ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
117
0


Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №  12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №  5, мод. 321, №  9-10, мод. 543; с. 2010, №  1, мод. 2, мод. 5, №  3, мод. 153, №  7, мод. 547, №  12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №  6, мод. 430, мод. 431, №  7-8, мод. 610, №  12, мод. 838; с. 2012, №  4, мод. 256, №  7, мод. 685, мод. 693, №  8, мод. 814, №  12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №  3, мод. 181, №  7, мод. 508; с. 2014, №  3, мод. 143, мод. 144, №  7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №  3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №  3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №  5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, №  11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №  1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, №  7, мод. 464; с. 2020, №  1, мод. 6, №  7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №  12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №  6, мод. 384, мод. 385, мод. 12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №  1-3, мод. 12, №  7, мод. 443, №  12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №  4-6, мод. 155), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Моддаи 313 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 313. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ
Барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ,-
ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол таъйин карда мешавад.».
2. Дар қисми 1 моддаи 330:
- ба диспозитсия пас аз калимаи «ойинагӣ» калимаҳои «ва ё бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй» илова карда шаванд;
- дар санксия калимаҳои «яксаду бисту панҷ» ба калимаҳои «яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, №  1986

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 4 октябри соли 2023, №  1083

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, №  408

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив