ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
186
0

Моддаи 1. Ба қисми 1) моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №  9, мод. 68, мод. 69, №  22, мод. 306; с. 1999, №  12, мод. 316; с. 2001, №  4, мод. 149, мод.167; с.2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с.2003, №  8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №  5, мод. 346, №  7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №  3, мод.126, №  7, мод. 399, №  12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод.3, № 6, мод. 444, мод. 447, №  10, мод. 803, №  12, қ. 1, мод. 986, №  12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №  3, мод. 80, №  7-8, мод. 501; с.2010, №  3, мод. 155, №  7, мод. 550; с. 2011, №  3, мод. 161, №  7-8, мод. 605; с. 2012, №  4, мод. 258, №  7, мод. 694; с. 2013, №  6, мод. 403, мод. 404, №  11, мод. 785, №  12, мод. 881; с. 2014, №  3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №  3, мод. 198, мод. 199, №  11, мод. 949, №  12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №  3, мод. 127, №  5, мод. 355, мод. 356, №  7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №  1-2, мод. 2, мод. 3, №  7-9, мод. 586; с. 2018, №  1, мод. 4, мод. 5, №  5, мод. 266, №  7-8, мод. 522; с. 2019, №  1, мод. 1, мод. 2, №  6, мод. 311; с. 2020, №  1, мод. 8, мод. 9, №  7-9, мод. 607, мод. 623, №  12, мод. 904; с. 2021, №  4, мод. 196, №  12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №  7, мод. 437, мод. 438, №  12, қ. 2, мод. 764, мод. 765), ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, №  1985


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, №  1131

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, №  407

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив