ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
47
0


Моддаи 1. Ба моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 июли соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2005, № 7, мод. 398; с. 2006, № 3, мод. 141; с. 2007, № 5, мод. 350, № 7, мод. 652; с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 981; с. 2009, № 5, мод. 314; с. 2011, № 3, мод. 150, № 6, мод. 428; с. 2012, № 8, мод. 810; с. 2013, № 7, мод. 497, мод. 498, № 12, мод. 876; с. 2014, № 3, мод. 139, № 12, мод. 820; с. 2016, № 3, мод. 125; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 267; с. 2019, № 6, мод. 308; с. 2020, № 12, мод. 897; с. 2021, № 1-2, мод. 2; с. 2022, № 12, қ. 1, мод. 756) қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Барои иҷрои уҳдадориҳои алоҳидаи мансабӣ, ки ихтисоси муайянро талаб мекунанд, бо назардошти талаботи дигари дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, мутахассисони дигар низ, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ намебошанд, ба кор қабул карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, №  1983

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2023, №  1068

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, №  405

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив