ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

26 апрел 2023, Чоршанбе
44
0

 

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ БОХТАР – ЛЕВАКАНТ ВА ЛЕВАКАНТ – ЛОЛАЗОР
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазори роҳи байналмилалии Бохтар – Левакант – Данғара – Кӯлоб оғоз бахшиданд.
Бунёду навсозии қитъаи мазкур аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи якум қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант мебошад, ки дарозии он 9,72 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 22,81 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Баъд аз навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 1-Б техникӣ баробар мешавад. Бунёду навсозии марҳилаи дуюми қитъа, қитъаи роҳи мошингарди Левакант – Лолазор аст, ки бо дарозии 30,28 километр ва бо харҷи зиёда аз 19,62 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Пас аз навсозӣ ин роҳ ба категорияи 3 техникӣ мутобиқ карда мешавад. Бунёду навсозии 3 қитъаи роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор бо маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд бунёд шуда, 2 қитъаи он аз тарафи ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.
Марҳилаи сеюм бошад, бунёду навсозии қитъаи роҳи Лолазор – Данғара мебошад, ки дарозии он 28,7 километрро ташкил медиҳад ва бо харҷи 18,96 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Бо таҷдиду навсозӣ роҳи мазкур ба категорияи 3 техникӣ баробар мешавад.
Зимни муаррифии Лоиҳаи бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин масири роҳ азнавсозии 4 пул низ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора як пули мошингузар дар марҳилаи дуюм, ки қитъаи Левакант – Лолазор мебошад, пурра навсозӣ мегардад. Ҳамзамон, дар марҳилаи дуюми татбиқи Лоиҳаи мазкур 28 лӯлаи обгузар, се истгоҳи нақлиёт, насби сутунпояҳо барои чароғонкунӣ ба масофаи зиёда аз 66 километр ва гузоштани аломатҳои роҳ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи амалишавии навсозии роҳи автомобилгардиди қитъаи Бохтар – Левакант сохтмони 2 гузаргоҳи рӯизаминӣ, 5 такядевор бо дарозии умумии 554 метр, 5 лӯлаи обгузар, 25 истгоҳи нақлиёт, васлу насби новаҳои оҳану бетонӣ бо дарозии умумии 14,74 километр, чароғонкунонии беруна ба масофаи 20,50 километр, инчунин, насби аломатҳои роҳ ва бунёди дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани Лоиҳаи бунёду азнавсозии роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор барои таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин, сарфа кардани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молу маҳсулоти гуногун дар ҳама фасли сол ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи Лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буда, паймонкори асосӣ Ширкати чинии “Нанҷинг Комюникейшн Инҷинияринг Лтд Ко” мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо Лоиҳаи бунёду навсозии роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор ба масъулон дастур доданд, ки роҳи мазкур дар асоси стандартҳои байналмилалӣ навсозӣ карда шавад, то ки солҳои тулонӣ ба мардум хизмат намояд. Ҳоло корҳои бунёду навсозӣ дар қитъаи алоҳидаи роҳ, аз ҷумла роҳи автомобилгарди Бохтар – Левакант оғоз гардида, тибқи нақша бомаром ҷараён дорад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар амалишавии Лоиҳаи мазкур 130 нафар коргарону мутахассисон, аз ҷумла 20 коргари хориҷӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз техника ва механизми муосири роҳсозӣ корро пеш мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки таҷдиди роҳи автомобилгарди мазкур бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Дар оянда метавонад, ҳамарӯза тавассути ин роҳ молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода шавад.
Аз ин рӯ, бунёду навсозии роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудааст. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Чун ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии “Барқарорсозӣ ва беҳтаркунии роҳи автомобилгарди Бохтар – Данғара”, қитъаҳои Бохтар – Левакант ва Левакант – Лолазор ба ҳисоб меравад, бо навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот таъмин хоҳад шуд. Ҳар як иқдоми созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёду навсозии роҳ қадамҳои устувор барои ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар  асоси  ҳамин  лоиҳа таҷдиди роҳи байналмилалии Душанбе – Бохтар – Левакант – Данғара – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма амалӣ мегардад. Баъди шиносоӣ бо рафти корҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози татбиқи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи Данғара – Гулистон – Кӯлоб ва Данғара Гулистон – Фархор супориш доданд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИИ ҶДММ “ВИТАМИНҲОИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
25 апрел дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Витаминҳои Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Гармхонаи мазкурро ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон” дар масоҳати 10 гектар бунёд намудааст. Дар як гармхонаи он бодиринг шинонда шудааст ва ҳоло ниҳолҳои он пурборанд. Зимни боздид иттилоъ доданд, ки дар бештар аз 1 гектар замини дохили гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли бодиринг бо дарназардошти талаботи аграрӣ шинонда шудааст, ки ҳар бехи он аз 3 то 4 килограмм маҳсулот дорад.
Дар умум, аз як гектари гармхонаи мазкур тибқи дурнамо дар як давра бояд то 100 тонна ин навъи маҳсулот ба даст оварда шавад. Дар маҷмуъ, дар ҳолати истифодаи пурраи гармхонаи мазкур то ба 1000 тонна намудҳои гуногуни маҳсулоти аълосифат ба даст овардан мумкин аст, ки ин нишондод барои таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар тамоми фасли сол саҳми назаррас хоҳад гузошт. Тибқи нақша дар ин гармхона, ҳамчунин, парваришу истеҳсоли помидори навъи “Замира” ва қулфинай дар назар аст.
Айни ҳол дар ин қитъа бодиринги намуди “Орзу Ф1”, ки аз Олмон ворид гардидаву ба иқлими Тоҷикистон ва ҳар навъи бемориҳо тобовар аст, парвариш мешавад. Дар нақша аст, ки дар як сол то 3 ҳосил аз гармхонаи ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон ба даст оварда шавад.
Таъкид гардид, ки дар навбати аввал маҳсулоти гармхона барои қонеъсозии талаботи дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад ва минбаъд бо афзудани истеҳсолот он ба кишварҳои чун Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон содирот хоҳад шуд.
Гармхонаи инноватсионӣ дар асоси технологияи муосир, ки аз Ҷумҳурии Корея  ворид гардидааст, бунёд ёфта, тамоми марҳилаҳои парвариши маҳсулот ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, назорати рӯшноӣ ва ивази ҳавои дохилӣ ба таври худкор амалӣ гашта, ҳамчунин, гармии дохили иншооти бахши  кишоварзӣ бо истифода аз оби гарм бо усули радиаторӣ таъмин мегардад. Шодобгардонии маҳсулот бо шакли қатрагӣ анҷом ёфта, ҳамчунин, таъмини нуриҳои менералиро низ, тариқи об компютер назорату танзим менамояд.
Бо ба назаргирифтани талаботи зиёд ба маҳсулоти тару тоза ва тариқи табиӣ парваришёфта, истеҳсолот бо усули органикӣ дар гармхонаи инноватсионӣ роҳандозӣ шудааст ва дар муддати аз 40 то 45 рӯз бодирингу помидор ва дигар намуди маҳсулот пухтаву барои ҷамъоварӣ омода мешавад.
Дар ҳар гектар қитъаи гармхонаи мазкур то 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардида, дар маҷмуъ, дар ин  иншоот то 100 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд. Ҳамчунин, 100 нафари дигар барои ҷамъоварии ҳосил ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегардад. Инчунин, барои қабули муштариён дар назди гармхона шароити зарурӣ, ҳамсони ҳуҷраҳои кориву машваратӣ ташкил гардидааст. Гармхонаи инноватсионӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бунёд шудааст.
Дар назди иншооти мазкур, ҳамчунин, намоиши дигар молу маҳсулоти ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон”, ки дар гӯшаҳои гуногуни кишвар истеҳсол мегарданд, барпо карда шуд.
Таъкид гардид, ки Ширкат айни замон дар ноҳияи Ашт дар масоҳати 94 гектар боғ, истеҳсоли зардолу, ангур, олуча, бодом ва хучро  ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, соҳибкор дар масоҳати 6 гектар дар ноҳияи Спитамен боғи суперинтенсивӣ ва гармхонаи инноватсиониро ба истифода додааст, ки он фаъолияти босамар дорад. Дар ноҳия Панҷ ва Ҷайҳун бошад, аз ҷониби Ҷамъият дар масоҳати 65 гектар боғи бодом ва писта бунёд ёфта, маҳсулоти он ба аҳолӣ пешниҳод мегардад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими  таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои  густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаи инноватсионӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

ИФТИТОҲИ ҶСК “АЗОТ” ПАС АЗ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
25 апрел дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ташриф оварда, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар мамлакатро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи “Азот” дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини  талаботи хоҷагидорону кишоварзони мамлакат бо нуриҳои минералӣ,  баланд бардоштани ҳосилнокии зироат, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ гашта, бо навтарин технологияи ширкатҳои пешрафтаи давлатҳои ҷаҳон муҷаҳҳаз шудааст.
 Таъкид кардан ба маврид аст, ки дубора фаъол сохтани ин иқтидори бузурги саноатии мамлакат зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қарор дошт ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир ҷиҳати таъмини бештари амнияти ғизоии мамлакат ва ба кор андохтани ин зарфияти азими истеҳсолӣ масъулонро вазифадор мекарданд.
Бо фаъол гардидани Корхонаи мазкур зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди мамлакат, хосса ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд.
Масоҳати умумии иншооти бузурги саноатӣ  94,4 гектарро дар бар гирифта, он дорои биноҳои маъмурию муҳандисӣ, бахши мониторинги истеҳсолӣ, ки ба таври автоматӣ раванди истеҳсолотро назорат ва идора менамояд, коргоҳҳои аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ, асбобҳои ченкунӣ ва автоматика, таъмири дастгоҳҳои механикию барқӣ, хоҷагидорӣ, нақлиёт, анбор, озмоишгоҳи марказӣ, дастаи ҳарбии наҷотдиҳандаи газӣ, шуъбаҳои системаҳои автоматикунонӣ ва назорати механикӣ мебошад. Коргоҳҳои истеҳсолии корхона дар масоҳати 54,4 гектар ҷойгир шудаанд.
Дар ҶСК “Азот”, асосан, истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 90 ҳазор тонна нурии минералиро ташкил медиҳад. 
 Зимни шиносоии Роҳбари давлат бо ҷараёни фаъолияти корхонаи муосири саноатӣ иттилоъ доданд, ки дар сурати пурра ба кор андохтани хатҳои технологӣ имкон аст, ки солона 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол карда шавад.
Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин, оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад.
Тамоми маводи истеҳсолии корхона қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи муосири муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарин мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар озмоишгоҳ, асосан, занону духтарон ба кор ҷалб гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) мебошад, ки он соли 1967 таъсис ёфтааст ва бо сабаби фаъолият надоштани он барои солҳои зиёд хоҷагидорони  мамлакат нуриҳои минералиро  пурра аз кишваҳои хориҷ бо нархҳои гарон ворид мекунанд, ки ин раванд барои таъмини саривақтии соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои зарурӣ мушкил пеш оварда, ба рушди муназзами соҳа таъсир мегузорад.
Акнун ифтитоҳи ин корхонаи азими азотӣ пас аз навсозӣ  бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълони Солҳои рушди саноат,  (солҳои 2022 – 2026) дар мамлакат имкон медиҳад, ки воридоти нуриҳои минералӣ аз кишварҳои хориҷ коҳиш дода шавад ва, ҳамзамон, оянда содирот ба давлатҳои ҳамсоя роҳандозӣ гардад.
Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншоотро мутахассисону муҳандисони ҶДММ “Осиё Кемикал” дар муҳлати муайянгардида ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонда,  арзиши лоиҳавии он  беш аз 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи татбиқи Лоиҳа коргоҳҳои буғу обтаъминкунӣ, аммиак ва карбамид пурра бо низоми автоматикунонии  системаҳои идоракунии раванди технологӣ бо истифода аз технологияи насли  нави Ширкати маъруфи ҷопонии “YOKOGAVA Electric Corporation” навсозӣ гардида, дар таҷҳизоти системаҳои идоракунӣ   “Centum VP” ва    “ProSafe RS”   истифода шудааст. Асбобҳои назоратию ченкунӣ ва системаҳои муҳофизат аз ҳолатҳои садамавӣ низ дар коргоҳҳои истеҳсолӣ бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла “Siemens”, “SAMSON”, “Emerson”, “Metran” ва “ABB” пурра иваз  гардидаанд.
Таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазсозии  корхонаи бузурги кимиёвӣ  дар шаҳри Левакант бо дастгоҳу технологияҳои насли нави кишварҳои рушдкардаи дунё, аз ҷумла Ҷопон, Франсия, Россия, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Сингапур, Малайзия, Италия, Ирландия, Эрон, Ҳиндустон, Беларус, Украина, Туркия, Полша, Қатар ва Чин дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, иқдоми муҳим дар роҳи боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ арзёбӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маркази идоракунӣ раванди истеҳсолот, захиракунии маҳсулоти тайёр дар анборҳо ва дигар иншооти ҳудуди корхонаро назорат намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавони ба кор ҷалбгардида бо мақсади таҳкими раванди пешбурди корҳои истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва кори таҷҳизоту технологияҳои муосири васлу насбшуда таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва тарбияи мутахассисони ҷавону варзида барои идомаи кор ҷалб намуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро барои тақвияти тадбирҳои таъхирнопазир дар ин самт вазифадор карданд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи навсозии Корхонаи “Азот”, ҳамчунин, дар коргоҳҳои буғу обтаъминкунӣ, истеҳсоли аммиаку карбамид ва таъминоти барқӣ навтарин дастгоҳу технологияи ширкатҳои бонуфузи давлатҳои хориҷ васлу насб шуда, таъмини онҳо бо системаи идоракунии автоматӣ кори мутахассисону муҳандисонро бамаротиб осон мегардонад. Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ аз 6 иншооти хунуккунии ҳудуди корхона 3 адади он аз рӯи лоиҳаи Ширкати русии “Вентеко” навсозӣ гардидааст. Қобили таъкид аст, ки талаботи солона ба нуриҳои минералӣ дар мамлакат наздики 550 ҳазор тоннаро дар бар мегирад ва ба иттилои масъулон, дар солҳои 2020 – 2022 ба кишвар дар ҳаҷми 602 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид карда шудааст. Ин нишондод дар 3 моҳи соли равон зиёда аз 23 ҳазор тонна дар ҳаҷми 10,6 миллион доллари амрикоӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сармоягузорони ватанӣ барои фаъолсозии дубораи ин корхонаи азими саноатӣ бо истифода аз муосиртарин хатҳои технологии кишварҳои тараққикардаи дунё, таъсиси ҷойҳои  нави  корӣ барои шаҳрвандони мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ба масъулони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ барои дастгирии ингуна иқдомҳои созанда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошташудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МОЛИЯИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
25 апрел дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави хуштарҳу замонавии раёсати молияро ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он ҳамаи шароити корӣ ҷиҳати фаъолияти босамари кормандони соҳаи  молияи шаҳри Левакант муҳайё сохта шудааст. Бинои раёсати молия дуошёна буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Иншооти нав бо тарҳи муосир дар масоҳати 0,09 садяк замин бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 285,8 метри мураббаъ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, тадбирҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд сомон додааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот наздик ба 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корӣ дар бинои нави раёсати молияи шаҳри Левакант Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф сохтанд.
Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ баён карда, қавл доданд, ки ҷиҳати ташаккули низоми молиявии мамлакат талоши худро равона месозанд.

БИНОИ ШУЪБАИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакантро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони иншоот дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сурат гирифта, бунёди он бо сифати баланд анҷом ёфтааст. Бинои мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидаанд.
Аснои шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ҷиҳати анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд. Дар ҳамин рӯз, инчунин, ба чанд нафар корманди шуъбаи шаҳрии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим гардид, ки ин иқдоми Роҳбари давлат боиси ҳушҳолии онҳо шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баистифодадиҳии иншооти нав,  ҳамчунин, ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим карданд.
Ҳамин тариқ, бо амалӣ намудани ташаббуси навбатии созандагӣ, яъне ба истифода додани шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ГИДРОАГРЕГАТИ РАҚАМИ 1-И НБО “САРБАНД” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, гидроагрегати рақами 1-и ин иншооти муҳими энергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.
Гидроагрегати рақами 1-и Неругоҳ баъд аз таҷдиду навсозӣ бо тавоноии 39 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. НБО “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунандаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони НБО “Сарбанд” дар заминаи Неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тулонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии Неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд. Дар Неругоҳи мазкур давоми 60 сол ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои навсозӣ анҷом дода нашуда буданд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод. Бо дарназардошти ин, соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба амалӣ намудани Лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд”» Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонда шуд. Мақсад аз татбиқи Лоиҳаи мазкур баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзаму босамари Неругоҳ ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ мебошад.
Дар асоси Созишнома, Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи  якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқамандбуда, марҳилаи дуюми он таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад.
 Татбиқи марҳилаи якуми Лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори 240МВт”-ро Ширкати паймонкор – “Синохайдро”-и  Ҷумҳурии Мардумии Чин ба уҳда дошта, дар марҳилаи аввал ба анҷом расондани корҳои таҷдиду навсозии гидроагрегатҳои №№ 1, 2, 3, 5, 6, дарғотҳои обпарто, системаи ҳавои фишоршудаи Неругоҳ, дастгоҳҳои оташнишонӣ, васли автотрансформаторҳои АТ-2, АТ-3, бунёди бинои нави маркази идоракунии Неругоҳ, таъмири бинои толори мошинаҳо, барқарорсозии ҳамаи кранҳои борбардор, корҳои сохтмони бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ, дастгоҳи тақсимоти марказӣ, системаи равшаннамоии Неругоҳ, иваз намудани таҷҳизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, дигар дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасон ва мустаҳкамкунии соҳили рости канали пайвасткунанда пешбинӣ гардидааст. 
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти навтарини барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар самти таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат бо кормандону мутахассисон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи Лоиҳаи мазкурро боз як қадами устувору воқеӣ дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлоли комили энергетикии кишвар арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки акнун баъд аз таҷдиду навсозии пурра Неругоҳ солҳои дароз бо истеҳсоли қувваи барқи аз лиҳози экологӣ безарар дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳад кард.
Мувофиқи ЛОТ-1-и Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд”»  баъд аз таҷдиду навсозӣ гидроагрегати № 5 моҳи ноябри соли 2018 бо тавоноии 49МВт, гидроагрегати № 6 моҳи августи соли 2019 бо тавоноии 49МВт, гидроагрегати № 2 моҳи ноябри соли 2020 бо тавоноии 39МВт, гидроагрегати № 3 моҳи марти соли 2022 бо тавоноии 49МВт ва инак, гидроагрегати № 1 бо тавоноии 39МВт ба кор дароварда шуд. Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати №4-и Неругоҳ бо тавоноии 45 МВт ҳанӯз соли 2012 пурра навсозӣ гардида буд.  Тибқи ЛОТ-2-и Лоиҳа бошад, аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи тоҷик” ва Ширкати паймонкор - Консорсиуми “Генсер-ҶИ”-и Ҷумҳурии Туркия шартнома оид ба барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 ва 110-киловолта баста шуда, корҳо дар ин самт пурра иҷро гаштаанд.
Аз ҷумла, барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз қабили иваз кардани трансформаторҳои қудратӣ, шиддат, ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 35/6 киловолта, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди Неругоҳ ва биноҳои идоракунӣ дар доираи қисми дуюми Лоиҳа амалӣ карда шуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз сабаби куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии Неругоҳ то оғози Лоиҳа иқтидори миёнаи он 160 МВт-ро ташкил менамуд. Дар натиҷаи татбиқи ин Лоиҳа  иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 240 МВт ба 270 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ва истеҳсолу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд гардид.
Ба  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тавассути генераторҳои таҷдидшуда то 20-уми апрели соли 2023  ба миқдори 3 миллиарду 132 миллиону 724 ҳазору 560 кВт/соат қувваи барқ дар Неругоҳ истеҳсол шудааст.
Имрӯзҳо дар Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 162 корманд, аз ҷумла 25 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки ҳайати муҳандисиву техникӣ 75 нафарро ташкил медиҳад.  Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва истифодабарии боэътимоди Неругоҳ, дар канали пайвасткунанда корҳои соҳилбандӣ бомаром ҷараён дошта, аз сатҳи 455 то 460,5 метр корҳои оҳану бетонрезӣ дар ҳаҷми 1800м3 бо дарозии 90 метр ба нақша гирифта шудаанд. Ҳоло ҳаҷми иҷрои корҳо дар ин самт  50 дарсадро ташкил дода, корҳои бетонрезӣ дар ҳаҷми 1215 м3 ба анҷом расидаанд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ истифодаи оқилонаву босамари захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.
Ҳамаи ин ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва, ба ин восита, таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик ва шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидаанд.


Санаи нашр: 26.04.2023 №: 86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив