ҶУМҲУРИЯТ » "ҶУМҲУРИЯТ" » «ДУОИ МОДАР»

«ДУОИ МОДАР»

01 август 2024, Панҷшанбе
35
0
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон –  рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ аз арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар ва бо ин роҳ, тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан таҳти унвони «ДУОИ МОДАР» озмун эълон менамояд.
Дар озмун шоирону адибон, журналистону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд. Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистӣ ва публитсистиву адабӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 ва шеърҳо то 30 байт қабул карда мешаванд. 
Озмун аз 1 августи соли 2024 оғоз ёфта, дар ду бахш ҷамъбаст мегардад.
1. Беҳтарин асари публитсистӣ дар васфи Модар (мақола, очерк, лавҳа)
2. Беҳтарин шеър дар васфи Модар
 
Ғолибон бо мукофотҳои таъсисдодаи муассисони озмун – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадр мешаванд.
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив