ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНЕЛЛА БАССАНИ ВА ХЕЛА ШЕЙХРОУХУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АНТОНЕЛЛА БАССАНИ ВА ХЕЛА ШЕЙХРОУХУ

02 июл 2024, Сешанбе
1
0
 
1-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ хонум Антонелла Бассани ва ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, баррасӣ шуд.
– Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро яке аз  шарикони асосии худ медонад,–иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Таъкид гардид, ки давоми сӣ соли ҳамкории пурсамар портфели маблағгузории Бонк аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, дар маҷмуъ, беш аз 190 лоиҳаро ба маблағи зиёда аз 3,2 миллиард доллари ИМА дар бар мегирад.
Ҷонибҳо таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва хавфҳои афзоишёбанда ба робитаҳои тиҷоратӣ дар бозорҳои ҷаҳониро муҳокима намуданд. Дар зимн, тобовар намудани иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама бо роҳи ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот, тақозои замон номида шуд.
Ҳангоми суҳбат, ҳамчунин, масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторию коммуникатсионӣ, таъсиси ҷойҳои кори нав ва коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид. Пешбурди иқтисоди сабз, истеҳсоли “неруи сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” аз мавзуъҳои дигар ва муҳими вохӯрӣ буд.
Дар идомаи суҳбат Президенти кишвар, бо истифода аз ҳузури хонум Шейхроуху, алоқамандии Тоҷикистонро ба истифодаи фаъоли имкониятҳои ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ иброз намуданд.
Густариши муносибатҳо бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҷиҳати инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву бахшҳои воқеии итисодиёт, соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ зарур шумурда шуд.
Зимни вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша сурат гирифт.
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив