ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

23 январ 2024, Сешанбе
20
0

 
19-уми январ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд.
Дар ҷаласа Сарвари давлат вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориро дар кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон,  ҳаматарафа баррасӣ намуданд.
Дар ин замина, ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи  нашъаовар ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои барои  ҷомеа хафнок зикр гардид.
Президенти мамлакат аз  камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ мисолҳои мушаххас оварданд.
Зикр гардид, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд. Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои  хусусиятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо, сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ, сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар аз вазифа озод карда шаванд. Инчунин, ба вазири мудофиа ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода шуд, ки нисбат ба командирони  қисмҳои низомие, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ чораҳои қатъӣ андешида, аз  натиҷааш ба таври хаттӣ  дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.
Президенти мамлакат  ба масъалаи аттестатсия – санҷиши хизматии кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, супориш доданд, ки воҳидҳои кории мақомоти мазкур 30 фоиз ихтисор шавад.
Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ  ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки дар муддати даҳ рӯз  масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Оид ба  ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласаи Шурои амният  баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Санаи нашр: 22.01.2024 №: 15
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив