҳуҷраҳои бино бо тамоми шароити зарурии рӯзгор муҷаҳҳазанд. Намои беруна ва дохили биноро бо санъати меъмории миллӣ оро додаанд.   
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити зиндагонӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматчиёни давлатӣ дар иншоот, соҳибони хуштолеи онҳоро ҷиҳати равона намудани малакаю кордонӣ дар самти ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ карданд.

Бинои нави шуъбаи шаҳрии раёсати КДАМ 
15-уми ноябр, дар идомаи сафари корӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо назардошти талаботи соҳа бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти босамар имконоти зарурӣ фароҳам овардаанд. Аз ҷумла, бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ буда, бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин, дар иншооти мазкур барои кормандони соҳа китобхонаи замонавӣ бо махзани бойи китобҳои бадеиву соҳавӣ ташкил гардида, толори хониш бо шароити зарурӣ таъмин аст. Бинои нави шуъбаи шаҳрии раёсати КДАМ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо назардошти санъати муосири меъморӣ эъмор гашта, аз ҳафт ошёна иборат мебошад.
Иттилоъ доданд, ки дар бинои нав толори алоҳидаи варзиши муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои машқу тамрин ташкил гардидааст. Ҳамчунин, иншоот дорои маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои замонавии машваратӣ буда, корҳои сохтмонии он бо сифати баланд ба сомон расидаанд. Дар гирду атрофи иншоот корҳои ободониву сабзакорӣ анҷом ёфта, саҳни он сафолакпӯш гашт. Бунёду баистифодадиҳии иншооти мазкур шароити хизматии кормандони раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мувофиқу муносиб намуда, барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии доимӣ онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.
Роҳбари давлат, зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ, таъкид доштанд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид кормандони ин ниҳод бояд барои ҳифзи суботу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар саъю кӯшиш намоянд. Хусусан, кормандон дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бояд ҳушёриву зиракӣ ва далерию чолокиро аз даст надиҳанд.

Корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ 
15-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии ҶДММ “Фаровон” ва ҶДММ “Тоҷсохтмон”-ро ба истифода доданд. 
Иншооти навтаъсиси соҳаи саноат дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навтарин технология бунёд гардида, иқтидори ҶДММ “Фаровон” дар як шабонарӯз истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ буда, ҶДММ “Тоҷсохтмон” бошад, имкони дар як шабонарӯз истеҳсоли 250 метри мукааб бетонро дорад ва дар онҳо 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз раванди фаъолияти хатти истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёри корхонаҳо, иқдоми соҳибкорони ватаниро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ, коркарду тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кори мувофиқ муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯи талаботи бозор вазифадор намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи “Фаровон” моҳи феврали соли 2023 бо ҷалби 25 нафар сокини маҳаллӣ оғоз ёфта, дар муҳлати нуҳ моҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо сифати баланд бунёд шуд.
Зимни муаррифӣ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар марҳалаи аввал, ба ҷуз истеҳсоли бетон,  ҳамзамон, се намуди маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла плитаҳои оҳану бетонӣ, сутунпояҳо ва ҳалқаҳо барои чоҳҳои амудӣ бо андозаҳои гуногунро ба роҳ мондааст ва дар оянда бо ворид ва насби хатти нави технологӣ истеҳсоли дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ бо фарогирии ҷойҳои нави кор ташкил мешавад.
Тибқи маълумот, то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ се корхонаи саноатӣ дар ин самт фаъолият мекард ва бо бунёди ду корхонаи нав шумораи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ ба 5-то расид, ки тайи солҳои охир нишондоди назарраси истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.  

Корхонаи коркарди шиша
15-уми ноябр, дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шишаи ҶДММ “Шишакор”-ро ба истифода доданд.
Корхона тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорон Умархӯҷа Бузруков ва Нуриддин Ҳусайнов бунёд ёфт.
Иқтидори моҳонаи иншооти нави саноатӣ коркарди то 8 ҳазор метри мураббаъ шиша мебошад. Дар сурати пурра фаъол кардани марҳалаҳои дигари корхона, имконияти коркарди то 27 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як моҳ фароҳам хоҳад омад.
Айни замон дар корхона 20 нафар бо ҷойи кор таъмин буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатҳои дигари истеҳсолӣ, теъдоди коргарон ба 50 нафар мерасад. Қисми зиёди амалиёти коркарди шиша ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ доданд, ки ашёи хом аз хориҷ ворид мешавад ва мавриди коркард қарор мегирад. Тавассути технологияи рақамӣ, шишаҳо дар корхона ба дуҷилда, сеҷилда ва чорҷилда мубаддал гардида, ба иқлими минтақа мутобиқ карда мешаванд. Дар корхона шишаҳои сохтмонии рӯйпӯшшудаи мултифунксионалӣ коркард шуда, ҷузъҳои мураттабу зебо бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол мегарданд.
Маҳсулоти ҶДММ “Шишакор” барои истифода дар қисматҳои ҳимоявии зинапояҳои замонавӣ, пештоқи иншоот, шишабандии қисмҳои берунии бино, бунёди биноҳои баландошёна бо усули шишабандӣ, гузоштани нақшу нигор дар рӯи шиша, оинабандии дохили биноҳо ва таҷҳизоти маишӣ барои хонаҳои истиқомативу идорӣ пешбинӣ мешавад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти ҶДММ “Шишакор” аз Италия, Русия ва Чин ворид шуда, технологияи навтаринанд. Корхонаи мазкур бо иқтидор, сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар кишвар нахустин ва дар Осиёи Миёна яке аз беҳтаринҳо мебошад.
Айни замон дар мамлакат чор корхонаи коркарди шиша амал мекунад, ки соли 2022-юм ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ 8,9 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Тайи даҳ моҳи соли равон тавлидоти маҳсулоти корхонаҳо ба 20,5 ҳазор метри мураббаъ расид. Воридоти шишаи сохтмонӣ бошад, дар ин давра 30,466 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ арзиши як метри мураббаи шиша 200 сомонӣ буда, талабот ба он дар як сол вобаста ба ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 4 миллион метри мураббаъ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни дастгириҳои давлатии бахши хусусӣ ба хотири саҳмгузории бештар ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар ибрози андеша карда, ба фаъолияти иқтидори нави истеҳсолӣ баҳои баланд доданд ва ташаббуси созандагии соҳибкоронро дар самти пайгирии иқдомоти созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар самти ташкили ҷойҳои нави кор ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот намунаи волои ватандӯстӣ ва ибрат донистанд. 

Маркази тибби байналмилалии “Мармед” 
15-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд маркази тибби байналмилалии “Мармед”-ро ба истифода доданд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ баҳри пешвози сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз 6 ошёна, таҳхона ва 36 кати хоб иборат аст. Муроҷиаткунандагон метавонанд, дар баробари ташхису табобат, аз хизматрасонии ошхона ва ҳавзи шиноварӣ истифода баранд. Дар маркази нави тиббӣ бо навтарин дастгоҳҳо ташхису табобат ва намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм ва узвҳои дарунӣ, ба роҳ монда мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талаботи замон мутобиқ гардондани имкониятҳоро дар соҳаи иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, ба масъулони соҳа ва коргарону мутахассисон супориш доданд, ки ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд  хизматрасонӣ кунанд. Ҳуҷраҳо барои бақайдгирӣ, ташхису табобат, таҳлили хун ва ҷарроҳӣ пешбинӣ шудаанд. Дар маҷмуъ, зиёда аз 30 мутахассиси баландихтисос ба ҷойи кор таъмин мебошад. Дастгоҳҳо барои ташхису табобат аз Корея, Туркия, Чин ва Аврупо ворид гардид. Дар бино раванди хизматрасонӣ ба таври худкор сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро барои омӯзиши нозукиҳои кор тавассути технологияи муосир, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва бо истифода аз имконияти мавҷуда ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд вазифадор карданд. 
Барои табобат ва гузарондани ҷарроҳиҳои мураккаб мутахассисон аз Русия, Ӯзбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ даъват мешаванд.
Раванди такмили ихтисоси табибон дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои тиббии мамлакат ба таври амалӣ ба роҳ монда мешавад.
Ба фаъолият оғоз кардани маркази нави тиббӣ, ворид шудани таҷҳизоти муосир ва ҷалби мутахассисони баландихтисос имкон медиҳад, ки табибон ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча” 
15-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча”-ро, ки дар назди ҶДММ “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Бо мақсади зиёд кардани навъу намудҳои маҳсулот, қонеъ сохтани талаботи бозори дохилӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ, муассисони ҶДММ “Фортуна ва компания” бо таъсиси коргоҳи нав, ки дар он, асосан, курсиҳои нарм ва мебелҳои чӯбӣ истеҳсол мешаванд, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррасу шоиста мегузоранд. Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисон иттилоъ доданд, ки барои омода кардани курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбӣ аз Италия ва Туркия 47 дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни муосир оварда, васлу насб шуд. Дар коргоҳи нав имконияти истеҳсоли то 100 номгӯи курсиҳои нарм ва мебелҳои махсуси чӯбӣ мавҷуд буда, 60 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гашт, ки бештар аз 40 нафари онҳо занону духтаронанд. Дар маҷмуъ, иқтидори солонаи коргоҳ 30 ҳазор курсии мулоими гуногун буда, раванди тавлиди маҳсулот дар алоҳидагӣ аз чанд марҳала, аз ҷумла коркард ва омода кардани чӯби табиӣ, муайянсозии андозаи қисмҳои курсӣ, суфтакунӣ, ороиш бо ранг ва дигар маводи зарурӣ, интихоб ва дӯхти матоъ бо тарҳи зебою ҷолиб иборат мебошад. Масъулони коргоҳ иброз доштанд, ки марҳала ба марҳала бо истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидору имконияти мавҷуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ мерасонанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти коргоҳҳои ҷамъият, аз ҷумла дару тиреза, мебелҳои гуногун барои хона, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, курсиҳои мулоим ва дигар маводи ороишии чӯбӣ тамошо карда, ба сифати онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, дастур доданд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ содироти курсиҳои мулоим ва мебелҳои чӯбӣ ба хориҷи мамлакат ба роҳ монда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисони ҶДММ “Фортуна ва компания”-ро ҳидоят карданд, ки бозори дохилию хориҷиро ҳамаҷиҳата омӯхта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро зиёд намоянд.

Маркази ташхису табобатии “Аксон”
15-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази ташхису табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргис”-ро  мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Марказ дар бинои сеошёнаи ҳудуди беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи Сангин Қутфиддинов баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солгагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи лоиҳаи  шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфт. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраи машваратии пеш аз бистарикунонӣ, толорҳои ҷарроҳии эндовидеоӣ ва ҷарроҳии лазерии рагҳои хунгарди пой, ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ ва бистарисозӣ бо 72 кат мавҷуданд. Маъмурияти маркази ташхисию табобатӣ дар ошёнаи сеюм фаъолият мебарад. Дар таҳхонаи муассиса озмоишгоҳҳои клиникавию биохимиявӣ, шуъбаи физиотерапевтӣ, ҳуҷраҳои ташхиси сабти барқии дил, ултрасадо, колоноскопӣ ва ғайра амал мекунанд, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд. Дар маҷмуъ, барои марказ ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти замонавии ташхисию табобатӣ хариданд. Дар муассисаи нави тиббии хусусӣ 50 табиби соҳибтахассус ва корманди миёнаи тиб ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Барои табобати амбулаторӣ ва беморони бистаришуда, дар марказ ҷарроҳ, мутахассисони озмоишгоҳҳо, амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос ва равоншинос, табибони гӯшу гулӯ ва бинӣ, дандонпизишк ва  маммологҳо фаъолият мекунанд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ, иқдоми муассиси Маркази ташхису табобатии “Аксон” соҳибкор Рустам Усмоновро саҳмгузорӣ дар рушду баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ доштанд ва кормандони марказро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин шароит барои хизмати софдилона ба халқ ва муомилаю муоширати хуб бо беморон ҳидоят намуданд.

Машварати корӣ 
15-уми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар он натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои оянда муайяну мушаххас гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ибрози андеша намуданд. Таъкид шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, бештар кору фаъолият намоем ва барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятҳоро истифода барем.
Ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, супориш дода шуд, ки дар самти таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкили захираи кофии он ва пешгирии болоравии нархҳо мунтазам чора ҷӯянд. Ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва сарчашмаҳои иловагии рушд аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ гашт, ки бояд ба ҳаллу фасли онҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, аз Президенти мамлакат ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, беталаф ҷамъ овардани ҳосили боқимонда, омодасозии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва иҷрои барномаҳои рушди соҳавию маҳаллӣ супориш гирифтанд.
Ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Суғд дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои тасдиқшудаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саъю кӯшиш намоянд.
Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд супориш дода шуд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ба итмом расондани кишту ниҳолшинонии тирамоҳӣ ва дигар корҳои мавсимӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки захираи тухмиҳои репродуксияи баланд, ташкилу рушд додани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва, бо ин роҳ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бояд таҳти назорати доимии роҳбарону мутахассисон қарор дошта бошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои корами обӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд. Барои мусоидат ба рушди соҳаҳои парандапарварию чорводорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти ташкили фермаҳои чорводорию парандпарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори истеъмолӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.
Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ аз тадбирҳои иловагӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ гардид. Вобаста ба вазъи имрӯзи ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми мардуми кишвар ва ҳамаи ташкилоту муассисаҳоро ҳушдор сохтанд, ки дар фикри таъминоти худ бошанду ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар мавсими тирамоҳу зимистон муҳтоҷӣ накашанд.
Барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки корҳоро ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва, ба ин васила, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшанд.
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чорум фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, боз ҳам вусъат бахшанд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро барои бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, бартараф кардани раванди таълиму тарбия дар се баст, зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон, инчунин, ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ ба таври ҷиддӣ тавсеа бахшанд. Таъкид гардид, ки, бо истифода аз имкониятҳои зиёди вилоят, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаро тақозо мекунад.
Дар машварати корӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бартарафсозии камбудиҳои зикршуда, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати кишвар ба рушду тараққиёти ҳамаи минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, мусоидат карда, дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мегардад.
Дар охир Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Суғд минбаъд низ бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода буда, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи корҳо дар бахшҳои иқтисоди миллии вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив