ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДЕНИС МАНТУРОВ

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДЕНИС МАНТУРОВ

28 апрел 2023, Ҷумъа
5
0

 
27 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Россия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили гуногуни шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, инчунин, робитаҳои кишварҳои мо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили муносибатҳои кишварҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, муҳокима карданд.
Ҳамкорӣ дар бахши саноати маъдантозакунӣ, металлургия, коркарди нафт, техникаи электронӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз самтҳои ояндадору судовари робитаҳо номида шуд.
Таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Россия зарур шумурда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, инчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив