ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

07 феврал 2023, Сешанбе
58
0
6 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат  бардоштани шумораи зиёди одамон, ҳамчунин хисороти азими моддӣ бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ҷанубу шарқии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба пайомадҳои фоҷиабори ин офати табиӣ, ҳамдардиву таслияти самимии ҷониби моро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони фавтидагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
 
6 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башор Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси  фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андуҳи беандозаи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои сангин ба Шумо, ҷаноби Президент ва тамоми мардуми дӯсти Сурия ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор намуда, ба пайвандону наздикони ҷонбохтагон сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
Санаи нашр: 07.02.2023 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив