ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЯН БОРГ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЯН БОРГ

01 июл 2024, Душанбе
3
0
26-уми июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Боргро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Малта баррасӣ шуданд.
– Мо аз рӯзҳои нахустини роҳандозии муносибатҳо бо Созмон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карда будем, – таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 
Ҷонибҳо, инчунин, маҷмуи масоили мубрами минтақавӣ ва глобалӣ, тавсеаи муносибатҳои низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву муҳитизистӣ дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро баррасӣ намуданд.
Ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим: гармшавии бесобиқа, обхезӣ, хушксолиҳои пай дар пай, сӯхтор ва амсоли инҳо ҳамкории зичу фаъоли кишварҳои иштирокдори Созмон зарур шумурда шуд.
Дар идомаи суҳбат мусоҳибон доир ба ҳалли мушкилоти амниятӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва пешгирӣ аз суиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ ва ифротгароию зӯроварӣ андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар мавриди робитаҳои дуҷониба, аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ шуд.
Роҳҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Малта дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҳам аз мавзуъҳои суҳбат буданд.
Санаи нашр: 01.07.2024 №: 123
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив