ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД  ОЛИ СОНӢ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД  ОЛИ СОНӢ

20 феврал 2024, Сешанбе
12
0

 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа, ки бо сафари корӣ ташриф оварданд, нахуст, бо Амири давлат Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Зимни вохӯрӣ, ки дар ҳошияи мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ барои Ҷоми Амири Қатар баргузор гардид, масоили вобаста ба равобити дӯстӣ ва рушди ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Амири Давлати Қатарро бо баргузории бомуваффақияти мусобиқаи ниҳоии Ҷашнвораи аспдавонӣ шодбош гуфта, барои даъват ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Амири Давлати Қатарро, ҳамчунин, бо пирӯзии дастаи миллии кишвараш дар чемпионати Осиё доир ба футбол табрику таҳният гуфта, барои пазироии шоиста аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо миннатдорӣ баён доштанд.
Амири Давлати Қатар, дар навбати худ, ба ҳаштгонаи дастаҳои беҳтарини футболи Осиё ворид шудани дастаи Тоҷикистонро дастоварди пуршараф номида, Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин натиҷаи баланд шодбош гуфтанд.
Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо зарурати тақвияти робитаҳои ду кишварро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид сохтанд.
Пешвои миллат ба алоқамандии ҷониби мо ба ҷалби сармояи Қатар ба соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъданҳо ва кишоварзӣ махсусан ишора намуданд.
Дар зимн, атрофи мувофиқаҳое, ки чанде пеш дар рафти сафари давлатии Сарвари  Тоҷикистон ба Давлати Қатар ба даст омада буданд ва ҷараёни татбиқи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз оғози фаъолияти амалии гурӯҳҳои муштараки корӣ ҷиҳати татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда истиқбол карданд.
Миёни сарварони ду давлати дӯст, ҳамчунин, доир ба як қатор мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб табодули андеша сурат гирифт.

Санаи нашр: 19.02.2024 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив