ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОЯТУЛЛОҲ САЙИД АЛӢ ХОМАНАЙӢ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОЯТУЛЛОҲ САЙИД АЛӢ ХОМАНАЙӢ

01 август 2024, Панҷшанбе
26
0
 
30-юми июл дар доираи чорабиниҳои марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ доир ба таҳкиму густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Президенти Эронро ба Раҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод.
Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд таъкид доштанд.
Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳар ду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад ёфт.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.
 
Санаи нашр: 31.07.2024 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив