ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

11 апрел 2024, Панҷшанбе
18
0

 
Ба истифода додани корхонаи ҶДММ “Титан 8888” 
9-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  
Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан, радиатор – таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон ба 170 нафар расонда мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад. ҶДММ “Титан 8888” бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар  Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ – бародарон Тоҷибоевҳо, бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд гардид. Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харид шудааст, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад.
Ҳоло дар корхона ду намуди таҷҳизоти гармидиҳӣ, се намуд чароғакҳои равшанидиҳанда ва зиёда аз бист намуд дег барои рӯзгор, ки ҳаҷмаш аз 2 то 300 литрро ташкил медиҳад, бо дизайни хос ва сифати баланд истеҳсол мегарданд.   
Дар корхона, ҳамзамон, шаш анбор барои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр сохта шуда, бунёди бинои маъмурӣ, ошхона бо фарогирии 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон имкон медиҳад, ки кормандон дар шароити мусоиду беҳтар фаъолияти назаррас дошта бошанд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди молу маҳсулот пурра аз ҳисоби воридот таъмин мешуд. Баъди ифтитоҳи корхонаи мазкур, имкон аст, бештар аз 50 фоизи талаботи бозори дохилӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии радиатор, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин гардад.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ доданд, ки  ашёи  хом – алюминийи  дуюмдараҷа,  дар  ҷумҳурӣ дастрас гардида, дар печҳои махсус гудохта мешавад ва раванди иҷрои корҳои марбут ба қолаббандӣ, суфтасозӣ, рангубор, васлу насби қисмҳои алоҳида, инчунин, бандубасти маҳсулоти тайёр дар коргоҳҳои алоҳида мутобиқ ба меъёру талаботи замони имрӯз сурат мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббуси масъулон ҷиҳати таъсиси чунин корхонаи муосири саноатӣ баҳои баданд дода, ҳидоят намуданд, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати махсус диҳанд.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии муассисони ҶДММ “Титан 8888” баланд бардоштани сифат, паст кардани нархҳо ва қонеъ гардондани дархосту ниёзи мизоҷон, тадриҷан ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур мебошад.
Масъулони корхона азм доранд, ки дар оянда талаботи аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои кишварро ба инобат гирифта, ҳаҷму номгӯи маҳсулотро зиёд намоянд ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ мағозаҳои фирмавии худро таъсис диҳанд. Ҳамзамон, ҷиҳати содироти маҳсулоти тайёр – таҷҳизоти гармидиҳӣ, дег ва чароғакҳои равшанидиҳанда, ба хориҷи кишвар нақшаҳо тарҳрезӣ гардида, дар ин самт бо як қатор ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ба кор даровардани корхонаи саноатии ҶДММ “Титан 8888”, ки дар Тоҷикистон аз аввалин истеҳсолкунандагони радиатор – таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои ҳаҷму андозаашон гуногун барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб меравад, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин, ташкили ҷойҳои кории нав иқдоми муҳиму саривақтӣ номида шуд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон 
9-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Титан 8888” дар арафаи Иди саиди Фитр  чун оини неки инсондӯстона ба 80 ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасони ятим, ки аз шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки таваҷҷуҳи давлат нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол ба сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кор ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Марҳала ба марҳала таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда, таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд. Воқеан, шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раиятпарвари хеш маҷмуи сарулибос, пойафзол, кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Боиси хурсандист, ки, дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
Боздид аз коргоҳи истеҳсоли ванадий 
9-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли ванадийи коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ”  пас аз навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.
Бояд қайд кард, ки коргоҳи мазкур аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд ва пас аз танаффуси тулонӣ хатти аввали истеҳсолии коргоҳ дар доираи амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигарондашуда навсозӣ гардида, дар он истеҳсоли поливанадати аммоний ва панҷоксидаи ванадий роҳандозӣ гардид. Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, ба Федератсияи Русия, кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад ва ин таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад.
Коргоҳ бо ашёи хоми воридотӣ фаъолият карда, ҳамкорӣ бо корхонаҳои азими Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дастрассозии ашёи хом ба роҳ монда шудааст.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки маҳсулоти ниҳоии коргоҳ серхаридор буда, ванадий барои мустаҳкамсозии таркиби металл, тобовар намудани он ба гармиву сардии аз меъёр зиёд ва дар саноати истеҳсоли рангҳои ороишӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Хатти истеҳсолии коргоҳ дар асоси технологияи ватанӣ ва аз Федератсияи Русия бо ҷалби сармояи дохилӣ пурра навсозӣ шуда, сифати баланди маҳсулотро мутобиқи талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин мекунад. Барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ашёи хом аз 10 марҳалаи коркард гузашта, маҳсулоти ниҳоӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад ва назорати сифати он низ бо ҷалби мутахассисони баландтаҷриба роҳандозӣ гардидааст. Дар коргоҳи истеҳсолӣ 60 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Тавре иттилоъ доданд, дар марҳалаҳои баъдии барқарорсозӣ, шумораи кормандон ба 150 нафар расонда мешавад. Ҳамчунин, солҳои оянда бо таҷдиди дигар хатҳои истеҳсолӣ иқтидори истеҳсолии коргоҳ боз ҳам баландтар хоҳад гашт. 
Ба кор шуруъ кардани хатти истеҳсолӣ идомаи тадбирҳо дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатии дар дохили кишвар истеҳсолшаванда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти таъиноти содиротидошта буда, натиҷаи татбиқи босамари нақшаҳои Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) маҳсуб меёбад. Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурнамои рушди Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ошно гардиданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат корхона ҳадаф дорад, марҳала ба марҳала иқтидори худро барқарор намуда, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатиро биафзояд. Аз ҷумла, дар оянда қисмати дигари коргоҳи истеҳсоли ванадий навсозиву барқарор хоҳад шуд.
Дар баробари ин, лоиҳаҳои бунёди «Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра»,  «Корхонаи безараргардонии замин ва коркарди дубораи партовҳои саноатӣ» ва  «Маркази муосири логистикӣ» муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки айни ҳол сохтмони Маркази муосири логистикӣ оғоз ёфта, тибқи нақша, дар он сардхона, анбор, минтақаҳои гумрукиву бастабандӣ, ошхона, хобгоҳ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мешаванд.
Тибқи нақша, Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра бошад, дар асоси технология ва методҳои нави холисгардонӣ бунёд ёфта, он ба ҷалб намудани ширкатҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ ба хизматрасониҳои холискории худ ва ташкили ҳамкориҳои нав дар соҳаи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, таъсиси ин корхона дар оянда мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии металлҳои қиматбаҳо ба таври назаррас таҳким хоҳад бахшид.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, дигар номгӯи маҳсулот, ки дар коргоҳҳои истеҳсолии зертобеи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” истеҳсол мешавад, ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷумла, маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, қолабҳои гуногуни металлӣ, қолинҳои дастбоф ва маҳсулоти дӯзандагӣ пешниҳод гардид. Бояд қайд кард, ки КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат корҳои навсозиву барқарорсозиро дар тамоми корхонаҳои зертобеи худ амалӣ менамояд. То имрӯз бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи заргарии “Зари Суғд” бо 30 ҷойи кор ва коргоҳи дӯзандагии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” бо 45 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Зимни ифтитоҳ ва шиносоӣ бо корхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор карданд, ки корҳои навсозиву барқарорсозиро дар дигар коргоҳҳои КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” мувофиқи нақша сомон диҳанд ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашударо тақвият бахшанд.

Деҳоти Унҷӣ соҳиби кӯдакистон шуд
9-уми апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассиса ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд ёфт. Муассисаи таълимии томактабии “Мусаффо” дуошёна буда, барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар он 30 мураббӣ дар шаш гурӯҳ ба таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғул мебошад.
Сохтмони кӯдакистони “Мусаффо” моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, дар он беш аз 50  сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Иншоот дар муҳлати нуҳ моҳ бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ бунёд гашт. Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ, дар муассиса ошхона, толорҳои варзишу мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд.
Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳамсозии шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар саҳни муассиса айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардида, чароғҳои замонавии равшанидиҳанда ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни дигар мебахшад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамомада, дастур доданд, ки масъулон дар тарбияи насли наврас  дар  руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.
Дар деҳаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони “Мусаффо” бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст. Шодиву нишоти дӯстрӯякони кӯдакистон ҳадду канор надошт, зеро онҳо шахсан аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гирифтанд. Акнун, сокинони деҳаи Мусаффо имкон доранд, фарзандони худро дар беҳтарин шароит бо таълиму тарбия фаро гиранд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, ҳамзамон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 1300 метр роҳи дохили деҳа мумфарш гардид.

ҶДММ “Муосир-пласт” ба фаъолият оғоз кард
9-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ҶДММ “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд. 
Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд ёфта, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 миллион дона маҳсулот истеҳсол намояд.
Дар навбати аввал бо истифода аз се хатти технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои шириниҳо, нӯшокиҳо, тармеваю хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва хӯрокворӣ омода гардида, наздики 50 нафар баъд аз омӯзиши нозукиҳои таҷҳизоти замонавӣ соҳиби кори доимӣ шуданд. 
Ин аввалин корхона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона намудааст.
Қаблан ин намуди маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат ворид мегашт. Аз рӯи маълумот, дар як сол, тақрибан, ба  маблағи 175 миллион доллари ИМА  маҳсулоти тайёрӣ пластикӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли чунин намуди маҳсулот ба коҳиши сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат намуда, даромаднокӣ ва сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳаи саноат намунавӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки, дар доираи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ, бояд шумораи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар мамлакат зиёд карда шавад ва ин роҳи муҳими афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини сокинон бо кор мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхонаи навтаъсиси “Муосир-пласт” ва дигар корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид.
Муассисони корхона дар оянда боз нақша доранд, ки бо афзудани талабот ба ин намуди маҳсулот қолабҳои навро ворид сохта, номгӯи маҳсулот ва теъдоди ҷойҳои корро зиёд намоянд. Дар доираи эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 78 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 538 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт, ки имрӯзҳо фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд.

Ифтитоҳи коргоҳи коркарди моҳӣ 
9-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистон коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хатти истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди як тонна моҳӣ ва  истеҳсоли  беш  аз  5000  қуттӣ  консерви  моҳӣ  мебошад. Коргоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо консерви моҳӣ таъсис ёфта, дар он дар ду баст 50 сокини маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардид. Айни ҳол коргарон бо истифода аз захираи ашёи хом ва хатҳои муосири технологӣ консерви моҳиро дар зарфҳои оҳании 200-грамма коркарду истеҳсол менамоянд.
Иншооти соҳаи саноат дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ” аз ҷониби корпоратсияи “Моҳии тоҷик” дар ҳамкорӣ бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ – саноатикунонии босуръат ва таъмини амнияти озуқаворӣ, қадами устувор аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро дар самти қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулоти парҳезӣ ва таъмини сохторҳои низомӣ муҳим арзёбӣ намуда, масъулонро вазифадор сохтанд, ки ба сифати маҳсулот диққати зиёд диҳанд. Инчунин, дастур доданд, ки дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли консерви моҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор аз ҳисоби занону духтарон, ҳамзамон, барои таъсиси сардхонаҳои замонавӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар вилояти Суғд барои афзоиши ҳаҷми коркарду истеҳсоли ин намуди маҳсулоти парҳезӣ захира ва имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Дар вилоят ғайр аз «Баҳри тоҷик» боз панҷ хоҷагии моҳипарварии корпоратсияи “Моҳии тоҷик” фаъолияти намунавӣ дорад, ки ҳамаи онҳо дорои захираи намудҳои гуногуни моҳӣ мебошанд.
Тибқи иттилои масъулон, бештари маҳсулот барои коркард дар ин коргоҳ аз «Баҳри тоҷик» дастрас мегардад.
Ҳамасола кормандони Агентии таъминоти амволи махсус дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз «Баҳри тоҷик» аз 100 то 150 тонна моҳӣ сайд намуда, барои таъмини талаботи сохторҳои низомӣ дар сардхонаҳо захира мекунанд. 
Дар саҳни коргоҳи навбунёд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни моҳии зинда, маҳсулоти аз моҳӣ ва гӯшти мурғ консервшуда намоиш дода шуд.
Феълан, дар яхдонҳои ҶСК “Таъминоти моҳӣ”-и Агентии таъминоти амволи махсус ба миқдори зарурӣ моҳии яхкардашуда, консерви мурғ ва дигар намуди маҳсулот барои коркард ва таъмини талабот захира гардида, дар он 80 нафар кор мекунад.
Корпаратсияи “Моҳии тоҷик” ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва имтиёзҳои пешбинишуда аз ҳисоби фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварии дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷудбуда, беш аз 200 тонна моҳӣ истеҳсол менамояд ва дар оняда нақша дорад, ки ба ҳамин монанд боз ду коргоҳи дигари истеҳсоли консерваи моҳиро дар ноҳияҳои Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо таъсиси беш аз 45 ҷойи кор бунёд созад.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан 
10-уми апрел сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан идома ёфт. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, аз коргоҳи дуредгарию кандакорӣ боздид карданд.
ҶДММ “Шамси ориён”, ки дар деҳоти Зарҳалол ҷойгир аст, моҳи марти соли 2023 ба фаъолият оғоз намуд. Муассисонаш Солӣ Азизов ва Собир Азизов мебошанд.
Дар Ҷамъият барои аҳолӣ, мақомоти давлатию идорӣ ва дигар муассисаҳои хоҷагидорӣ маҳсули кори ҳунармандон, аз қабили дуредгарӣ, кандакорӣ, сохтани дару тиреза, кат ва ҳама гуна коркарди чӯбу тахта пешниҳод мешавад.
Масоҳати коргоҳ 1950 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳ дастгоҳҳои автоматии фрезерӣ, нуқтаҳои рангубор, буриши чӯбу тахта ва кандакорӣ мавҷуд аст. Айни ҳол 200 нафар дар коргоҳи кандакории Солӣ Азизов фаъолият дорад. Мутахассисон дар ин ҷо ба ҳайси шогирд қабул ва баъд аз омӯзондан соҳиби ҳунари волои кандакории замонавӣ шуданд. Айни ҳол дар заминаи коргоҳ ба 20 нафар ҷавон ва 10 нафар бонувон касби ҳунармандӣ омӯзонда мешавад.
Ашёи хом дар коргоҳ аз Малайзия, Чин, Италия, Русия, Эрон, Олмон ва Туркия дастрас мешавад. Барои сохтану омода намудани сутунҳо, айвонҳо, чӯбдеворҳо ва дастранҷи дигари устоҳои коргоҳи мазкур аз дарахтони шумтол, булут, олаш, ҷалғӯза, зерфун, заранд ва чормағз истифода мебаранд. Баъзе намуди дарахтон, аз ҷумла чормағз, аз манотиқи гуногуни кишвар дастрас мешаванд.
Маҳсули кори устоҳои ҶДММ “Шамси ориён”, дар мисоли айвонҳову сутунҳои бо санъати баланд кандакоришуда, писанди сокинону меҳмонон ва сайёҳон гардидааст. Аз ҷумла, ҳангоми баргузории чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, сарварони як қатор давлатҳои дунё ба зебоиву шаҳомати санъати миллии кандакории тоҷик ва заҳмату ҳунари корҳои анҷомдодаи усто Солӣ Азизов баҳои баланд доданд. Ҷараёни сохтану коркарди сутунҳо, чӯбдеворҳо, қоби тиреза, дарвозаҳои хурду бузург ва дигар маҳсулоти омодашуда бо диди нозук ва ҳисси баланди зебоипарастии тасвирӣ омода шуда, рӯи тахтаҳо ҳаккокӣ мешавад.    
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шамси Ориён” суҳбати самимӣ анҷом дода, ба кори устоҳои коргоҳ баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки санъати кандакорӣ аз ҳунарҳои қадима ва зебои миллати тоҷик аст ва барои зинда нигоҳ доштан онро бояд тариқи омӯзондани шогирдон ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Бунёди коргоҳи мазкур ва фаъолияти босамари он натиҷаи фазои орому осудаи Меҳан ва имтиёзҳои соҳавӣ буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва, дар ин замина, ташкили ҷойҳои нави кор ба амал омадааст.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибмаълумоту соҳибкасб гаштани аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, зиёд буда, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат барои татбиқи ин ҳадафҳо самарабахш аст.
Аз ҷумла, тайи даҳ соли охир қабули якчанд барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва эълон доштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) аз ҷумлаи чунин тадбирҳоянд. 
 Бо талошу ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстиву тиҷоратӣ ва транзитӣ бо кишварҳои хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Ин аст, ки имрӯз барои хариду дастрасии таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла дастгоҳҳои корхонаҳои истеҳсолӣ, аз давлатҳои хориҷ имконот фарох буда, муассисони коргоҳу корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати харид ва расондану мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳову таҷҳизоти гуногун тадбирҳои муассир амалӣ менамоянд.
Ҷараёни кори устоҳои кандакор дониш, маҳорат ва завқи баландро тақозо мекунад: аз ҷумла раванди сохтани дарвозаҳои калонҳаҷм ва ё тахтадеворҳо солҳоро дар бар мегирад.
Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 бештар аз 270 ҳазорро ташкил намуда, даромаднокӣ нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023 ду маротиб афзудааст. Корхона дар як сол беш аз 1 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меорад.

Ба истифода додани бинои иловагии маркази саломатии № 1
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшанро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва иншооти ёрирасон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои навбунёд фароҳамгардида шинос шуда, таъкид сохтанд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, минбаъд дар самти дастрасии аҳолӣ ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолияташонро беҳтару хубтар ба роҳ монанд.    
Дар ошёнаи якуми бинои иловагии маркази саломатӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои хатна, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо, узвҳои дарунӣ ва шуъбаи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои сабти барқии дил, табибони асабшинос, тарбодшинос, ғадудшинос, гӯшу гӯлу ва бинӣ, чашм ва саратоншинос, дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст ва дар таҳхона бошад, шуъбаи физиотерапевтӣ – барқароркунии саломатӣ бо ҳуҷраҳои маҳси бадан, сӯзандармонӣ, табобати барқӣ ва толори варзиш ҷойгиранд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои бино бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз буда, бо истифода аз онҳо табибону мутахассисони соҳа фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд.
Ҳоло дар маркази саломатии №1 120 корманд, аз ҷумла 14 табиби оилавӣ, 21 ҳамшираи тибби оилавӣ, 20 ҳамшираи тиб ва 27 мутахассиси соҳавӣ фаъолият намуда, дар минтақаи фарогир ба 32 ҳазор аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки бинои асосии маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан ҳанӯз солҳои 1970 сохта шуда буд.
Бо назардошти афзудани шумораи аҳолӣ ва норасоии ҳуҷраҳои кории табибони оилавӣ ва соҳавӣ, зарурати бунёди бинои иловагӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 2019 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур оғоз ёфта, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо риояи талаботи замони муосир ба анҷом расид.
 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як  бинои замонавии соҳаи тандурустиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба сокинони заҳматпешаи шаҳри бостонии Истаравшан арзёбӣ намуда, масъулонро муваззаф карданд, ки дар фаъолияти касбӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири хизматрасонии тиббию санитарӣ  ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал гузоранд.   
Муассисаи давлатии “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ”-и шаҳри Истаравшан дорои ду маркази саломатии шаҳрӣ ва 19 маркази саломатии деҳот бо 28 бунгоҳи тиббӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ мебошад, ки дар он ба 299 ҳазору 400 нафар хизматрасониҳои тиббӣ мерасонанд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон 
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. 
Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши падар ё модар маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим шуд.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушҳолӣ барои ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории самимӣ баён намуданд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, хусусан аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва кор бо техникаю технологияи муосир ҳидоят намуда, таъкид сохтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.
Дар партави дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳаргиз танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Пешвои раиятпарвари миллат таҳсил намуда, барои соҳибкасб шудан ва бунёди зиндагии ободу осуда талош меварзанд. 

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив