ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ  ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

БАРҚИЯИ  ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

12 август 2024, Душанбе
10
0
12-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия муҳтарам Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари суқути  ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар робита ба ин фоҷиаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Бразилия таъзияву таслияти амиқи инҷонибро иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед».
 
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив