ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ТАРАБХОНАИ “БАҲОР-ФОРЕЛ”

ТАРАБХОНАИ “БАҲОР-ФОРЕЛ”

17 июл 2024, Чоршанбе
2
0

 

16-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи “Баҳор-Форел”-ро мавриди баҳрабардорӣқарор доданд.


Иншооти муосири хизматрасониву сайёҳӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ “Баҳор” Саймуҳриддин Сайфов бунёд ёфт.


Ёдовар мешавем, ки 10-уми ноябри соли 2022 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Баҳор” дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дастур дода буданд, ки бо истифода аз ин имкон дар пойтахти кишвар нуқтаҳои фурӯши гулмоҳӣ ва хӯрокҳои аз он омодашударо таъсис диҳанд.


Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави хизматрасониву сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ бо риояи санъати хоси меъмории милливу муосир бо сифати баланд ба анҷом расид. Тарабхонаи “Баҳор-Форел” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад.


Масоҳати иншоот наздики як гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи кор муҳайё шуд.


Тарабхона имкон дорад, ки дар як вақт ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонад. Хӯрокҳо аз моҳӣ аз тарафи ошпазҳои моҳир омода мегарданд.


Дар тарабхона, ҳамчунин, дигар навъи хӯрокҳои милливу аврупоӣ бо таъму лаззати хос тайёр ва пешниҳоди мизоҷон мешаванд ва ба таъкиди масъулон, танҳо аз моҳӣ наздики 20 навъ хӯрок ва дар умум 100 навъ ғизо ва хӯришҳо омода хоҳад шуд.


Дар нуқтаи фурӯши тарабхона моҳии зинда, дудпаз, тухми моҳӣ, гӯшти парандаи истеҳсоли худӣ ва чорворо ба савдо гузоштаанд.


Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шӯхи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор гирад. Чуноне иттилоъ дода шуд, феълан иқтидори истеҳсолии ҶДММ "Баҳор" дар як сол 200 тонна гулмоҳӣ буда, дар ду соли оянда  тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ин нишондод то ба 1000 тонна хоҳад расид.


Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии фарҳанги баланди меҳмоннавозии тоҷикона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Атрофи иншоот бо услуби хос гулкориву сабзкорӣ шуда, дар саҳни он се фаввора бунёд ёфт. Ҳамчунин, барои воситаҳои нақлиёти мизоҷон бо 140 ҷой таваққуфгоҳ мавҷуд мебошад. Шабона рӯшноии тарабхона ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хос мебахшад.


Роҳбарияти ҶДММ “Баҳор” нақша дорад, ки дар фазои озоди фаъолияти соҳибкорӣ боз дуто чунин тарабхонаи замонавиро дар шаҳри Душанбе ба истифода диҳад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарият ва кормандони ҶДММ “Баҳор”-ро дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор намуна арзёбӣ карда, ба масъулони дахлдор барои дастгирии ҳамаҷониба аз ин гуна ташаббусҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


 

Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив